logo

муҳоҷират

Муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ: чаро нақша иҷро намегардад?

Ҳар кишвари олам ҳангоми зарурат дар қаламрави худ аз минтақаҳои сернуфус ва камзаминаш, ки аҳолӣ шуғли доимӣ надорад, сокинонашро ба минтақаҳои серзамину сероб мекӯчонад. Ин вазифа дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бар зиммаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират вогузор гардидааст. Кормандони агентӣ фаъолияти худро бо назардошти Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 октябри соли 2009 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» ба роҳ мондаанд.

Мувофиқи нақша имсол бояд дар кишвар 1102 оила аз шаҳру ноҳияҳои худ ба дигар минтақаҳо кӯчонда  шавад. Аз ҷумла аз вилояти Хатлон 165 оила, вилояти Суғд 657, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 269 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 оила кӯчад. Барои амалӣ намудани ин кор аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ 2 миллиону 125 ҳазору 454 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
То 1 августи соли равон аз вилояти Суғд 539 оила, вилояти Хатлон 64 оила ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 155 оила, ҷамъулҷамъ дар ҷумҳурӣ 758 оилаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) кӯчонда шудаанд. Дар вилояти Суғд дар шаҳри Исфара 98 оила ва ноҳияи Ғончӣ 29 оила дар ҳудуди шаҳру навоҳии худ маскан гирифтанд. 200 оила аз ноҳияи Айнӣ, 142 аз Кӯҳистони Мастчоҳ ва 70 оила аз Ғончӣ ба мавзеи Даҳкади Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод кӯчонда шуд. Дар вилояти Хатлон 10 хонавода аз ноҳияи Вахш ба ноҳияи Шаҳритус, 35 оила аз ноҳияи Қубодиён ва 19 оила аз Ҷиликӯл ба ноҳияи Носири Хусрав кӯч баст.
Чор сол муқаддам бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 1000 оиларо ба мавзеъҳои Қизилюл, Тегирмон, Пахтабой ва «10-солагии истиқлолият»-и шаҳри Турсунзода кӯчонда буданд. То имрӯз аз 725 хонавода 627 оила манзили истиқоматӣ сохта, 153 нафар девор бардошта, 121 оила таҳкурсии хона партофтааст. 99 хонавода ба хонасозӣ оғоз накардааст.
 271 оила бо сабаби надоштани маблағ ва паст будани сатҳи зиндагиашон ба минтақаҳои қитъаи замин гирифтаи худ наомадааст. Сабаби дигари ба заминҳои тақсимшуда наомадани муҳоҷирони боқимонда дар мавзеъҳо мавҷуд набудани оби нӯшиданӣ, полезӣ, барқ, мактаб, мағоза ва роҳ аст.
-Аз ҷониби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои Тегирмон ва Қизилюл сохтмони мактабҳо ба итмом расида, хонандаҳо таҳсил доранд,- мегӯяд Нурулло Назаров, мудири шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.- Дар деҳаи Галаботур сохтмони мактаб идома дошта, дар деҳаи Пахтабой корҳои сохтмонӣ аз ҷониби КВД «Ширкати Алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) боздошта шудаанд. Алҳол яке аз масъалаҳои муҳим барои муҳоҷирон набудани ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда аст, ки боиси парокандагии оилаҳо мегардад.
Дар иртибот ба Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 28 июли соли 2009 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» солҳои 2010-2014  500 оила кӯчонда мешавад. Аз ин шумора имсол бояд 90 оила аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва 11 оила аз ноҳияи  Мурғоб ба мавзеи Лахш кӯч мебаст, аммо то имрӯз коре анҷом дода нашудааст. Аз байн як сол гузаштааст, вале минтақаи муайяншуда ба қабули муҳоҷирон омода нест. Вазоратҳои дахлдор мувофиқи бандҳои 2, 6,7 ва 8 Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифаҳои бар зимма гирифтаи худро бояд анҷом диҳанд, вале кореро анҷом надодаанд. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои амалӣ гардидани лоиҳа ба Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ 12 мактуби расмӣ ирсол намудааст, лекин ҷавобҳо қонеъкунанда нестанд. Вазорати тандурустӣ дар мактуби ҷавобии худ изҳор кардааст, ки сохтмони бунгоҳи тиббиро дар соли 2010 мавқуф гузоштаанд. Вазорати маориф иттилоъ додааст, ки лоиҳакашии мактаб соли равон оғоз мешавад. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  омода набудани акси топографии маҳалро далел оварда, то ҳол ба коре даст назадааст. Агар кор ба ин тарз идома ёбад, иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таъхир меафтад.
Самти дигари фаъолияти агентӣ муҳоҷирати экологӣ мебошад, яъне ба мавзеъҳои бехавф кӯчондани сокинони минтақаҳои хавфнок. Бо назардошти нақша имсол бояд аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41 хоҷагӣ, вилояти Суғд 109 хоҷагӣ, вилояти Хатлон 228 хоҷагӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 224 хоҷагӣ, ҷамъ дар ҷумҳурӣ 600 хоҷагӣ аз манотиқи хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кӯчонда шавад. То моҳи августи соли ҷорӣ аз минтақаҳои хавфнок 95 хоҷагӣ, аз ҷумла Хатлон 47 ва вилояти Суғд 48 хоҷагӣ кӯчонда шудааст. Кӯчондан дар ҳудуди ноҳияҳо сурат гирифтааст. Ба ин муҳоҷирон тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи додани қарзи имтиёзнок ва расондани кӯмаки якдафъаина ба хоҷагиҳои аз минтақаҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчондашаванда, ки дар давраи солҳои 2005-2010 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор мегиранд», ба ҳар оила 3 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок, 100 сомонӣ ба сардори оила ва 50 сомонӣ ба ҳар узви оила ҷудо мешавад. Мӯҳлати бозгардони ин қарз панҷ сол аст. Муҳоҷирон баъд аз се сол панҷоҳ дар сади онро бояд баргардонанд. Айни ҳол корҳо дар самти кӯчондани аҳолӣ аз мавзеъҳои шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, ки бо бунёди НБО-и Роғун зери об мемонанд, идома доранд. Мувофиқи нақша аз соли 2009 то соли 2015 бояд 3 ҳазору 139 хоҷагӣ кӯчонда шавад. Оилаҳо ба ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода кӯчонда шуда, як гурӯҳи онҳо дар ҳудуди ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун ҷойгир карда мешавад.
Соли 2010 бояд 907 хоҷагӣ аз минтақаи зериобмонии ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун кӯчонда шавад. Аз моҳи майи соли 2009 то моҳи августи соли ҷорӣ 1038 оилаи муҳоҷирони экологӣ аз маҳалҳои зериобмонӣ ба дигар минтақаҳои нави зист кӯчонда шуд. Аз ҷумла аз шаҳри Роғун ба шаҳри Турсунзода 175 оила, аз ноҳияи Нуробод ба шаҳри Турсунзода 180 оила, ба ноҳияи Данғара 187 оила, ноҳияи Рӯдакӣ 231 оила кӯч баст ва 265 оила дар ҳудуди ноҳияи Нуробод ҷой иваз кард.
Ҳоло 187 сардори оилаи ба ноҳияи Данғара кӯчида 0,8 га замин гирифтааст. 40 оила, ки 195 нафаранд, аллакай соҳиби хонаву дари обод аст. 97 манзил пурра омодаи зиндагист ва сохтмони 50 хона давом дорад. ҶСК НБО-и Роғун роҳҳоро сангфарш кардааст. Муҳоҷирон бо оби нӯшиданиву барқ таъминанд. Инчунин ба онҳо аз 40 то 60 дар сад арзиши хонаҳояшон давра ба давра пардохт шудааст. Дар ноҳияи Нуробод ба 265 оилаи муҳоҷир замин ҷудо шудааст. Маблағи се ҳазору сесад сомонии қарзу ёрипулиро гирифтаанд. Сохтмони 84 хона анҷом ёфта, боқимондааш идома дорад. Ба 180 оила аз ноҳияи Нуробод ва 175 оилаи аз шаҳри Роғун ба шаҳри Турсунзода кӯчонда ҳам замин дода, маблағҳои қарзи имтиёзнок ва ёрипулӣ пардохт гардидааст. Бист манзил пурра сохта шудааст ва бунёди хонаҳои дигар давом дорад. Дар мавзеи Теппаи Самарқанд ва Моинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳоҷирон 0,10 ҳиссаи замин ҷудо шуда, онҳо соҳиби қарзи имтиёзноку ёрии яккарата гардидаанд. Дар ин ҷо муҳоҷирон бо оби нӯшиданӣ, роҳҳои дохили хоҷагӣ, барқ таъминанд. Хонаҳои истиқоматии онҳо аз ҷониби Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз 90 то 160 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ гардида, маблағи онҳоро Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО-и Роғун давра ба давра пардохта истодааст. Айни ҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ як мактаб ва бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта шудааст. Дар ноҳияи Нуробод ба муҳоҷирон мактаб барои 500 талаба, бунгоҳи тиббӣ, масҷид мавриди истифода қарор доранд. Дар шаҳри Турсунзода барои мактаб ва бунгоҳи тиббӣ замини иловагӣ ҷудо шуда, сохтмон оғоз гардидааст. Дар ноҳияи Данғара сохтмони мактаб ва бунгоҳи тиббӣ дар соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияи Нуробод аз минтақаҳое, ки зери об мемонанд, аз ҷумла қабристонҳо ҳам бояд кӯчонда шаванд. Ин корро ҳам ҶСК НБО-и Роғун анҷом медиҳад. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қабристонҳоро ба дигар ҷой кӯчонда истодаанд.
То охири сол мувофиқи нақша бояд 907 хоҷагӣ ҷои зисти худро дигар кунад. То имрӯз 497 хоҷагӣ кӯчонда шудааст. Бештар кӯч бастани оилаҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои онҳоро интиқолдиҳанда ва қабулкунанда вобаста аст. Агар онҳо сари вақт заминро ҷудо кунанду маблағи арзиши хонаҳои истиқоматӣ пардохт шавад, шумораи кӯчандаҳо зиёд мегардад. Алҳол маблағгузории арзиши хонаҳо суст шудааст.
Мо барои бо вазъияти муҳоҷирон ошно шудан, чанд бор ба ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун сафари хидматӣ доштем, -мегӯяд Ҷамшед Ашӯров, мудири шӯъбаи муҳоҷирати экологии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҷумҳурӣ. -Дар ҳар ноҳия бо шӯъбаҳои агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ҳамкорӣ дорем. Ҳангоми кӯчондани муҳоҷирон дар ҳама ноҳияҳо иштирок менамоем. Пас аз ҷо ба ҷо шудани онҳо дар мавзеъҳои худ дар якҷоягӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шӯъбаҳои агентӣ ва ҶСК НБО-и Роғун санад тартиб дода мешавад.
Баъзан ҳангоми ҷо ба ҷо шудан муҳоҷирони ин ё он минтақа хоҳишҳои дигар ҳам мекунанд. Масалан, дар ноҳияи Данғара муҳоҷирон барои сохтани масҷид замини иловагӣ талаб карда буданд. Талабашон қонеъ гардида, сохтмони масҷид идома дорад. Дар шаҳри Турсунзода хоҳиш карданд, ки ба баъзе оилаҳои якчанд фарзанди оиладор дошта, замини иловагӣ ҷудо шавад. Оид ба ин масъала мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор қабул кардааст, ки ин мушкилот низ ҳалли худро меёбад. Шикоят он аст, ки маблағи хонаҳо аз тарафи ҶСК НБО-и Роғун пурра пардохт нашудааст. То имрӯз маблағ ба оилаҳо дар ҳудуди 60 дар сади арзиши хона дода шудааст.

Убайдуллои МУРОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 10934

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед