logo

қарорҳои ҳукумат

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, № 572, ш. Душанбе Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015-ро таъмин намояд.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН


Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010,
№ 572 тасдиқ шудааст

Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
1. Муқаррароти умумӣ
1) Иҷрои Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 (минбаъд – Барнома) самтҳои афзалиятноки татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муқаррар ва амалӣ намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меоварад.
2) Барнома дар Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» низоми идоракунӣ ва сиёсати кадриро ба танзим дароварда, мазмуну моҳияти истеҳсоли филмҳои гуногунжанри миллӣ ва намоиши киноро ғанӣ мегардонад, барои офаридани филмҳои миллии баландғоя ва дар бозори кинематографӣ рақобатпазир шароити мусоид фароҳам меоварад.
3) Барнома дар асоси муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», талаботи сархати сеюми банди 22  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010, № 33 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо барои соли 2010» ва  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2005, № 362 «Дар бораи Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010» таҳия шудааст.
4) Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010,  ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2005, № 362 тасдиқ гардида буд, соли ҷорӣ ба охир мерасад. Барномаи мазкур ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди кино, рушди инфраструктураи он, инкишофу мукаммалсозии сохтор ва кори эҷодӣ, навсозии заминаи моддию техникӣ, офаридани видеофилмҳои баландғоя, офаридани филмҳо дар навори кино, такмили ихтисос барои истеҳсоли филмҳо, таълим ва тарбияи кадрҳо дар дохили мамлакат ва хориҷи он равона шуда буд.
5) Бо мақсади иҷрои сархати якуми банди 3 қарори мазкур қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, № 139 «Оид ба нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва индексатсиякунонии филмҳо» ва аз 30 ноябри соли 2007, № 598 «Дар бораи додани розигӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси корхонаҳои фаръии давлатӣ» қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
6) Дар ин давра дар Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» 60 корхонаи фаръии кино ва видеои «Тоҷиккино» таъсис ёфта, 2 шӯъбаи филмнигоҳдорӣ ва филмпаҳнкунӣ барқарор карда шудааст, ки айни замон фаъолият мекунанд.
7) Бо вуҷуди ин, бандҳои 1, 2, 4 ва 5 тадбирҳо оид ба барқарор намудану рушди Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» то имрӯз иҷро нашудаанд. Яъне, аз 2,25 миллион сомонии пешбининамудаи буҷети давлатӣ танҳо 937875 сомонӣ истифода гардидааст.
8) Дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» 13 филми пурраметражи бадеӣ, 21 филми мустанад истеҳсол ва 29 филми пурраметраж ва кӯтоҳметраж ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуданд. Рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳамчун таърихномаи синамоӣ дар 12 ҳазор метр навори кино (Кодак) наворбардорӣ шуданд.
9) Мутобиқи Барнома бояд баробари амалӣ намудани он, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию эҷодӣ гурӯҳу иттиҳодияҳои эҷодӣ созмон дода мешуданд. Аммо аз ҷумлаи чанд гурӯҳ ва иттиҳодияҳои эҷодии ба нақша гирифташуда то имрӯз танҳо иттиҳодияи эҷодии филмҳои мустанад ва киномаҷаллаи «Тоҷикистон» таъсис дода шудаанду халос.
10) Яке аз ҳадафҳои Барномаи мазкур гузаштан ба офаридани филмҳо дар навори кино буд. Мутаассифона, дар тӯли чор сол ягон филми бадеӣ дар навори кино ба навор гирифта нашудааст, ба ҷуз аз чанд шумораи маҷаллаи синамоии «Тоҷикистон», ки аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ҳикоят мекунанд. Ҳамаи филмҳои бадеӣ ва мустанад дар навори видеоӣ офарида шудаанд. Бо вуҷуди ин, филмҳои ҳунарии «Овора», «Тири тақдир», «Чашмаи мурод», «Умеди охирин» ва ғайра, ки дар навори видеоӣ сабт шудаанд, дар сатҳи баланди филмофарӣ ва бадеӣ таҳия гардида, дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамоӣ ҷоиза ва мукофотҳои махсус гирифтанд.
11) Мувофиқи Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010 бояд дар навбати аввал техника, технология ва таҷҳизоти истеҳсолие, ки барои таҳияи филмҳо дар навори кино заруранд, харидорӣ мешуданд. Аз ҷумла, навори негативии кино, дастгоҳи зоҳиркунии «Кодак», кинокамераи «Арифлекс» - 35 - В ва ғайра. Аз номгӯи таҷҳизот ва маводи дар барномаи мазкур пешбинишуда, ки барои таҳкими заминаи моддию техникии Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» равона гардида буд, танҳо таҷҳизоти техникии зерин харидорӣ карда шуданд:
-камераи видеоӣ (тамғаҳои гуногун) – 3 адад;
-таҷҳизот барои танзими видеоӣ – 4 адад;
-кассетаҳо барои наворбардорӣ ва сабти филмҳо – 500 дона;
-навори кино – 1150 метр;
-таҷҳизоти техникӣ барои истеҳсоли видеофилмҳо – мониторҳо, магнитофонҳо, кран, микрофон, сепоя барои камера – ҳамагӣ 21 номгӯй.
12) Дар Барномаи рушди кино дар солҳои 2006-2010 барои пеш бурдани корҳои эҷодӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ 3552100 сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аз ин маблағ то 1 майи соли 2010 ҳамагӣ 1788875 сомонӣ ба Киностудияи давлатии «Тоҷикистон» ворид шуд, ки 50 фоизи маблағи пешбининамудаи Барномаро ташкил медиҳад.
13) Ҳамин тавр, чорабиниҳои дар қисмати эҷодӣ пешбининамудаи Барнома, яъне таҳия ва истеҳсоли филмҳо ва харидорӣ намудани техника ва таҷҳизот, то имрӯз қисман амалӣ гаштаанд.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
14) Таъмини шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти шахс, давлат ва ҷомеа ба филмҳои гуногунжанри миллӣ, барои паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии кино, гузаронидани кинофестивалҳо, иштирок дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии кинематографистон, тайёр намудани мутахассисони соҳа.
15) Барои ноил шудан ба мақсадҳои пешбинишуда бояд масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд:
-баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунӣ дар соҳаи кино;
-муҳайё намудани шароити мусоид барои офаридан ва намоиши филмҳои гуногунжанри миллӣ тавассути таҳким ва навсозии заминаи моддию техникӣ, тармиму таъмири биноҳо, бозсозӣ ва такмили сохтори эҷодии муассисаҳои кинематографии ҷумҳурӣ;
-офаридани филмҳои миллӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат;
-ба сатҳи байналмилалӣ бардоштани  кинематографияи миллӣ;
-такмили таъминоти кадрии соҳаи кино.

3. Самтҳои асосии татбиқи Барнома
16) Самтҳои асосии татбиқи Барнома инҳоянд:
-рушди фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва корхонаҳои фаръии он, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва таъмиру тармими иншооти он, харидории филмҳои наву даромаднок, таҷҳизонидани кинотеатрҳо бо техникаҳои нави кинопроексионӣ;
-таъсиси иттиҳодияҳои нави эҷодӣ, студияи марказии тарҷума ва дубляжи филмҳо дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва мувофиқи нақша ба роҳ мондани банаворгирии филмҳо дар навори видеоӣ ва кино;
-харидории нақлиёти махсуси соҳавӣ, хизматӣ, қисмҳои эҳтиётии онҳо ва таъмири воситаҳои нақлиёти мавҷудаи Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм»;
-таҷҳизонидани Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» бо техникаи рӯшноидиҳанда,  сабти овоз, таҷҳизоти истеҳсоли кино ва таъмин бо мавод барои филмбардорӣ дар навори кино;
-таъмири биноҳои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм»;
-тайёр кардани мутахассисони соҳа барои Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм».

4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
17) Маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар доираи маблағҳои ҳамасолаи давлатии барои дастгирии молиявии соҳаи кино пешбинишаванда, маблағҳои худии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва аз ҳисоби ҷалби сармоягузорӣ ва грантҳо амалӣ карда мешавад.
18) Ҳаҷми умумии хароҷоте, ки барои татбиқи Барнома зарур аст, 25 5996 72 сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи давлатии барои дастгирии молиявии соҳаи кино пешбинишаванда (Буҷети ҷумҳуриявӣ) 13570463 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» 2200000 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2664217 сомонӣ, аз ҳисоби ҷалби грант ва сармоягузорӣ 7164992 сомониро ташкил медиҳад.

5. Мӯҳлати татбиқи Барнома
19) Барнома дар давраи солҳои 2011-2015 татбиқ карда мешавад.

6. Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома (замима мешавад).

7. Таъминоти кадрӣ ва омода кардани мутахассисони нави соҳа.
20) Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи кино ниёз доранд. Мутаассифона, мутахассисони дорои сатҳи баланди ихтисос дар мактабҳои олии мамлакат тайёр карда намешаванд. Чунин мутахассисон дар мактабҳои олии мамлакатҳои хориҷӣ – Донишгоҳи давлатии кинематографияи Федератсияи Россия (шаҳри Москва), Донишгоҳи муҳандисони кинои Федератсияи Россия (шаҳри Санкт-Петербург), донишкада ва академияҳои соҳаи кинои Франсия, Англия, Италия тайёр карда мешаванд. Тайёр кардани мутахассисони соҳаи кино дар мактабҳои олии кишварҳои номбаргардида мувофиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар амалӣ карда мешавад.
21) Дар давраи татбиқи Барнома ташкилотҳои кинематографии мамлакат ба мутахассисони баландихтисоси зерин ниёз доранд:
а) Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино»:

Ихтисос
Соли 2011
Соли 2012
Соли 2013
Соли 2014
Соли 2015
Ҷамъ
1.
Техника
-
1
-
1
1
3
2.
Киномеханик
-
1
1
-
1
3
3.
Садобардор
-
1
-
1
-
2
4.
Киношинос
-
-
1
-
1
2
5.
Муҳандис
-
1
-
1
-
2
 
Ҳамагӣ
-
4
2
3
3
12

б) Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм»:

Ихтисос
Соли 2011
Соли 2012
Соли 2013
Соли 2014
Соли 2015
Ҷамъ
1.
Филмноманавис
-
1
-
1
1
3
2.
Коргардон
-
-
1
1
-
2
3.
Кинооператор
-
1
1
-
1
3
4.
Рассом
-
-
1
-
1
2
5.
Директори филм
-
-
1
-
1
2
6.
Садобардор
-
1
-
-
1
2
7.
Пардозгар (гримёр)
-
1
-
1
-
2
8.
Ҳунарпешаи кино
-
1
1
1
1
4
9.
Киношинос
-
-
1
1
-
2
10.
Муҳандиси кино
-
1
-
-
1
2
11.
Пиротехник
-
-
1
1
-
2
12.
Танзимгар
-
1
1
-
1
3
 
Ҳамагӣ
-
7
8
6
8
29

8. Натиҷаҳои татбиқи Барнома
22) Барнома марҳила ба марҳила татбиқ карда мешавад. Дар натиҷаи татбиқи он муваффақиятҳои зерин ба даст хоҳанд омад:
а) дар Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино»:
-низоми самарабахши идоракунӣ ташкил мегардад, ки барои намоиши филмҳо, аз ҷумла филмҳои миллии баландғоя ва дар бозори кинематографӣ рақобатпазир, дар кинотеатрҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ шароит муҳайё менамояд;
-кинотеатрҳо бо техникаю технологияи зарурӣ ҷиҳозонида шуда, бо биноҳои замонавӣ таъмин мегарданд;
-сатҳи касбии кормандони соҳа баланд мегардад;
-58 кинотеатри Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеоӣ, ки дар тавозуни «Тоҷиккино» мебошанд, пурра таъмир ва барқарор карда мешаванд.
б) дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм»:
-низоми самарабахши идоракунӣ ташкил карда мешавад, ки барои истеҳсоли филмҳои пурмазмун ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ шароит муҳайё менамояд;
-киностудия бо техникаю технологияи зарурӣ муҷаҳҳаз ва бо биноҳои замонавии истеҳсолӣ таъмин мегардад;
-иттиҳодияҳои эҷодии филмҳои ҳунарӣ, киномаҷаллаҳои ҳаҷвӣ, филмҳои тасвирӣ, кинематографистони ҷавон «Дебют» ва студияи марказии тарҷума ва дубляжи филмҳо таъсис дода мешаванд;
-филмҳои миллии баландғоя ва дар бозори индустрияи кино рақобатпазир офарида мешаванд;
-барои минбаъд дар навори кино офаридани филмҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад;
-сатҳи касбии кормандони соҳа баланд мегардад;
-дар натиҷаи татбиқи Барнома 26 филми бадеӣ, 65 филми мустанад, 19 филми ҳаҷвӣ, 13 филми бачагона офарида ва 126 филм тарҷума ва дубляж карда мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1042

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед