logo

маориф

Нури ҳидоят ҷониби қуллаҳои мурод

Сол аз сол маблағгузории давлат барои рушди маориф бештар мегардад. Соли гузашта 80 фоизи Фонди эҳтиётии Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои зиёди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва грантҳо ба ин мақсад  равона  гардиданд. Гузашта аз ин, буҷети давлат аз соли 2000-ум то  соли 2009  ба андозаи 26 маротиба  афзуда, 1 миллиарду 70  миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар Паёми имсолаи Президенти ҷумҳурӣ, Эмомалӣ      Раҳмон арҷ гузоштан ба забони модарӣ,  амиқ омӯхтани он, инчунин  омӯзиши ҳатмии забонҳои русӣ ва англисӣ зикр гардида, амалӣ  сохтани «Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва  англисӣ барои солҳои 2010-2014» бори дигар таъкид мешавад.
Ҳоло донистани технологияи муосири компютерӣ ва забондонии шаҳрвандон маҳаки асосии қабул ва интихоби кадрҳо муқаррар гардидааст. Ин насли наврас ва ҷавонони кишварро бори дигар  ҳушдор  месозад, ки аз техникаи компютерӣ огоҳ бошанд ва пайи омӯзиши забонҳои хориҷӣ саъй варзанд. Масъалаи мазкур аз нигоҳи имрӯз хеле  муҳим буда, бояд дар тамоми муассисаҳои давлатӣ тавсеа ва тақвият   дода шавад. Зеро бе огоҳӣ аз технологияи иттилоотии имрӯза,  малакаи  истифодаи шабакаи интернет ягон хонанда, аз навгониҳои ҷаҳони  муосир ин қадар зуд ва қулай огоҳӣ намеёбад. Ғайр аз ин, донистани  забони русӣ, алалхусус забони англисӣ барои шиносоӣ пайдо кардан ва омӯзиши маълумот дар  шабакаи  интернет хеле нақши калон мебозад. Тавассути забони русӣ дар шабакаи интернет агар мо ба 40 - 45%  ахбор, маълумот, аснод ва ҳаводиси олами муосир шинос гардем,  забони англисӣ дарвозаи паҳнои шиносоӣ ба кулли навгониҳои олам  буда, муҳимтарин мифтоҳи равзанаи олами рангини илму маориф,  фарҳанг, санъат, техника ва ғайра аст. Бинобар  ин сатҳи омӯзиши  техника  ва технологияи муосир ба таносуби забондонии ҷомеа ва  технологияи муосир робитаи ногусастанӣ дорад. Ин нукта дар Паём  чунин таъкид  мегардад: «Дар  ҷаҳони мосир кишваре ба дастовардҳои  бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа  таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври  васеъ дар амал ҷорӣ менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он сатҳи маърифати мардум баланд  аст, ҳаргуна рафтори эҳсосотӣ ва дасисаю иғво натиҷа намедиҳад».
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри татбиқи Барномаи компютеркунонии кишвар аз имконоти  мавҷуда истифода  намуда, иҷроиши онро ба 80%  расонидааст,  ки дар  маҷмӯъ 27 ҳазор ададро ташкил  медиҳад. Дар таъмини шароити  мусоиди муассисаҳои таълимӣ ба ғайр аз манбаъҳои буҷетӣ ҷалби  маблағҳои сармояҳои ватанию хориҷӣ, грантҳо тавассути  Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон  нақши босазо гузошта метавонад. Ин ҷиҳати ҳалли масъала ба қобилият ва ҳавсалаи ташкилотчигии роҳбарони Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон ва сатҳи омода сохтани лоиҳаи дархости онҳо ба ташкилоти донорӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ алоқамандии зич дорад. Онҳо бояд ба донорҳо лоиҳа пешниҳод намоянд ва дархости Ассотсиатсия бояд дар лоиҳаи пешниҳодгардидаашон таҷассум  ёфта, кулли эҳтиёҷоташонро фаро гирифта бошад. Мутаассифона, бештари масъулони Ассотсиатсияи  волидайну омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз тарзи  тайёр  кардани лоиҳаҳои дархостӣ, ки омили муҳими қонеъ гардонидани  талаботи муассиса ба ҳисоб меравад, огоҳӣ надоранд ё қисман огоҳанд.
Имрӯз ҳамагӣ 70 фоизи кӯдакони синни томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба  муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда мешаванд. Гузаштан ба низоми  таҳсилоти 12-сола (ки аз соли 2014 сар шуда, кӯдакони синни 6-соларо  фаро мегиранд) ҷиҳати ҳалли ин  масъала мусоидат карда бештар аз 200  ҳазор кӯдак дар синни 6-солагӣ ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаро  гирифта мешавад. Яъне омили гузаштан ба таҳсилоти 12-сола  шиддати ба таҳсил фаро  нагирифтани кӯдаконро то  андозае паст мекунад. Аммо  тавре  ки  дар  Паём  таъкид гардидааст, дар  низоми муассисаҳои томактабӣ бахши хусусӣ нисбат ба бахши давлатӣ суст равнақ  ёфта, аз  имконоти он истифода намебарем. Хушбахтона, дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ ин бахш хеле ривоҷ ёфта, аз тариқи баргузории озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои  назаррас ноил шудаанд. Мақсад он  аст,  ки  бояд  дар  муассисаҳои  таълимӣ бахши хусусиро ривоҷ дода, ба дастовардҳои назаррас ҷиҳати баланд бардоштани  сатҳи таълиму тарбия дар  муассисаҳои таҳсилоти  томактабӣ муваффақ гардем, зеро тавре ки дар Паём омадааст «дар муассисаҳои  томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон  гузошта мешаванд».
Бо мақсади ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ сохтани ҷавонон  ва бо назардошти ниёзмандии касбии хатмкардагони муассисаҳои  таълимии кишвар тибқи низоми гузариш ба таҳсилоти 12- сола дар  синфҳои 11 ва 12 равияҳои касбӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин сурат  хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ имкон пайдо  мекунанд, ки ақаллан маҳорати муқаддимавии касбиро дошта бошанд.
Тавре ки аз  Паём бармеояд, ҳадафи  сиёсати  давлатии соҳаи  маориф  тарбияи  кадрҳо  ва  мутахассисони  донишманду  соҳибмаърифат,  насли  дорои  ҷаҳонбинии  васеъ  ва  хислатҳои  ватандӯстию  ватанпарастӣ  мебошад.  Танҳо  дар  сурати   амалӣ  сохтани  тадбирҳои  судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  доираи  Соли  маориф  ва  фарҳанги техникӣ  омодагӣ ба  Анҷумани  олимон  ва  омӯзгорони ҷумҳурӣ  ва  20-солагии Истиқлолияти  кишвар  мо  метавонем ин   ҳадафҳоро амалӣ созем. 

Муҳаммадалӣ АФҒОНОВ,
директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ,
номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 731

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед