logo

мулоқотҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфас Мурсал оғлӣ Қараевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои фарҳангу туризм, баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ташкил ва гузарондани рӯзҳои фарҳангиро дар кишварҳои ҳамдигар воситаи хуби густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо ва мардумони онҳо арзёбӣ намуданд.
Мусоҳибон аз натиҷаҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон, ки моҳи октябри соли 2007 баргузор гашта буд, қаноатмандӣ зоҳир намуда, изҳори боварӣ карданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон  дар Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд ва фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифта, баҳри таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ва дар амал татбиқ шудани санадҳои қарордодию ҳуқуқии амалкунанда заминаи боэътимод мегузоранд.
Ҳар ду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки таҷрибаи гузарондани рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар солҳои баъдӣ низ идома дода шавад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, туризм, робитаҳои минтақавию байниминтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

х х х
Баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абулфас Мурсал оғлӣ Қараев, вазири фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон, ба хабарнигорон чунин иттилоъ дод:
-Аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазироӣ гаштани ҳайати вакилони Озарбойҷон барои мо шарафи бузург аст. Ман мехоҳам таъкид намоям, ки дар кишварҳои ҳамдигар гузаронидани рӯзҳои фарҳанг бо иқдоми сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев сурат гирифтанд. Хуш аст, ки идеяи гузаронидани рӯзҳои фарҳанг дар рафти сафари Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон ба миён омад ва амалӣ гашт.
Ҳайати мо барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ диданд ва ҳунари хешро бо камоли кордонию маҳорат манзури мардуми кишвари шумо гардониданд.
Ҳоло робитаҳои мо дӯстона ва қаринанд. Бахусус робитаҳо миёни вазоратҳои фарҳанги ду кишвар ба дигар муносибатҳо мусоидат мекунанд. Аллакай дар самти мубодилаи мутахассисон, бозомӯзии кадрҳо, ба саҳнагузории муштараки намоишҳои театрӣ дастовардҳо ба назар расида, дар доираи созмонҳои бонуфузи ИДМ, давлатҳои исломӣ ба мувофиқа расидаем.
Умед дорам, ки робитаҳои қавӣ ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ мусоидат менамоянд, - гуфт дар хотима Абулфас Мурсал оғлӣ Қараев.

Мирзои Фирӯз,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 734

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед