logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамиро ба ҳузур пазируфт

13 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Уммон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамиро, ки ба ҳайси фиристодаи Султони Уммон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Уммон баррасӣ шуд.

Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамӣ паёми Султони Уммон Қобус ибни Саидро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, ҳавасмандии давлати худро ба густариши муносибот бо Тоҷикистон таъкид кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар шахси сафир ба роҳбарияти давлати Уммон барои бунёди як шаҳраки истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки иборат аз 50 хона, яктоӣ мактаб, шифохона ва масҷид буда, барои аҳолии аз офатҳои табиат зарардида пешбинӣ шудаанд, арзи сипос карда, ин кори накӯро оғози хуше аз ҳамкории минбаъдаи иқтисодию сармоягузории ду кишвар маънидод намуд.
Бинобар вуҷуд надоштани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории иқтисодӣ, тезондани корҳо баҳри таҳия ва пешниҳоди санадҳои дуҷониба, аз ҷумла созишномаҳо дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Уммон, доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва ҳавасмандгардонию ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ зарур шумурда шуданд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму техника, фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳамчунин дар истихроҷи нафту газ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, бастабандӣ ва содироти оби ошомиданӣ дорои дурнамои судбахш арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 951
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед