logo

мулоқотҳо

Мавзӯи мулоқот – бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва кашидани хати барқ

15 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки  бо роҳбарии вазири молияи ин кишвар Ҳазрат Умар Захилвол ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Ба ин ҳайат ҳамчунин вазири фавоиди оммаи Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ, вазири маодин Ваҳидуллоҳ Шаҳронӣ ва намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати энерҷӣ ва манобеи оби ин кишвар шомил мебошанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, хусусан татбиқи амалии санадҳои қарордодӣ-ҳуқуқӣ, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба самти афзали ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, бунёди роҳҳои оҳану мошингард, боло бурдани қобилияти транзитии ду кишвар ва рушди тиҷорат зоҳир карда шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки хати 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон-Афғонистон, ки кашиданаш дар ҳудуди Тоҷикистон ба поён расидааст, дар Афғонистон низ то баҳори соли оянда бояд омода гардад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

www.president.tj


-Бунёди роҳҳои автомобилгард, хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон аз ҷумлаи мавзӯъҳои умдаи сӯҳбати мо бо ҷалолатмаоб Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Дар ин бора  Ҳазрат Умар Захилвол, вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки раҳбарии ҳайати баландпояи кишварашро ба ӯҳда дошт, пас аз мулоқот бо        Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфти ӯ ҳадафи асосии сафари ҳайати афғонӣ ба Тоҷикистон суръат бахшидани сохтмони хати интиқоли барқ дар хоки Афғонистон аст. Ин дар ҳолест, ки то ба марзи ҶИА бунёди хати баландшиддати барқ анҷом ёфтааст.
Ҳазрат Умар Захилвол тазаккур дод, ки дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳарчи зудтар сохта ба истифода додани пружаҳои муштарак, зербиноҳо, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои тарҳҳои иртиботӣ, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Афғонистон муҳиманд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир гашт. 
- Тоҷикистон бо интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар истиқрори  сулҳу субот ва рушди иқтисоди кишвари мо нақши калидӣ бозида метавонад, -гуфт вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Захилвол.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 838
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед