logo

ҳукумат

Гузориш аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 декабри соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар  он нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» шунида шуд. Дар ҳисобот, аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2010 дар майдони 458 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст ва ин ба 91% нақшаи барои соли 2010 қабулшуда баробар аст. Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар 300 гектар заминҳои обии партов, ки обёриашон мушкил аст, боғҳои нави зардолу бунёд ёфтанд. Тайи як сол дар боғу токзори нави ноҳия 99860 бех ниҳол шинонда шуд, ки 59860- тои онҳо ниҳолҳои мевадиҳанда мебошанд. Тибқи маълумоти раис дар ноҳияи Қубодиён соли равон 3125 тонна ангур ва 1782 тонна дигар анвои мева ҷамъоварӣ шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ      Раҳмон дастур дод, ки дар боғу токзори нав бештар ниҳолҳои меваҳои хушлаззати содиротӣ, аз қабили зардолу, гелос, шафтолу, ангур, анор, бодом ва ғайра шинонда шаванд. Супоришҳои мушаххас доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва аз ин ҳисоб зиёд кардани иқтидори содиротии Тоҷикистон ҳамчунин ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дода шуд.
Доир ба рафти иҷрои Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳисобот дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ       Раҳмон барои татбиқи минбаъдаи босамари барнома ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011  қабул шуд. Мутобиқи он тамоми мақомоти масъули ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки барои таъмини иҷрои нишондодҳои буҷети давлатӣ дар соли 2011 ва сарфи ҳадафманду босамари маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои судбахш андешанд.
Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 ва Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ шуд.
Лоиҳаи як зумра қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бархе аз қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра пешниҳод шуданд.
Лоиҳаи ду қонуни нав - «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мониторинги экологӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат қитъаҳои замин барои тақсимот ба аҳолии ниёзманд баҳри сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 387,1 га барои 2508 оила, ноҳияи Ёвон 222,93 га барои 1810 оила, ноҳияи Хуросон 89,7 га барои 910 оила, ноҳияи Панҷ 87,28 га барои 639 оила, ноҳияи Вахш 413,03 га барои 2871 оила, ба ноҳияи Ҷиргатол аз мавзеи Лахш 172,06 га барои 500 оилаи муҳоҷирони ихтиёрӣ аз ноҳияҳои водии Рашт ва оилаҳои ниёзманди худи ноҳияи Ҷиргатол ва ба ноҳияи Варзоб 117,39 га барои 1351 оила ҷудо гардид.
Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор барои ҷамъбасти босифати натиҷаҳои соли сипаришаванда ва омодагӣ ба ҷашнҳои Наврӯз ва солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ, кабудизоркунии муҳити зист, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1131

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед