logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маҳсулоти тамоку- маҳсулотест барои кашидан, хоидан ё бӯй кардан, ки дар зарфи истеъмолӣ ва ё дар бастаҳои махсус ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла сигаретаи бо дудполо (бо филтр), сигаретаи бе дудполо (бе филтр), папиросҳо, сигараҳо, чилимтамоку, нос;
- кашидани тамоку - нафаскашии дуди маҳсулоти сӯзандаи тамоку, хоидан ё бӯй кардани он, кашидани нос;
- никотин - моддаи заҳрноке, ки дар таркиби тамоку мебошад;
- қатрон - маҳсулоти заҳрноки сӯзандаи тамоку, ки ҳангоми сӯхтани он ҳосил шуда, боиси пайдошавии беморӣ мегардад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку
Фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 4. Танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку
1. Истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркиби он никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении  тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ зиёд мебошанд, манъ аст. Нишондиҳандаҳои таркибии моддаҳои зараровар аз меъёрҳои зерин зиёд буда наметавонанд:
- барои сигаретаҳои бо дудполо (бо филтр) - дар таркиби дуди онҳо 14 миллиграмм қатрон ва 1,2 миллиграмм никотин ба як сигарета;
- барои сигаретаҳои бе дудполо (бе филтр) - дар таркиби онҳо 16 миллиграмм қатрон ва  1,3 миллиграмм никотин ба як сигарета.
2. Бастаи маҳсулоти тамоку (барои сигаретаҳо) бояд дорои навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку ва навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба меъёри қатрон ва никотин дар он бошад.
3. Навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку дар бастаи маҳсулоти он тибқи талаботи Регламенти техникӣ ҷой дода мешавад.
4. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти тамоку бояд аз номгӯи тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ чор намуди навиштаҷоти иловагиро оид ба зарари кашидани тамоку интихоб намояд. Намудҳои интихобгардидаи навиштаҷоти иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку бояд дар тарафҳои паҳлуии бастаҳои маҳсулоти тамоку ҷойгир карда шаванд.
5. Дар яке аз тарафҳои паҳлуии бастаи сигаретаҳо мутобиқи стандартҳои давлатӣ бояд навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба мавҷуд будани никотин ва қатрон дар таркиби онҳо низ ҷойгир карда шавад. Навиштаҷоти мазкур бояд на кам аз чор фоизи масоҳати тарафи паҳлуии бастаи маҳсулоти тамокуро ишғол намояд.
6. Ба навиштаҷот дар бастаи маҳсулоти тамоку талаботи зерин пешниҳод карда мешавад:
- навиштаҷот бояд дақиқ ва хоно бошад;
- навиштаҷот бояд тавре ҷойгир шуда бошад, ки ҳангоми кушодани бастаи маҳсулоти тамоку матни он пурра боқӣ монад;
- навиштаҷот бояд дар қисми берунии баста ба таври аён чоп ва баста бо пардаи шаффоф борпеч карда шавад.
Моддаи 5. Манъи фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку
1. Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ ва таълимӣ, инчунин дар масофаи на камтар аз сад метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ аст.
2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти тамоку ба ноболиғон манъ аст.
3. Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва ё дигар маҳсулоти тамоку бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ манъ аст.
4. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шудани ноболиғон ба фурӯши маҳсулоти тамоку манъ аст.

Моддаи 6. Рекламаи тамоку ва маҳсулоти тамоку
Рекламаи тамоку ва маҳсулоти тамоку мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 7. Манъи кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ
1. Кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ,  ҳуҷраҳои кории  ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ,   муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо,  толорҳое,  ки  дар онҳо  чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва  истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар дохили  нақлиёти  ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудокардашуда, манъ аст.
2. Корфармо ё маъмурияти ин ташкилотҳо ӯҳдадоранд барои кашидани тамоку ҷойҳои махсус муайян намоянд.

Моддаи 8. Тарғибу ташвиқ  оид ба зарари кашидани тамоку
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, дин, варзиш ва маориф ӯҳдадоранд, тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам тарғибу ташвиқотро оид ба зарари кашидани маҳсулоти тамоку амалӣ намоянд.
2. Бо мақсади амалӣ намудани  муқаррароти Қонуни мазкур  дар барномаҳои  таълимӣ оид ба таъсири манфии истифодаи тамоку ба саломатии инсон бояд мавзӯъҳои дахлдор пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 649


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҲДУД
НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2010, № 209

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ
МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ""Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 83


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1267

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед