logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод.505; с. 2003, №12, мод.683; с. 2004, №7, мод.455; с. 2005, №3,  мод. 127; с. 2008, №3, мод.190; №12, қ. 1, мод.987; с. 2010, №7, мод. 552) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс калимаҳои «пешниҳоднома», «амволӣ», «амвол», «амволи», «амволе», «амволашон», «амволро», «амволию», «бо санксияи (иҷозати)  прокурор», «комиссия оид ба корҳои ноболиғон» ва «чизу чора» мутаносибан ба калимаҳои «пешниҳод», «молу мулкӣ», «молу мулк», «молу мулки», «молу мулке», «молу мулкашон», «молу мулкро», «молумулкию», «бо розигии прокурор ва  иҷозати суд», «комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак» ва «ашё» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 23:
 - дар қисми 5 пас аз калимаҳои «маҳрум сохтан аз озодӣ» калимаҳои  «, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан» илова карда шаванд;
-дар ҷумлаи аввали қисми 7 пас аз калимаи «ҷазо» калимаҳои «ва онҳое, ки нисбаташон иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст» илова карда шаванд.
3. Дар  моддаи 25:
- дар қисми 1 пас аз калимаҳои «маҳрум сохтан аз озодӣ» калимаҳои «, якумра аз озодӣ маҳрум сохтани» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «то сесола» ба калимаҳои «то синни ҳаштсола» иваз карда шаванд.
4. Дар зербанди «а)» қисми 1 моддаи 29  калимаҳои «ва судяҳо» ба калимаҳои «, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо» иваз карда шаванд.
5. Қисми 3 моддаи 292  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«3. Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ҳангоми маъюби гурӯҳи якум ё дуюм эътироф гардидан, расидан ба синни нафақа, бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ будан ва ё ҳомиладор гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад.».
6. Қисми 5 моддаи 43 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«5. Ҳангоми дар давоми адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ҳомила гардидани маҳкумшуда  нозироти корҳои ислоҳӣ аз рӯзи додани рухсатӣ вобаста ба ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдаки то синни ҳаштсола оид ба мавқуф гузоштани иҷрои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад.».
7. Дар қисми 2 моддаи 45 калимаи «даъвоҳо (претензия)» ба калимаи «иддао» иваз карда шавад.
8. Ба моддаи 80 қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 «6. Агар суд аризаи маҳкумшуда ё пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳиро дар хусуси гузаронидани маҳкумшуда аз маҳбас ба колонияҳои ислоҳӣ ва аз колонияҳои ислоҳӣ ба колонияи ислоҳии сукунат рад намояд, баррасии такрории ариза ё  пешниҳод оид ба ҳамин масъала баъди гузаштани  6 (шаш)  моҳ аз рӯзи қабули қарор дар бораи рад кардани ариза ё пешниҳод  имконпазир аст.».
9. Дар қисми 1 моддаи 131 калимаҳои  «инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят ё қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд,» ба калимаҳои «инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад,» иваз карда шаванд. 
10. Дар  моддаи 209:
- дар қисми 1 пас аз калимаи «мекунанд,» калимаҳои «ба ғайр аз онҳое, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд» илова карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири  зайл  ифода карда шавад:
«2. Масъалаи мавқуф гузоштани адои ҷазо аз ҷониби суд бо дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунии ӯ, хешовандони наздик, ҳимоятгар ё бо пешниҳоди прокурор ҳал карда мешавад. Инчунин ба дархост хулосаи тиббӣ дар хусуси ҳомила будани маҳкумшуда ё маълумотнома дар бораи доштани кӯдаки то синни ҳаштсола, розигии хешовандон дар мавриди қабул кардани маҳкумшуда бо фарзандаш, бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зист дар якҷоягӣ бо кӯдак ё маълумотнома дар хусуси он, ки ӯ манзили истиқоматӣ ва шароити зарурӣ барои зист дар якҷоягӣ бо кӯдак дорад, замима мегарданд. Тибқи талаби суд маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бояд тавсифнома ва парвандаи шахсии маҳкумшударо ба суд фиристад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 648


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш.  ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2010, № 223

 

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 82


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1066

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед