logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3,    мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443, №12, қ.1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 26:
- аз қисми чорум калимаҳои «аз рӯи масъалаҳое, ки бо баррасии парвандаҳои мушаххаси судӣ вобаста нестанд,» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми шашум калимаҳои «ва нусхаҳои эътирозҳо ё ин ки хулосаҳо оид ба парвандаҳои судӣ» хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисми дуюми моддаи 27:
- сархатҳои дуюм, чорум ва панҷум хориҷ карда шаванд;
- дар сархати сеюм пас аз калимаи «гражданӣ» калимаи                 «, оилавӣ» илова карда шавад.
3. Дар қисми якуми моддаи 28 калимаҳои «Масъалаҳои ба баррасии парвандаи мушаххаси судӣ иртибот надошта» ба калимаи «Масъалаҳое» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми дуюми моддаи 31:
- дар сархати якум калимаҳои «муовинони онҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» ба калимаҳои «муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ» иваз карда шаванд;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро, ки собиқ Суди Олии ИҶШС ва судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ ИҶШС нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудаанд, ҳал менамояд;».
5. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 35 калимаҳои «Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати дуюми моддаи 352 пас аз калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «ва муовинони ӯ» илова карда шаванд.
7. Дар сархати панҷуми қисми дуюми моддаи 36 калимаи «онҳоро» ба калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз ва пас аз калимаи «ҷиноятӣ» калимаҳои «ва маъмурӣ» илова карда шаванд.
8. Дар қисми якуми моддаи 39:
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба тариқи назоратӣ нисбати фармонҳо, ҳалномаҳо, ҳукмҳо ва таъинотҳои коллегияҳои судӣ, агар дар онҳо вайронкунии ҷиддии қонун ҷой дошта бошад, эътироз меорад;»;
- сархати шашум хориҷ карда шавад.
9. Дар моддаи 40:
- сархатҳои якум ва сеюми қисми якум хориҷ карда шаванд;
- аз қисми дуюм калимаҳои «ба истиснои ҳуқуқҳои ӯ оид ба овардани эътироз ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ  ва раисӣ кардан дар ҷаласаи он» хориҷ карда шаванд.
10. Сархатҳои якум ва дуюми қисми дуюми моддаи 42 хориҷ карда шаванд.
11. Аз сархати чоруми моддаи 43 калимаҳои «, ба ғайр аз овардани эътирозҳо, » хориҷ карда шаванд.
12. Дар моддаи 82:
- сархати чоруми қисми якум хориҷ карда шавад;
- аз қисми дуюм калимаҳои «ба истиснои ҳуқуқи ӯ оиди эътироз овардан,» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 651


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш.  ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2010, № 234

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 85


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 938

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед