logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 314; с. 2008, № 10, мод. 810) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар банди сеюми қисми 1 моддаи 13 калимаҳои «Дар бораи сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Дар бораи сармоягузорӣ» иваз карда шаванд.
3. Банди дуюми қисми 4 моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Тағйироти ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият воридгардида, ки маълумот оид ба онҳо дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷуданд, пас аз ворид намудани тағйирот ба ҳамин Феҳрист барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд.».
 4. Қисми 1 моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 «1. Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад».
 5. Қисми 2 моддаи 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 «2. Сармояи оинномавии ҷамъият бояд дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии он пурра аз ҷониби муассисони он  пардохта шавад.».
6. Дар моддаи 21:
- банди чоруми қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабули қарор аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар бораи тасдиқи натиҷаҳои аз тарафи иштирокчиёни ҷамъият ба сармояи оинномавии ҷамъият пардохт намудани саҳмҳои иловагӣ оид ба афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии  давлатӣ  барои  ворид  намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.»;
- дар банди панҷуми қисми 1 калимаҳои «сарсатрҳои сеюм ва чоруми банди» ба калимаҳои «сарсатри сеюми қисми» иваз карда шаванд;
- ба қисми 2 банди панҷум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабул намудани қарор дар бораи  афзоиши сармояи оинномавӣ  аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.».
7. Дар моддаи 22:
- банди сеюми қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ҷамъият ҳақ надорад сармояи оинномавии худро аз ҳаҷми ақалли камтарини сармояи оинномавӣ, ки он мутобиқи Қонуни мазкур муайян шудааст, кам намояд.»;
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Дар сурати пурра пардохт накардани сармояи оинномавии ҷамъият дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии он, ҷамъият бояд дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозаи воқеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намояд.»;
- банди якуми қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороиҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавии он камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозае, ки аз арзиши дороиҳои софи он зиёд намебошад, эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намояд.»;
- аз банди дуюми қисми 3 калимаҳои «дар санаи бақайдгирии давлатии ҷамъият» хориҷ карда шаванд;
- банди дуюми қисми 4 хориҷ карда шавад;
- қисми 6 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«6. Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба камшавии сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабул намудани қарор дар бораи чунин камшавӣ аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул мекунанд.»;
8. Банди сеюми моддаи 27 хориҷ карда шавад.
9. Аз сархати якуми қисми 1 моддаи 56 калимаҳои «, ки бо тартиби муқаррарӣ ба қайд гирифта шудаанд» хориҷ карда шаванд.
10. Дар моддаи 57:
- дар қисми 3:
- дар банди якум баъд аз калимаи «ҳамроҳшавӣ» калимаҳои «ва табдилдиҳӣ» илова карда шаванд;
- банди дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Дар сурати азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли ба он ҳамроҳшавии ҷамъияти дигар, ҷамъиятҳое, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. Ҷамъият аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҷамъияти ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд.»;
- банди сеюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«Азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли табдилдиҳӣ пас аз ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъият ба итмомрасида дониста мешавад.»;
- аз қисми 4 калимаҳои «инчунин бақайдгирии давлатии тағйироти оиннома» хориҷ карда шаванд;
- қисми 6 хориҷ карда шавад;
- қисми 7 қисми 6 ҳисобида шавад.
11. Дар қисми 3 моддаи 62 калимаҳои «амали вобаста ба бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро, ки дар натиҷаи табдилсозӣ барпо мегардад,» ба калимаҳои «, ки амалҳоро вобаста ба ворид намудани маълумот оид ба тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 63:
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 4 ва 5 мутаносибан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


    Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 656

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2010, № 164

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 90


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1202

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед