қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 42; с. 2008, №10, мод. 807) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 6:
- дар номи модда калимаҳои «Бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирии» ба калимаҳои «Бақайдгирии давлатии» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Бақайдгирии давлатии корхонаҳои давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ карда мешавад.».
2. Дар қисми дуюми моддаи 21 калимаҳои «то лаҳзаи» ба калимаҳои «дар муддати як сол аз рӯзи» иваз карда шаванд.
3. Аз қисми дуюми моддаи 33 калимаҳои «,ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун ба қайд гирифта шудааст,» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 659
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид
намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2010, № 170
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 93
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2203