қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани иловаҳо
ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 688, мод. 689; с. 2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод. 341, №12, мод. 543; с. 2007, №3, мод. 172, №7, мод. 668; с. 2008, №3, мод. 195, №6, мод. 455; с. 2009, №3, мод. 86, №5, мод. 332, №12, мод. 823; с. 2010, №7, мод. 559) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 240 банди 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4) онҳое, ки хизматрасонии алоқаи мобилиро амалӣ менамоянд.».
2. Ба моддаи 241 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ объекти андозбандӣ хизматрасонии алоқаи мобилӣ ба ҳисоб меравад.».
3. Ба моддаи 242 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ манбаи андоз маблағи подоше ба ҳисоб меравад, ки андозсупоранда - оператори (ширкати) алоқаи мобилӣ аз муштарӣ ё ҳар шахси дигар барои хизматрасонии алоқаи мобилӣ гирифтааст ё бояд гирад, ба истиснои маблағи аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рӯи хизматрасонӣ ҳисоб карда шавад. Ҳисоб кардани маблағи аксиз бо роҳи зарби меъёри аксиз ба бузургии умумии манбаи андоз сурат мегирад.».
4. Ба моддаи 243 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ санаи содир шудани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.».
5. Ба моддаи 247 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Меъёри аксиз барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ дар ҳаҷми 3 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.».
6. Ба моддаи 248 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Аксиз аз ҷониби операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ бояд ба буҷет на дертар аз санаи 5 моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз супорида шавад. Давраи ҳисоботи андоз барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ моҳи тақвимӣ ба ҳисоб меравад.».
7. Ба моддаи 254 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Эъломия дар бораи пардохти аксиз аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ на дертар аз санаи 15 моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз ба мақоми андозе, ки андозсупоранда дар баҳисобгирии бақайдгирии он қарор дорад, пешниҳод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 667
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 ноябри соли 2010, № 239
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани
иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 101
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2529