logo

номаҳо

«Рӯзи қабули шаҳрвандон» самаранок истифода гардад

Соли гузашта дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд қабули шаҳрвандон бо иштироки раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷараён гирифт. Роҳбари вилоят мардумро ба ҳузур пазируфта арзу шикоят, пешниҳоду дархостҳои онҳоро шунид ва бисёр масъалаҳо ҳаллу фасл шуданд.
Чунин вохӯриву мулоқот бо шаҳрвандон ҳамчунин бо иштироки муовинони раиси вилоят низ баргузор мегарданд, ки, бешубҳа, ба манфиати кор аст. Аммо дар ин самт мехостам, ки нуқтаи назари хешро иброз дошта бошам. Ман бар он андешаам, ки қабули шаҳрвандон танҳо аз баррасии масъалаҳои шахсӣ иборат набошад.  Хуб мебуд масъалаҳое чун тақсими қитъаи замин, таъмири боми хона, расонидани кӯмаки моддӣ ва дигарҳоро худи идораҳои дахлдор  ҳаллу фасл намоянд. Дар вохӯриҳо бо нафарони аввали сатҳи вилоятӣ бештар масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба рушди минбаъдаи минтақаву ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ гарданд.
Масалан, ман ба роҳбари вилоят пешниҳод мекардам, ки телевизиони мо силсиланамоишҳоро оид ба ҳаёт ва фаъолияти фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Турсун ӯлҷабоев, Муҳаммад Осимӣ таҳия карда пешкаши бинандагон гардонад. Ҳамчунин аз манфиат холӣ намебуд, агар дар ягон мавзеи хуби маркази вилоят бо таъсиси «Боғи фарҳанг» нимпайкараҳои ситораҳои санъати миллат гузошта шаванд. Дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи мо, ки зиёда аз 35 ҳазор аҳолӣ дорад, як варзишгоҳи ҷавобгӯй ба талаботи одитарини рӯз мавҷуд нест.  Ҷавонони деҳа барои доирсозии ҳар гуна мусобиқот ба деҳоти дигар мераванд. Дар ин ҷо варзишгоҳи хуб бояд сохт. Ва ғайра...

Абдуҷаббор ЮЛДОШЕВ,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 610

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед