logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 112; мод. 113; с. 1998, №23-24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002, №4,   қисми 1, мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152; №4, мод. 195; с. 2009, №5, мод. 320; с. 2010, №7, мод. 545; мод. 549), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 6 қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Меъёрҳои Кодекси мазкур нисбат ба корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, низ татбиқ мегарданд. Намудҳои корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.».
2. Ба қисми чоруми моддаи 32 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ба кор қабул намудани кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки намунааш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ба расмият дароварда мешавад.».
3. Дар банди 3) моддаи 53 калимаи «ҳукмнома» ва дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 55 калимаҳои «ҳукмномаи суд» ба калимаҳои «ҳукми суд» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 56:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 56. Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ менамоянд»;
- қисми якуми модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.»;
- ба қисми дуюм ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ба кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад.».
5. Зербанди 7) банди якуми қисми сеюми моддаи 94 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7) дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, шартномаи (созишномаи) коллективӣ ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;».
6. Дар қисми якуми моддаи 1042 баъди калимаи «бошанд» калимаҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» илова карда шуда, калимаи «мекунад» ба калимаи «мекунанд» иваз карда шавад.
7. Дар қисми дуюми моддаи 124 калимаи «содири» ба калимаҳои «ошкор шудани» иваз карда шавад.
8. Моддаи 162 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 162. Маҳдудияти ҷалб кардани занон ва ашхоси дорои вазифаҳои оилавӣ ба корҳои шабона, изофакориҳо, кор дар рӯзҳои истироҳату ид ва фиристодан ба сафари хизматӣ
Ба корҳои шабона, изофакориҳо ва ба кор дар рӯзҳои истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хизматӣ фиристодани занони ҳомила иҷозат дода намешавад.
Занони кӯдакдор ва ашхосе, ки бинобар вазифаҳои оилавӣ нигоҳубини кӯдакро ба ӯҳда доранд, бо розигии онҳо ба изофакориҳо ҷалб карда ё ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ   РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 683


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 12 январи соли 2011, № 281


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 11 марти соли 2011, № 123


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1390

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед