қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат»
Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1992 «Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, №2, мод. 12) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 685
Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 феврали соли 2011, № 342
Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 марти соли 2011, № 125
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1946