logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ»

Моддаи 1. Ба моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 326; с. 2003, №12, мод. 694; с. 2007, № 7, мод. 656) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар ҷумлаҳои якум ва дуюми банди 5, ҷумлаи якуми банди 6, банди 11, ҷумлаи якуми банди 12, бандҳои 13, 14 ва 20 калимаҳои «оперативию ҷустуҷӯиро», «оперативию ҷустуҷӯӣ» ва «оперативию ҷустуҷӯии» мутобиқан ба калимаҳои «оперативӣ - ҷустуҷӯиро», «оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва «оперативӣ - ҷустуҷӯии» иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюми банди 5, ҷумлаи сеюми банди 6 ва ҷумлаи дуюми банди 11 калимаи «анҷомдиҳандаи» ба калимаи «амаликунандаи» иваз карда шавад;
- дар банди 7 калимаҳои «тадбирҳои доирнамудаи онҳоро вобаста ба корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ ва оперативию техникӣ» ба калимаҳои «чорабиниҳои оперативӣ - кофтуковӣ ва оперативӣ - техникиеро, ки онҳо мегузаронанд» иваз карда шаванд;
- дар банди 14 калимаҳои «оперативию техникӣ» ба калимаҳои «оперативӣ - техникӣ» иваз карда шаванд;
- дар банди 17 калимаҳои «анҷомдиҳандаи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ» ба калимаҳои «амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 691


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ»

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш.  ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 2 марти соли 2011, № 360

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 марти соли 2011, № 131


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 933

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед