logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод.303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод.201; с. 2010, №7, мод. 546), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 5 моддаи 1, ном ва матни моддаҳои 12, 13, 15, 26, 40 ва 121 Кодекс калимаи «издивоҷ» ба калимаи «никоҳ», калимаи «издивоҷкунанда» ба калимаи «никоҳшаванда» ва калимаи «издивоҷкунандагон» ба калимаи «никоҳшавандагон» иваз карда шаванд.
2. Дар матни моддаи 2, ном ва матни моддаҳои 4, 20, 24, 31, номи боби 7, моддаҳои 34, 35, 36, 37, 38, 39, 40, 42, 45, 46, 60, 71, 74, 105, 113, 119, 137 ва 172 Кодекс калимаи «ғайриамволӣ» ба калимаи «ғайримолумулкӣ», калимаи «амволиеро» ба калимаи «молумулкиеро», калимаи «амволии» ба калимаи «молумулкии», калимаи «амволи» ба калимаи «молу мулки», калимаи «амвол» ба калимаи «молу мулк», калимаи «амволро» ба калимаи «молу мулкро», калимаи «амволе» ба калимаи «молу мулке», калимаи «амволеро» ба калимаи «молу мулкеро», калимаи «амволӣ» ба калимаи «молумулкӣ», калимаи «амволиашонро» ба калимаи «молумулкиашонро», калимаи «ғайриамволии» ба калимаи «ғайримолумулкии», калимаи «амволию» ба калимаи «молумулкию» ва калимаи «ғайриамволию» ба калимаи «ғайримолумулкию» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 12 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 «3.Агар яке аз тарафҳои  никоҳшаванда  шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
- истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.».
4. Дар моддаи 24:
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад.»;
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.
5. Дар номи боби 8 ва ном ва матни моддаҳои  40, 41, 42, 43, 44 ва 47 калимаҳои «аҳдномаи ақди никоҳ» ба калимаҳои «аҳдномаи никоҳ» иваз карда шаванд.
6. Ба моддаи 41:
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад.»;
-қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.».
7. Ба моддаи 42 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои  никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо  оид ба молу мулк;
- ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.».
 8. Ба моддаи 43 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст.».
9. Ба қисми 2 моддаи 167 пас аз калимаҳои «бо риояи талаботи» калимаҳои «қисми 3 моддаи 12 ва» илова карда шаванд.
10. Дар қисми 1 моддаи 169 калимаҳои «монеаҳои дар» ба калимаҳои «шартҳо ва монеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 710


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси
оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 январи соли 2011, № 292


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 марти соли 2011, № 150


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1117

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед