logo

президент

Қазияи барқ баррасӣ гардид

7 апрел Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат доир ба вазъи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ машварати корӣ доир намуд. 
Доир ба ин мавзӯъ гузориши  Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат ва Абдулло Ёров, раиси ШСХК "Барқи Тоҷик",  шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки сабаби асосии норасоии нерӯи барқ паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳҳои марту апрел, кам гаштани ҳаҷми оби дарёи Вахш ва ба ҳадди бӯҳронӣ поён омадани сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи Норак аст. Чунонки зикр гардид, то ба ин ҳадд номусоид омадани обу ҳаво дар фасли баҳор ва боло нарафтани ҳарорат аз солҳои 30-юми асри гузашта бори нахуст ба назар мерасад. Таъкид гардид, ки вазъи барқтаъминкунӣ дар мамлакат танҳо дар ҳолати аз 25-30 дараҷа боло рафтани гармии ҳаво беҳтар мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, ба масъулони дахлдор дастур дод, ки барои беҳ намудани вазъи барқтаъминкунии аҳолӣ аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда истифода баранд. Аз тамоми истифодабарандагони нерӯи барқ даъват карда шуд, ки аз он сарфакорона истифода баранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки овозаҳои иғвоангези дар миёни мардум паҳншаванда, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ба Ҷумҳурии Исломии Покистон нерӯи барқ мефурӯшад, ҳеҷ асоси воқеӣ надорад, зеро айни ҳол миёни Тоҷикистону Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ вуҷуд надорад.
Ба роҳбарияти сохторҳои масъули давлатӣ дастур дода шуд, вазъи мавҷударо ба мардуми шаҳру навоҳӣ ва деҳоти кишвар дуруст фаҳмонанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 746

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед