logo

илм

Олимони ҷаҳон бояд ҳамоҳанг амал намоянд

Бардошт аз ҳамойиши олимони илмҳои дақиқу табиӣ

Дар шаҳри Душанбе ба ибтикори бахши тоҷикистонии Маркази байналмилалии илмиву техникӣ (МБИТ) ҳамойиши илмии олимони соҳаи илмҳои дақиқу табиӣ баргузор шуд.
Тавре  ки дар  оғози ҳамойиш Саймаҳмад Одинаев, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, иброз дошт, лоиҳаҳои илмии олимони тоҷик аз ҷониби МБИТ бори нахуст соли 2003 дастгирӣ ёфта буд. Айни замон бо ёрии молии ин созмон дар ҷумҳурӣ даҳҳо таҳқиқи муҳим  ҷараён дорад, ки барои роҳандозии онҳо беш аз 10 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст.
Муҳаббатшоҳ Ҳикматов, роҳбари бахши тоҷикистонии МБИТ, дар тақвияти суханони мавсуф афзуд, ки ҳамкориҳои олимони мо бо ин марказ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, тибқи созишномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 5 феврали соли 2003 ҷараён гирифт. Дар ин муддат МБИТ аз 117 лоиҳаи пешниҳоднамудаи муассисаҳои гуногуни илмиву тандурустӣ 41 лоиҳаро сармоягузорӣ намуд.  Аз ҷумла 9 лоиҳаи муштарак дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки тибқи он олимони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷиашон аз Бритонияи Кабир, Фаронса, Чехистон, ИМА, Ҷопон, Канада ва сойири кишарҳо ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин дар доираи дастгирии барномаи воситаҳои иртиботӣ  дар ҳаҷми 1, 1 миллион доллар 37 пажӯҳишгоҳ бо шабакаи интернет васл гардида, рӯзҳои наздик 8 пажӯҳишгоҳи дигар низ бо торанкабуди ҷаҳонӣ мепайванданд.
Адриаан ван дер Меер, директори иҷроияи Маркази байналмилалии илмиву техникӣ, зимни суханронӣ   барои ҳамкориҳои тӯлонии  босамар ба олимони тоҷик  изҳори сипос намуд. Бино ба маълумоти ӯ Бахши тоҷикистонии  МБИТ дар рушди фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон дар омӯзиши барномаҳои МБИТ фаъолона ширкат меварзад  ва дар шаҳри Душанбе маркази таълимии он амал мекунад. Ба андешаи ӯ МБИТ  пешниҳодҳои нави олимони тоҷикро фаро гирифта, ба такмилу навсозии зербинои илмии Тоҷикистон такон бахшид, дар таҳкими робитаҳои илмӣ бо олимони кишварҳои дигар мусоидат намуд ва дар ҳаёти илмии ҷумҳурӣ тағйироти мусбат ба вучуд овард.
Директори иҷроияи МБИТ аз хусуси тақдири минбаъдаи МБИТ низ ҳарф зада, хотирнишон кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз пеш дучори хавфи  ситезаҷӯйиҳои  глобалӣ гаштааст ва ҳалли ин мушкил  ниёз ба пажӯҳишҳои илмии  мураккабу густурда ва серҷабҳа дорад. Пажӯҳишҳое , ки ба дастгирии молии ҳангуфту ҳамраъйиву ҳамоҳангсозии  беҳтарин донишу таҷрибаҳои дар миқёси байналмилал андӯхташуда  эҳтиёҷ доранд. Ба гуфтаи ӯ МБИТ баҳри  рафъи  монеаҳои миллӣ ва муттаҳидсозии таҷрибаву салоҳият ва дарёфти посухи қонеъкунанда ба масоили илмии муосир бархӯрди серҷабҳа дорад ва таъсиси созмони наверо тавсия мекунад, ки  ба рафъи  хавфи ситезаҷӯйиҳои глобалӣ равона шудааст.
Адриаан ван дер Меер як вазифаи МБИТ-ро ҷалби мутахассисони ҷавон ба фаъолияти  илмӣ арзёбӣ намуд.  Ин созмон ба  ин мақсад соли 2010 барои олимони ҷавон озмун баргузор намуда, бори нахуст мактаби тобистонае таъсис дод, ки имсол низ фаъолият хоҳад  кард. 
Ба андешаи ӯ, зарурате ба миён омада, ки олимони ҳама кишварҳои ҷаҳон  ҳамоҳанг  амал намоянд, зеро илму технология ва инноватсия хеле зуд ва бо суръати баланд рушд мекунад ва вазифаҳое, ки  дар назди илму технологияи муосир истодаанд, хусусияти глобалӣ ёфтаанд. Ба қавли ӯ, ин ҷо сухан на танҳо аз мушкилоти  миқёсан бузург, мисли таҳдиди офатҳои табиӣ ва бемориҳои  сироятӣ, балки хавфи наве меравад, ки моро ба гирдоби давраи "эҳё" - и  ҳастаӣ афканданист. 
Абдусамад Дӯстов, мудири озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, роҳбари лоиҳаи "Вирусҳои гепатити музмин дар Тоҷикистон", ёдовар гашт, ки вируси гепатити В ва С паҳнгаштатарин вируси  барангезандаи бемории музмини ҷигар буда, густариши генотипи он вобаста ба шароити  минтақаҳои ҷуғрофӣ гуногун аст. Ҳар як генотипи ин вирус ба вазнинии  ҷараёни беморӣ ва муолиҷаи зиддивирусии он таъсир расонида, боиси талафот мешавад. Тибқи лоиҳа пажӯҳишҳои иммуннологӣ, вирусологӣ ва морфологии вирусҳои гепатитӣ  дар  Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи ҷумҳурӣ ва озмоишгоҳҳои донишгоҳҳои Фрейнбург ва Гамбурги Олмон , инчунин  он ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки  вируси гепатитӣ мушоҳида мешавад, сурат гирифт. Кормандони лоиҳа  ташхиси молекулавию генетикии 210 бемори гепатити музмини В-ро дар озмоишгоҳи Донишгоҳи Фрейнбург гузарониданд.  Аз 2459 сокини ҷумҳурӣ, ки мавриди ташхис қарор гирифтанд, 109 бемор гирифтори инфексияи ВИЧ ва 246 бемори  вируси гепатити музмини В ва С дарёфт шуд. Миқдори зиёди инфексияи ВИЧ дар шаҳри Хуҷанд ва Душанбе ба мушоҳида расид, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ - 25 фоиз ва аз тариқи сӯзандору дар байни нашъамандон -  24 фоиз ва дар миёни донорҳо - 1,0 фоизро ташкил медиҳад.  Пажӯҳиш шаҳодат медиҳад, ки хавфи сирояти ин беморӣ ба ҷавонон зиёд аст. 
Назирҷон Бӯриев, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи АИ Тоҷикистон,  роҳбари лоиҳаи "Назорати бунгоҳи  ҷумҳуриявии гӯронидани партовҳои радиоактивӣ ба мақсади коркарди ҳалли илмии безараргардонии онҳо", зимни муаррифии лоиҳаи мазкур изҳор дошт, ки онро мутахассисони Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии гӯронидани партовҳои радиоактивӣ бо ҳамкории  профессор Т. Вандерграаф аз шаҳри Оттенбурни  Канада роҳандозӣ менамоянд. Тибқи маълумоти роҳбари лоиҳа, Бунгоҳи ҷумҳуриявии партовгоҳи радиоактивӣ дар масофаи 44 км дуртар аз шаҳри Душанбе  дар ноҳияи Файзобод воқеъ буда, масоҳати умумии он 70 гектарро ташкил медиҳад. Аз рӯи лоиҳа нахуст таърихи гӯронидани партов ва ҳуҷҷатҳои марбут ба бехатарии он аз лиҳози назарӣ омӯхта шуда, барои иншооти   асосӣ ду харита таҳия гашт. Ҳамзамон шароити иқлим,  набототу ҳайвонот, таркиби хоку манбаъҳои обии партовгоҳ ва маҳалҳои аҳолинишини атрофи он низ мавриди пажӯҳиш  қарор гирифт.
Дар ҷамъбаст ширкатдорони ҳамойиш ба пурсишашон оиди ҳамкориҳои оянда бо МБИТ, қабули лоиҳаҳои илмӣ дар мавзӯи бемории сил, амнияти ғизо, коромӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, тиҷорисозии илм  ва ғайра посухи мушаххас гирифтанд.
Бояд таъкид кард, ки ин аввалин ҳамойишест, ки дар он  пажӯҳишҳои анҷомдодаи муассисаҳои илмии кишвар муаррифӣ гардид. Бино ба иттилои Муҳаббатшоҳ Ҳикматов, роҳбари бахши тоҷикистонии МБИТ, пажӯҳишҳои олимони мо, ки бо ёрии молии МБИТ сурат мегирад, минбаъд  низ дар ин гуна ҳамойишҳои илмӣ муаррифӣ хоҳад шуд.

Хайринисои Расулӣ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1061

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед