logo

маориф

Мактаби моро аз гимназияву литсейҳо беҳтар донистанд, мегӯяд Мавлуда Ҳомидҷонова, директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №42-и пойтахт

Мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 42 ноҳияи Фирдавсӣ, ки таълими он ба забонҳои тоҷикӣ ва русист,  ғолиби озмуни "Мактаби беҳтарин"-и шаҳри Душанбе дониста шуд ва бо хонаи сеҳуҷрагӣ қадр гардид.  Аз сирри  муваффақият ва дигар ҷузъиёти ба он марбут бо Мавлуда Ҳомидҷонова, ки 20 сол боз директори ин мактаб аст, сӯҳбат доштем.
-Муаллима, ба Шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки унвони "Мактаби беҳтарин"-ро соҳиб гардед?
-Таълим дар мактаби мо ҷавобгӯи талаботи рӯз аст. Усули дарсдиҳӣ интерактивӣ мебошад. Дарсҳои гурӯҳбандӣ, саёҳат, миёни синфҳо мусобиқаҳои фаннӣ мегузаронем. Аз дигар усулҳо,  мисли тест, васеъ истифода мешавад.
Хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ хеле фаъолона ширкат мекунанд. Ин чорабиниҳо барои мактабу омӯзгор ҳам имтиҳони ҷиддии донишу маҳоратанд. Имсол хонандаи мактаби мо Бахтиёр Рӯзиев дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни информатика ҷои якумро соҳиб гашта, аз ҷониби вазири маорифи ҷумҳурӣ бо медали тилло қадрдонӣ гардид ва соҳиби роҳхат ба факултаи математика ва информатикаи Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон шуд. Амиршоҳи Ҳайдар дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни математика ҷои сеюмро ишғол карда,  медали биринҷӣ гирифт. Ба ӯ барои дохил шудан ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳхат доданд.
-Шартҳои озмун кадомҳо буданд?
-Ҳуҷҷатнигорию  коргузорӣ, ҳолати журналҳои синфӣ, дафтардорӣ, китобдории талабаҳо, тозагию ободии мактаб ва гирду атрофи он, ҳолати компютерҳо ба назар гирифта шуд. Мактаби мо дар ин масъалаҳо намунаи ибрат аст.
Мактаб  45 компютер, тахтаи электронӣ, 2 адад видеопроектор, 16 нуқтаи назорати камеравӣ, 35 телевизору DVD, экрани ҳаракаткунанда, студияи мусиқӣ, физлабораторияи ҳозиразамонро дорост ва  ҳамаи он дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад. Аз ин таҷҳизот дар дарсҳо самаранок истифода мешавад.
-Чанд фисади хонандаҳои мактаб ҳар сол ба макотиби олӣ дохил мешаванд? Ва кадом соҳаҳоро бештар интихоб мекунанд?
-Порсол аз 96 хатмкарда 81 нафар ба макотиби олии кишвар дохил гардид. Яъне беш аз 90 фисад номи донишҷӯро сазовор гашт, ки ин боиси ифтихори мактаб аст. Шогирдони мо дар макотиби олии Русия, Қазоқистон, Чин, Украина, Итолиё, Амрико ва ғайра низ таҳсили илм мекунанд. Бештари онҳо таҳсилро дар соҳаи иқтисоду молия, алоқа, ҳуқуқ  ва барқ интихоб кардаанд.
-Оё хонандаҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд?
-Имсол дар даври дуюми озмуни байналмилалӣ, ки дар ҷумҳурӣ доир гашт,  18 хонандаи мактаби мо ғолиб дониста шуд ва дар даври сеюми он дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ва Туркия ширкат меварзанд. Як хонандаи мо дар озмуни варзишӣ ғолиб омад ва  дар олимпиадаи миёни хонандагон дар Фаронса ширкат мекунад.
Аз соли гузашта инҷониб бо Раёсати маорифи байниҳавзавии Федератсияи Русия ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дорем. Тибқи он омӯзгорон ва хонандагони мо тайи як моҳ дар мактабҳои Федератсияи Русия  бо таҷрибаи якдигар-усулҳои дарсҳои назариявию амалӣ шинос мешаванд. Ин ба хонандагони мо имкон медиҳад барои дохилшавӣ ба макотиби олии ин кишвар замина  омода созанд. Дидани ҷойҳои таърихӣ, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, китобхонаву театрҳо ба рушди ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат мекунад. Тавассути интернет бо мактабҳои гуногуни ин кишвар ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.
-Муаллима,  қаблан дар чунин озмун ширкат доштед?
-Бале,  соли 2003 унвони "Директори беҳтарини сол" ва ордени «Шараф»-ро соҳиб шудам. Панҷ сол қабл низ дар чунин озмун мактаб ҷои дуюмро гирифта буд. Имсол,  хушбахтона, ҷои аввалро гирифтем.
-Лаҳзаи хотирмон дар озмуни имсола бароятон кадом буд?
-Лаҳзаи хотирмон ин буд, ки вазири маорифи ҷумҳурӣ ба сифати дониши хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баҳои баланд дода, дониши онҳоро аз дониши хонандагони литсею гимназияҳои ҷумҳурӣ болотар донист. Яъне ки заҳматҳои мо натиҷа медиҳанд.

Мусоҳиб
Зӯҳра САФАРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2320
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед