logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ                
Моддаи 1. Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда аст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон шахси  ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.
3. Маҳалли воқеъ гардидани Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳояшро кушояд.
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои ӯҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ташкилотҳои қарзӣ  - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонк - ташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад;
- ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ - ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- қурби расмии асъор - қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст;
- тавозуни пардохт - ҳисоботи оморие, ки амалиёти дар муддати муайян анҷомдодаи байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро ҷамъбаст менамояд;
- меъёри бозтамвил - меъёри ҳадди ақалли фоизе, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ қарз медиҳад;
- қарз  - маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода шудааст;
- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;
- пули миллӣ - сомонӣ аст, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст;
- фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон - фоидае, ки бо роҳи ба суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани маблағ ба даст омадааст;
- асъор - пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ;
- бозтамвил - додани қарз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ, баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматнок, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
- низоми пардохт - низоми бо ҳам алоқаманди технологияҳо, тартиб, қоида, воситаҳои пардохт ва низоми интиқоли маблағ, ки муомилоти пулро таъмин мекунад;
- хизматрасониҳои пулӣ - низоми интиқоли пул, қабули пардохтҳо бо истифодабарии нуқтаҳои қабули пардохтҳо, хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунӣ, хазинавӣ, инкассатсияи маблағ, векселу чекҳо, эмиссия ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ;
- низоми клиринг - низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва байнибонкӣ, ки ба талабот ва ҳисоби ӯҳдадориҳои пардохти мутақобилаи пулӣ асос ёфтааст;
- низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;
- низоми пулӣ - тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташаккул ва танзими муомилоти пул;
- меъёрҳои мақбул - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳатмӣ мебошад;
Моддаи 3.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Муносибати Бонки миллии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад, ки он чунин амалӣ карда мешавад:
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ тасдиқ мекунад;
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати дигари аудиториро барои гузаронидани аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 82 Қонуни мазкур дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи аудити беруние, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, муайян мекунад;
- Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиториро пешниҳод менамояд;
- Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботро оид ба иҷрои он пешниҳод мекунад.
Моддаи 5. Мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон
1. Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил шудан, нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмӯҳлат мебошад.
2. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон инҳоянд:
-  таъмини устувории низоми бонкии давлат;
- мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
3. Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад.
Моддаи 6. Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон
1. Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳлили иқтисодӣ ва  пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти ҷомеа расонидани натиҷаҳои таҳлил;
- додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ ва танзиму назорати фаъолияти онҳо;
- додани иҷозатнома барои фаъолияти Бюроҳои таърихи қарз ва  танзиму назорати фаъолияти онҳо;
- ташкили низоми пардохт, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва низоми хизматрасониҳои пулӣ, танзим ва назорати фаъолияти онҳо;
- ба таври монополӣ амалӣ намудани эмиссияи пули нақд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;
- нигаҳдорӣ ва идораи захираҳои байналмилалӣ;
- иҷрои амалиётҳои бонкӣ;
- аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ гирифтани ӯҳдадориҳо ва иҷрои амалиётҳое, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бармеоянд;
- таҳияи тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои дигари ба зиммааш гузоштаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мутобиқи қонун чораҳои зарурӣ андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзиро танзим ва назорат намояд.
Моддаи 7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд.
2. Нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 8. Ташкили фаъолият ва  молу мулки Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон молики маблағ, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, сарватҳои дигар буда, метавонад воситаҳои асосии аз истифода баровардашударо аз тавозунаш хориҷ намояд ва ба шахсони дигар ройгон диҳад ё фурӯшад. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ ташкилотҳои дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё молу мулки дигарро харида гирад ба  шарте, ки чунин молу мулк барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон зарур бошад.
3. Давлат ҳимояи ҳуқуқи молу мулки қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад молу мулк, фондҳо, маблағи онро мусодира намояд ё сармояи оинномавиашро кам кунад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти фаъолияти худ, инчунин нигаҳдории молу мулку дороиҳо ва ҳифзи кормандонаш ҳуқуқ дорад хадамоти махсуси амниятӣ ва посбониро  таъсис диҳад ва ҳамчунин тибқи қонун яроқ ва воситаҳои махсуси ҳимоявӣ харидорӣ карда, нигаҳ дорад ва истифода барад.
Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисҳои машваратии байниҳукуматӣ, дар шӯроҳо ва ташкилотҳо дар бораи масъалаҳои сиёсат оид ба пул, додани иҷозатнома барои амалиёти бонкӣ, доир ба масъалаҳои назорати бонкӣ ва масъалаҳои дигар, ки аз салоҳияти онҳо мебошад,  Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, хизматҳои бонкӣ расонад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақсадашон бо роҳи ҳамкории байналмилалӣ ба даст овардани суботи молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад, иштирок намояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ ӯҳдадориҳоеро гирад, ки амалиёт ва иҷрои он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста мебошад.
БОБИ 2. САРМОЯ, ФОИДА
ВА ФОНДҲОИ БОНКИ
МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 10. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 20,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. Он дар асоси Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - Раёсат) бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад зиёд карда шавад.
2. Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба гарав мондан мумкин нест.
3. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва бо мақсади баробар кардани фоида ва зиёни аз ҳисоби азнавбаҳодиҳии арзиши металлҳои  қиматбаҳо ва асъори хориҷии бадастомада, суратҳисоби арзиши азнавбаҳодиҳии истифоданагардида кушода, пешбурди онро анҷом медиҳад.
Моддаи 11. Сметаи солона
1. Ҳамаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон дар сметаи даромад ва хароҷоте, ки Раёсат тасдиқ кардааст, пешбинӣ мегардад.
2. Сметаи даромад ва хароҷот дар давоми сол бояд таҳти назорати  муҳосибӣ бошад, ки он аз тарафи аудити дохилӣ сурат мегирад.
Моддаи 12. Фоида ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон
1. Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муайян карда мешавад.
2. Дар давоми сӣ рӯзи баъди нашри ҳисоботи молиявии аудитшуда Бонки миллии Тоҷикистон фоидаи воқеан бадастовардаи худро бо тартиби зерин тақсим менамояд:
- ба сармояи оинномавӣ - 10 фоиз то пурра ташаккул ёфтани он;
- ба фонди захиравӣ - 60 фоиз то ба 10 фоизи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон баробар шудани он;
- ба буҷети давлатӣ - қисми боқимондаи фоида баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат.
3. Зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои солҳои гузашта дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фонди захиравӣ ва дар ҳолати нокифоя будани он аз ҳисоби сармояи оинномавӣ ҷуброн карда мешавад.
4. Дар ҳолати аз меъёр кам шудани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷуброни каср аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳи баъд аз гирифтани дархости Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пардохти маблағи каср ё барориши ба он баробари коғазҳои қиматноки мӯҳлатнок бо фоизи на камтар аз меъёри бозтамвил қарори дахлдор қабул менамояд.
Моддаи 13. Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон аз пардохти андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ озод мебошад.

БОБИ 3. СИЁСАТИ ПУЛӢ
ВА  ҚАРЗӢ
Моддаи 14. Сиёсати пулӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва баҳодиҳии вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сиёсати пулӣ таъсис медиҳад. Кумитаи сиёсати пулӣ мақоми машваратии байниидоравӣ буда, ба Раёсат тавсияҳо пешниҳод мекунад.
3. Ҳайат, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти Кумитаи сиёсати пулӣ бо низомномаи он, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.
4. Бо мақсади истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди мӯътадили нишондиҳандаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда таҳия намуда, ҳар сол то 1 ноябр ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулӣ дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр менамояд.
Моддаи 15. Воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ воситаю  усулҳои зеринро истифода мебарад:
- меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон;
- меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ;
- амалиёт дар бозори озод;
- қарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзӣ;
- танзими асъор ва амалиёти асъорӣ;
- муқаррар кардани ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул;
- маҳдудкуниҳои миқдории бевосита.
Моддаи 16. Муқаррар кардани меъёрҳои фоизӣ
1. Бо мақсади нигаҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо дар давраи дарозмӯҳлат Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасонӣ ба меъёрҳои фоизи бозорӣ истифода мебарад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳар як намуди амалиёташ меъёри фоизро муқаррар менамояд.
Моддаи 17. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва ӯҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд захираҳои ҳатмӣ муқаррар намояд.
2. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ аз тарафи Раёсат муқаррар карда шуда, метавонанд барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои қарзӣ фарқ дошта бошанд.
3. Дар сурати аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ риоя нагардидани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ Бонки миллии Тоҷикистон маблағи  камомадро аз суратҳисоби онҳо меситонад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ташкилотҳои қарзиро барои риоя накардани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ тибқи Қонуни мазкур ҷарима бандад.
5. Дар сурати бозхондани иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ маблағи захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон буда барои иҷрои ӯҳдадориҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ истифода  мешаванд.
Моддаи 18. Амалиёт дар бозори озод
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки қарзии худ, инчунин дигар коғазҳои қиматноки қарзиро дар бозорҳои молиявӣ хариду фурӯш намояд.
2. Ҳудуди амалиёт дар бозори озод аз ҷониби Раёсат муқаррар карда мешавад.
3. Тартиби барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳоро Раёсат муқаррар менамояд.
Моддаи 19. Маҳдудкунии миқдории бевосита
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисно бо мақсади амалӣ кардани сиёсати пулию қарзӣ маҳдудкунии миқдории бевоситаро ба кор барад.
2. Маҳдудкунии миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёрҳои бозтамвил, маблағи умумии қарз ба иқтисодиёт, манъи иҷрои баъзе амалиёти бонкиро аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ифода мекунад.
Моддаи 20. Муқаррар намудани ҳадди афзоиши ҳаҷми пул
Бонки миллии Тоҷикистон ҳадди афзоиши як ё якчанд нишондиҳандаҳои миқдори пулро мувофиқи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 21. Амалиёти бозтамвил
1. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати пулӣ ва қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо шартҳое, ки давра ба давра аз тарафи Раёсат муқаррар карда мешаванд, метавонад:
1) таҳти таъмини воситаҳои зерин ба ташкилотҳои қарзӣ қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат диҳад:
- коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст;
- коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;
- векселҳои оддӣ ё интиқолии дорои ду ва зиёда паснавишт (индоссамент), ки яке аз онҳо ақаллан ба яке аз ташкилотҳои қарзӣ тааллуқ дошта, мӯҳлати пардохташон аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон на зиёда  аз даҳ моҳ мебошад;
- пасандоз, асъори нақди хориҷӣ, металлҳои қиматбаҳо ва дороиҳои дигари Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ, ки онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун дороиҳои бозоргир  эътироф мекунад.
2) баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматноки зерини ташкилотҳои қарзиро анҷом диҳад:   
- коғазҳои қиматноки дар доираи эмиссияи давлатӣ баровардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;    
- коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ва шартҳоеро, ки мувофиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани қарз ба озмун роҳ дода мешаванд, мунтазам ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон коғазҳои қиматнокро ба ҳисоб  ё аз нав ба ҳисоб намегирад, ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарз, кафолатнома ва ё замонати бевосита ё бавосита намедиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур барои ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ кардааст.
4. Нисбат ба талаботи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи баргардонидани қарзҳои додашуда мӯҳлати даъво татбиқ намегардад.
Моддаи 22. Қарздиҳӣ дар ҳолатҳои фавқулодда
1. Дар ҳолатҳои фавқулодда Раёсат метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи шартҳои муқаррарнамудаи худ оид ба додани қарз барои таъмини пардохтпазирӣ қарор қабул намояд.
2. Қарз дар ҳолатҳои фавқулодда ба мӯҳлати то се моҳ дода мешавад, агар Раёсат муқаррар намояд, ки ташкилоти қарзӣ:
- имкониятҳои дигари қарзгирӣ надошта бошад;
- қобили пардохт бошад;
- дорои молу мулки муносиб барои таъмини қарз бошад.
3. Ҳангоми дар мӯҳлати муайяншуда барнагардонидани қарз Раёсат метавонад мӯҳлати пардохти онро то се моҳи  дигар тамдид намояд, агар ташкилоти қарзӣ дархост ва нақшаи асосноки чорабиниҳоро, ки мақомоти иҷроияаш тасдиқ намудааст, бо нишон додани шартҳои зерин пешниҳод намояд:
- усули баргардонидани қарз;
- чораҳои ислоҳи вазъ барои пешгирии зарурати минбаъдаи қарзгирӣ дар ҳолатҳои фавқулодда.
4. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигар нисбат ба ташкилотҳои қарзие, ки нақшаи чорабиниҳои   пешбиникардаро иҷро намекунанд ё ба натиҷаҳои нақшавӣ ноил намегарданд, тадбирҳои дахлдор меандешад.

БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 23. Принсипҳои асосии ҳамкорӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳое, ки қонун ба вай додааст, мустақил мебошад. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои қабул кардани қарор ваколат доранд, аз ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз мақомоти давлатӣ супориш намегиранд.
2. Ҳар гуна мудохила ба фаъолияти онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда дар таҳияи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши вай яке аз муовинонаш дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳои эҳтимолии худ, ки дорои аҳамияти умумидавлатӣ мебошанд, ба якдигар ахборот медиҳанд, кори худро ҳамоҳанг месозанд, машваратҳо мегузаронанд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани қарзҳо аз тарафи давлат, пардохти қарзи давлатӣ бо дарназардошти таъсири он ба вазъи низоми бонкӣ ва ҳадафҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлат машварат медиҳад.
Моддаи 24. Муносибатҳои қарзӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаю ғайричашмдошт ва нарасидани маблағи буҷети давлатӣ метавонад барои ҷуброни фарқи зиёни он аз Бонки миллии Тоҷикистон қарз гирад. Маблағи умумии қарзи барои ин мақсад гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон набояд аз 10 фоизи маблағи қисми даромади умумии буҷети давлатии соли гузашта зиёд бошад. Қарзҳои гирифта дар давоми 12 моҳ пардохт карда мешаванд.
2. Ба Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман харидани коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти давлатӣ дар давраи аввали барориши онҳо манъ аст.
Моддаи 25. Хизматрасонии қарзи давлатӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалиёти ҷойгиронии вомбаргҳои давлатӣ, адои онҳо ва пардохти фоиз аз рӯи онҳо хизмат расонад.
Моддаи 26. Амонатҳо ва амалиёти кассавӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати амонатнигоҳдорандаи давлат ба хазинадории давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ хизматҳои бонкӣ мерасонад. Бонки миллии Тоҷикистон  пардохтҳоро мувофиқи ҳаҷми маблағҳо дар суратҳисобҳои дахлдор амалӣ месозад.
2. Дар ҳолати зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тибқи қарори Раёсат як қисми маблағи буҷети давлатиро мутобиқи шартнома бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мӯҳлати муайян ҳамчун пасандоз қабул намояд ва барои он фоиз пардохт кунад.
Моддаи 27. Вазифаҳои намояндаи молиявӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатиро бо тартиби зерин ба роҳ мемонад:
- маркетинги коғазҳои қиматноки давлатӣ;
- пардохти маблағи асосии коғазҳои қиматнок, фоизҳо ва дигар подошҳои комиссионӣ;
- иҷрои дигар амалҳое, ки мувофиқи мақcаду вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун намояндаи молиявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ барои нигоҳдории маблағи онҳо бо пули миллӣ, асъор ва коғазҳои қиматнок хизмат расонад. Тартиби хизматрасонии мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба амалӣ карда мешавад.
Моддаи 28. Ташкили хизматрасонии кассавии буҷетҳо
1. Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро муқаррар мекунад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон иҷрои кассавии буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба воситаи бонкҳо амалӣ менамояд ва метавонад амалиёти барои иҷрои буҷетҳо заруриро ба воситаи шӯъбаҳои худ ба ҷо оварад.
Моддаи 29. Бонки миллии Тоҷикистон - бонкдор, мушовири молиявӣ ва намоянда
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонкдор, мушовири молиявӣ,  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои низоми захира ва масъалаҳои дигар мебошад, ки бо фаъолияти бонкӣ вобастаанд.

БОБИ 5. НИЗОМИ ПАРДОХТ
Моддаи 30. Низоми пардохт
Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низоми пардохт буда, роҳбарии ташкил ва таъмини рушди низоми самараноку боэътимоди пардохт, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:
- ба ҳамкории низомҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клиринг бо низомҳои дахлдори дигар, ки ба биржаҳо, бозорҳои коғазҳои қиматнок алоқаманданд, мусоидат менамояд;
- таҳияи усулу технологияҳои нави ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли коғазҳои қиматнокро ба роҳ мемонад;
- барои ҳамкории байни иштирокчиён дар рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои пулӣ шароит фароҳам меоварад.
Моддаи 31. Ташкили ҳисоббаробаркунӣ дар байни бонкҳо
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои байнибонкӣ хизмат расонида, барои ташкили низоми клиринги байнибонкӣ ва дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардааш мусоидат намояд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон барои риояи мӯҳлати пардохтҳо мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.
Моддаи 32. Танзим ва назорати низоми пардохт
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохт:
1) хизматрасониҳоеро, ки ташкилотҳои қарзӣ ё таъминкунандагони хизматрасониҳои пулӣ оид ба ирсол, коркард ва қабули супоришномаҳои пардохтӣ, чекҳо, интиқоли маблағ ва коғазҳои қиматнок ба суратҳисобҳои онҳо ё мизоҷонашон иҷро мекунанд, танзим ва назорат намояд;
2) низомҳои зеринро ташкил ва фаъолияташонро таъмин намояд, барои ташкилу танзими фаъолияти онҳо иҷозатнома диҳад, бақайдгирӣ ва назорати онҳоро ба роҳ монад:
а) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ;
б)  клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар бо коғазҳои қиматнок;
в) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар аз рӯи пардохтҳо (ё мубодилаи коғазҳои қиматнок) бо ҳар гуна асъор дар муқоиса бо пардохтҳои дигар (ё мубодилаи коғазҳои қиматнок) бо асъори дигар;
3) шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян кунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтиро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ намояд;
4) талаботи ҳадди ақалро оид ба боэътимодӣ ва таъмини амнияти ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ, интиқоли маблағ, низоми клиринг, интернет-бонкинг, инчунин таъмини амнияти иттилооти бонкӣ муқаррар намояд.
2. Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад ва мониторинги амалӣ гардидани онро анҷом медиҳад.
Моддаи 33. Стандартҳои байналмилалӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ оид ба ташкилу танзими низоми пардохт стандартҳои байналмилалиро истифода намуда, бо мақсади таъмини амният ва самаранокии он бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои дигар ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 34. Хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, суратҳисобҳо кушода, барои бақияи онҳо фоиз диҳад ё барои хизматрасониаш ҳаққи муайян гирад.

БОБИ 6. РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ
ВА АМАЛИЁТИ АСЪОРӢ
Моддаи 35. Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон  дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар муносибат бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ намояндаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад.
Моддаи 36. Бонки миллии Тоҷикистон - мақоми танзими асъор ва назорати асъор
1. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор буда, вазифаи худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ва дигар қонунҳо амалӣ менамояд.
2. Ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзими асъор инҳо дохил мешаванд:
- нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими амалиёти асъор аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва мақомоти давлатӣ;
- додани иҷозатномаҳо, назорат ва танзими фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо мубодилаи асъор машғуланд, аз ҷумла ташкилотҳои қарзӣ;
- муайян кардани тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
-муайянкунии тарзи муқаррар намудани қурби пули миллӣ нисбати асъори дигар.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи назорати асъор ҳамчун яке аз намояндаҳои давлат амал мекунад. Ҳисобот ва маълумотдиҳӣ оид ба ҳисобҳо ва маълумоти дигарро, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, Бонки миллии Тоҷикистон аз назар мегузаронад.
Моддаи 37. Пешниҳоди ҳисобот оид ба амалиёти асъорӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба иҷрои амалиёти асъорӣ иҷозат доранд, вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи амалиётҳои асъории худ, инчунин оид ба риояи ҳудудҳои мавқеи озоди асъориашон бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Моддаи 38. Захираҳои асъории байналмилалии давлат
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар тавозуни худ ҳамаи захираҳои асъории байналмилалии давлатро нигоҳ медорад.
2. Дар сурати камшавии захираи асъории байналмилалии давлат ё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мушоҳида гардидани тамоюли камшавии он то дараҷае, ки барои гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ ё сари вақт иҷро намудани амалиётҳои байналмилалии давлат зиён расонида метавонад, Бонки миллии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъияти ин захираҳо ва сабабҳое, ки боиси камшавии онҳо шудаанд ё шуда метавонанд, ҳисобот, инчунин оид ба ислоҳи ҳолат тавсияҳо пешниҳод мекунад.
Моддаи 39. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои хориҷии худ ва ҳимояи сармояи оинномавиаш аз  тағйирёбии қурби асъор, як қисми маблағи худро бо асъор ва дигар дороиҳои асъорӣ, ки арзиши онҳо дар бозорҳои байналмилалӣ устувор аст, нигоҳ медорад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи шарт ва ба мӯҳлатҳое, ки Раёсат муқаррар мекунад, захираи байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.
3. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷумла ӯҳдадориҳои шахсони дигар, ки аз тилло ва дигар  металлҳои  қиматбаҳо  иборат мебошад;
- асъори мубодилаи озод, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешавад;
- ӯҳдадории шахсони дигар ва пасандозҳои байнибонкии аз рӯи дархост ё дар мӯҳлати кӯтоҳ пардохтшаванда, ки аз асъори мубодилаи озод иборат буда, дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ё дар тавозуни бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ қарор доранд;
- коғазҳои қиматноки қарзии бозоргири иборат аз асъори мубодилаи озод, ки ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардаанд ё коғазҳои қиматноки қарзие, ки пурра бо даромад ва қарзҳои эмитент таъмин шудаанд;
- талабот ба ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ки дар асоси амалиёти фурӯшу бозхарид ва созишнома оид ба қарз додани коғазҳои қиматноки дар  сархати чоруми қисми 3 моддаи мазкур зикршуда ба миён меояд;
- ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавҷуданд;
- маблағҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор.
4. Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои асъории байналмилалии худро бо дарназардошти ҳифз, таъмини пардохтпазирӣ ва даромаднокии онҳо бо тартиби зикршудаи афзалиятнокӣ идора мекунад.
Моддаи 40. Амалиёт бо асъори хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии асъорро муайян ва амалӣ намуда, ҳуқуқ дорад:
- ҳар гуна амалиётро бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ки онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабулшуда мувофиқ мебошанд, иҷро намояд;
- векселҳои хазинавӣ ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардашуда ва кафолат додашударо харад ва фурӯшад, инчунин аҳдҳои дигарро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабул карда шудаанд, имзо намояд;
- дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои молиявии давлатҳои дигар ҳисобҳо кушояд;
- барои бонкҳои хориҷӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ суратҳисобҳо кушода, инчунин манфиати онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя кунад.
Моддаи 41. Фоида ва зиёни асъорӣ (воқеан гирифтанашуда)
1. Фоида ва зиёни асъории (воқеан гирифтанашуда) дар тавозуни солонаи Бонки миллии Тоҷикистон инъикосгардида, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва ӯҳдадориҳо дар шакли асъор, металлҳои қиматбаҳо ва ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ алоқаманд аст ва вобаста ба тағйирёбии нарх ё қурби мубодилавии ин дороиҳо ва ӯҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадаанд, тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар суратҳисоби махсус (азнавбаҳогузорӣ кардани асъор) ба ҳисоб гирифта мешаванд.
2. Дар сурати манфӣ будани бақияи суратҳисоби махсус (азнав баҳогузорӣ кардани асъор) он аз ҳисоби фоидаи соли ҷорӣ, фонди захиравӣ ва сармояи оинномавӣ ҷуброн карда мешавад.
 
БОБИ 7. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ
ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон - мақоми танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:
- ба ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома медиҳад, онҳоро дар феҳристи бақайдгирӣ сабт мекунад, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд;
- ташкилотҳои қарзиро бо қувваи кормандони худ ё мутахассисони ба ин мақсад ҷалбгардида, аз ҷумла амалиёт, феҳристҳо, ҳуҷҷатҳо ва суратҳисобҳои онҳоро санҷида, риояи талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" ва қонунҳои дигари ба фаъолияти бонкӣ дахлдоштаро мунтазам назорат менамояд;
- аз ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди иттилооти заруриро барои танзим ва назорати фаъолияти онҳо, инчунин оид ба ислоҳи вазъи кунунии онҳо чора диданро  талаб мекунад.
2. Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон мебошад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст.
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ  барои ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ тартиби ҳатмии ҳисобдорӣ, таҳия, пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва  маълумоти омориро муқаррар мекунад.
5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзӣ тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намояд.
Моддаи 43. Ҳамкории иттилоотӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи омори бонкӣ, молиявӣ ва таҳлили вазъи иқтисодӣ бо мақомоти давлатӣ дар ҷамъоварӣ ва нашри маълумоти оморӣ ва дигар маълумот ҳамкорӣ менамояд ва метавонад аз мақомоти давлатӣ иттилооти даркориро дархост ва дастрас намояд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон маводи зеринро нашр менамояд:
- иттилооти умумии оморӣ ва таҳлилӣ дар бораи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳуҷҷатҳо оид ба усулҳои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти оморӣ;
- маълумоти дахлдори оморӣ ва консепсияе, ки ба гузарондани таҳқиқу санҷиши берунии омории анҷомдодаи Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳанд.
Моддаи 44. Пешниҳоди иттилоот
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тавассути дархости хаттӣ аз ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди ҳама гуна иттилоот ва маълумотро дар бораи фаъолияташон, тавзеҳи онҳо ё пешбиниҳои зеринро талаб намояд:
- оид ба масъалаҳои идоракунии корпоративӣ, молиявӣ, меъёрҳои мақбул ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолият ва идоракунии ташкилоти қарзӣ;
- оид ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳо, даромад ва хароҷот, аз ҷумла меъёри фоизии гирифташаванда ва пардохтшаванда, ҳаққи хизмати гирифташаванда ва пардохтшаванда, ӯҳдадориҳо ва тамоми хавфҳои ба вай таҳдидкунанда;
- нисбати ҳар гуна шахси алоқаманди ташкилоти қарзӣ ва ё ҳар гуна шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирифташуда, ки дар ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзӣ нуфузи калон дорад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад иттилооти пешниҳодшударо, ки ба феҳристи иттилоот ё маълумоти махфӣ дохил намешавад, мувофиқи категорияҳои ташкилотҳои қарзӣ ва аз рӯи навъи фаъолияташон дараҷабандӣ шудаанд, пурра ё қисман нашр намояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шабакаи иттилоотиро барои зарурати низоми бонкӣ таъсис диҳад ва нигоҳ дорад.
4. Ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд, ки ҳама гуна маълумоти аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дархостшавандаро сари вақт пешниҳод намоянд.
Моддаи 45. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти назоратии дохилию хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо дигар бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё мақомоти назоратии дохилию берунӣ шартнома баста, дар асоси он мубодилаи маълумот намояд. Мубодилаи чунин маълумот метавонад маълумоти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки шартномаи басташуда махфиятро талаб кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон боварӣ дошта бошад, ки барои таъмини махфияти чунин маълумот чораҳои оқилона андешида шудаанд.
Моддаи 46. Меъёрҳои мақбул
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ меъёрҳои мақбул тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 47. Санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон назорати маҷмӯии фаъолияти ташкилотҳои қарзиро бо тартиби зерин анҷом медиҳад:
- ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;
- аз ташкилотҳои қарзӣ ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ, ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб мекунад;
- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмдорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ ва оид ба шахсе, ки барои ба даҳ ва зиёда фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ соҳиб шудан муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;
- санҷиши ташкилоти қарзӣ, ҷамъиятҳои вобастаи он ва бонкҳои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.
2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзиро дар бар мегирад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзиро аз санҷиш мегузаронад, ба истиснои намояндагиҳои онҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд.
4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда, барои риояи талаботи махфияти маълумот масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии  ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳои электрониро ба шахсони мазкур таъмин намоянд.
5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки санҷишгарон талаб мекунанд, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ вазифадоранд ба гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба  мусоидат намоянд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.
7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Узви Раёсат, корманд ва намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳар шахсе, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур барои гузаронидани санҷиш, инчунин ба сифати мудири муваққатӣ таъин ё ҷалб гардидааст, барои зиёни ҳангоми дар доираи Қонуни мазкур софдилона иҷро кардани ӯҳдадории вазифавӣ расонидашуда, масъул намебошад.
9. Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони мазкур ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳо аз даъвои судии вобаста ба софдилона иҷро кардани ӯҳдадориҳои вазифавиашон пешниҳодшударо кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста шудани онҳо.
Моддаи 48. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти қарзӣ, кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:
- талаботи Қонуни мазкур, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо сари вақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;
- амалиёти бонкии дорои хавфи аз меъёр зиёд ё нодурустро анҷом додаанд.
2. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти қарзӣ як ё якчанд чораҳои ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
- ба ташкилоти қарзӣ амрнома фиристад;
- ба ташкилоти қарзӣ дастур диҳад;
- аз ташкилоти қарзӣ таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ислоҳи вазъи ба амаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзӣ қатъ кардани анҷомдиҳии баъзе амалиётро талаб кунад;
- тақсими ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро манъ намояд;
- ҳама гуна маҳдудиятро барои додани қарз муқаррар созад;
- илова ба маблағи захираҳои ҳатмие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар мӯҳлат ва ба маблағи муайян зиёд кардани онҳоро аз ташкилоти қарзӣ талаб намояд;
- аз раиси Шӯрои нозирон даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади бартараф кардани онҳо талаб намояд;
- аз раис ё раёсати ташкилоти қарзӣ талаб намояд, ки солимгардонии молиявии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бо усули тағйирдиҳии таркиби дороиҳои онро амалӣ намояд;
- аз ташкилоти қарзӣ муваққатан ё пурра аз кор барканор кардани як ё якчанд корманди роҳбарикунандаро талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзӣ аз вазифа сабукдӯш кардани раис ё дигар узви Шӯрои нозиронро дархост намояд;
- азнавташкилдиҳи (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ)-и ташкилоти қарзиро талаб намояд;
- барои ташкилоти қарзӣ меъёрҳои мақбулро ба мӯҳлати то шаш моҳ тағйир диҳад;
- ба ташкилоти қарзӣ иҷрои баъзе амалиёти дар иҷозатномаи он муайяншударо ба мӯҳлати то дувоздаҳ моҳ боздорад;
- кушодани филиал ва воҳиди дигари сохториро ба ташкилоти қарзӣ манъ кунад;
- қабул ва интиқоли дороиҳоро аз ҷониби ташкилоти қарзӣ, инчунин пардохти суди саҳмияҳоро маҳдуд намояд;
- мутобиқи қонун нисбат ба кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ муҷозоти ҷаримавиро татбиқ кунад;
- ваколатҳои мақомоти идоракунии ташкилоти қарзи (Маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокдорон), Шӯрои нозирон, мақомоти иҷроия)-ро боз дошта, барои солимгардонии ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни мазкур маъмурияти муваққатӣ таъин намояд;
-ба ташкилоти қарзӣ ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавӣ ҷарима бандад;
- аз саҳмдорони ташкилоти қарзӣ пурра кардани сармояи онро талаб кунад;
- иҷозатномаи ба ташкилоти қарзӣ додашударо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" бозхонд намояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон инчунин метавонад ташкилотҳои қарзиро дар ҳолатҳои зерин ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад ва бартараф намудани камбудӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳоро дар мӯҳлати муқарраргардида талаб намояд:
- агар ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳар гуна ҳисобот, маълумоти оморӣ, дигар иттилооти нопурра ва носаҳеҳро пешниҳод намояд;
- агар ташкилоти қарзӣ маълумот оид ба муштарӣ, хавфҳои муайяни муштариёни хосааш ва ҳар гуна иттилооти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дархостшударо пешниҳод накунад ё пешниҳоди онро ба таъхир андозад;
- барои камбудӣ ва қонунвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи санҷиши бевоситаи фаъолияти ташкилоти қарзӣ ошкор гардидаанд.
4. Дар ҳолати талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро накардани ташкилоти қарзӣ, ҷаримабандӣ мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур то бартараф кардани камбудиҳо идома меёбад.
5. Маблағи ҷарима аз суратҳисоби муросилотии (корреспондентии) дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодаи ташкилоти қарзӣ, бе супориши он ситонида мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани чунин суратҳисоб дар Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи ҷарима аз ташкилоти қарзӣ тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад.
6. Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Раёсат муайян карда мешавад.
7. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар моддаи мазкур пешбинигардидаро Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як сол аз рӯзи аз ҷониби ташкилоти қарзӣ содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо, аммо на дертар аз се моҳ баъди ошкор шудани онҳо амалӣ менамояд.
8. Татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, масъулияти ташкилоти қарзиро тибқи дигар  қонунҳо истисно намекунад.
Моддаи 49. Маъмурияти муваққатӣ
1. Маъмурияти муваққатӣ мақоми махсуси идоракунии ташкилоти қарзӣ мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавии он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мӯҳлати то шаш моҳ таъин карда мешавад.
2. Мӯҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ имкон дорад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон то шаш моҳ тамдид карда шавад.
3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ (ё тамдид кардани мӯҳлати ваколатҳои он) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯз аз санаи қабули он тавассути ду рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
4. Роҳбарии маъмурияти муваққатиро мудири он (мудири муваққатӣ), ки аз номи ташкилоти қарзӣ бе ваколатнома амал мекунад, анҷом медиҳад.
5. Мудири муваққатӣ аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ё мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, таъин карда мешавад ва:
- намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба дастурҳои он итоат мекунад ва дар тамоми давраи иҷрои ӯҳдадориҳояш ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;
- ба муқаррароти Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, дастурамалу амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ташкилоти қарзӣ итоат менамояд. Мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, бояд ба талаботи тахассусӣ, ки нисбат ба роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" татбиқ мегарданд, ҷавобгӯ бошанд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолати зарурӣ мудири муваққатиро  иваз ё аз вазифа барканор намояд.
Моддаи 50. Асос барои таъин намудани маъмурияти муваққатӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маъмурияти муваққатиро дар ҳолатҳои зерин таъин намояд, агар:
- Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки ташкилоти қарзӣ ягон муқаррароти қонун, санади меъёрии ҳуқуқӣ, амрнома ё дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардааст ё бо ягон намуди фаъолияти шубҳаовар (беэътимод), ки вазъи ташкилоти қарзиро заиф намуда, манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ қарор додааст ё боиси талаф шудани дороиҳои ташкилоти қарзӣ гардидааст, машғул шудааст;
- Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки  ташкилоти қарзӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
- Бонки миллии Тоҷикистон ошкор кунад, ки ташкилоти қарзӣ барои пешбурди амалиёти бонкӣ дар ҳолати ноустувор қарор дорад ва ин ҳолатро зуд беҳтар карда наметавонад;
- ташкилоти қарзӣ аз ӯҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш монеъ гардад;
- ташкилоти қарзӣ бо қарори Шӯрои нозирон ё саҳмдорон таъини маъмурияти муваққатиро талаб кунад;
- сармояи ташкилоти қарзӣ аз 50 фоизи ҳадди муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон барои кифоятии сармоя тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" камтар шавад;
- фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфовар бошад.
Моддаи 51. Натиҷаҳои таъин намудани маъмурияти муваққатӣ
Баъди таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ:
- ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмдорон, пасандоздорон ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ доранд, боздошта шуда, ба мудири муваққатӣ дода мешаванд. Касе ҳақ надорад барои додани ҳуқуқҳо ба мудири муваққатӣ ё амалӣ намудани онҳо аз тарафи вай монеъ гардад;
- ҳар гуна амал ё қароре, ки аз тарафи ташкилоти қарзии дар итоати маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё аз номи он (ё аз тарафи саҳмдорон ё роҳбарони он) қабул мешавад, беэътибор мебошад,  агар он аз тарафи мудири муваққатӣ ё таҳти роҳбарии вай қабул нашуда бошад, аз ҷумла интиқоли пул ё коғазҳои қиматнок, ки бонкҳо тавассути низоми ҳисоббаробаркунии пардохт ё низоми ҳисоббаробаркунии коғазҳои қиматнок анҷом додаанд ва онҳо қабл аз ба кор оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ бебозхонд шудаанд;
- мӯҳлати муқарраркардаи қонун, шартнома ё ба таври дигар муқарраршуда, ки баъди ба охир расидани он ҳар гуна талабот ё ҳуқуқи ташкилоти қарзӣ қатъ меёбад ё пардохт карда мешавад, худ аз худ аз рӯзи сипаришавии он ба мӯҳлати шаш моҳ тамдид карда мешавад.
Моддаи 52. Вазифаҳои маъмурияти муваққатӣ
Маъмурияти муваққатӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ фавран чораҳои зеринро меандешад:
- ҳамаи кӯшишҳои худро софдилона барои таъмини нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзӣ ба харҷ медиҳад;
- ҳисобрасии муфассали (инвентаризатсияи) дороиҳо, аз ҷумла дороиҳои воқеӣ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзиро оғоз менамояд;
- ба тамоми воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ оид ба ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзӣ огоҳиномаро бо зикри санаи ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ, ки он набояд аз санаи ирсоли огоҳинома пештар бошад, ирсол менамояд;
- тавассути рӯзномаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ, он ҷойҳое, ки воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ ҷойгиранд, оид ба оғози фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзӣ эълон менамояд;
- ҳамаи молу мулки воқеӣ, сабтҳо ва дигар дороиҳои ташкилоти қарзиро, аз ҷумла аз бонкҳои фаръии он бозпас мегирад;
- ҳуқуқ дорад кормандони роҳбарикунанда ва кормандони дигари ташкилоти қарзиро аз вазифа барканор ва ё озод намояд;
- иваз намудани ҳамаи қулфҳо, маҳдуд намудани иҷозати гирифтани калидҳои онҳо, тағйир додани рамзҳои истифодаи компютерҳо, додани рухсатномаҳои нав, бекор кардани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзӣ амал мекарданд, инчунин муқаррар намудани маҳдудиятҳои дигарро барои дастрасии  объектҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзӣ анҷом медиҳад;
- ташкилотҳои қарзӣ, бақайдгирандагон, намояндаҳо ва агентҳо, ки ба коғазҳои қиматнок сару кор доранд, инчунин идоракунандагони дороиҳои берунии ташкилоти қарзиро дар бораи тағйир ёфтани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзӣ дастурҳо медоданд, огоҳ менамояд;
- ҳама гуна пардохтҳоро ба моликон, саҳмдорон ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ба истиснои музди меҳнати онҳо бозмедорад;
- дар тамоми филиалҳои ташкилоти қарзӣ намояндаҳои худро таъин менамояд.
Моддаи 53. Ҳисоботи мудири муваққатӣ
1. Мудири муваққатӣ дар давоми сӣ рӯз пас аз санаи таъин шуданаш ба Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи вазъи молиявӣ ва нақшаи солимгардонии ташкилоти қарзӣ ҳисоботи пешакӣ пешниҳод мекунад, ки иборат аз:
1) ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзӣ, ки аз ҷониби мудири муваққатӣ таҳия гардида, дар он вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзӣ нишон дода мешавад;
2) тавсияи андешидани яке аз чораҳои зерин нисбат ба ташкилоти қарзӣ:
а) солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ на танҳо бо роҳи таҷдиди сохтори он, балки бо истифода аз ваколатҳои дар моддаҳои 55-58 пешбинишуда;
б) бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ.
2. Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи мудири муваққатӣ дар муддати понздаҳ рӯз қарори дахлдор қабул мекунад.
3. Мудири муваққатӣ вазифадор аст, ки ҳар моҳ оид ба фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот диҳад.
Моддаи 54. Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон ва иҷрои ӯҳдадориҳои дигари ташкилоти қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, ки дар он маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст, метавонад пардохти маблағро аз рӯи ҳар гуна ӯҳдадории ташкилоти қарзӣ то як моҳ боздорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлатро ба як моҳи дигар тамдид намояд, вале ин мӯҳлат набояд аз се моҳ зиёд бошад.
2. Дар давраи мораторияи пардохтҳо ба оғози парвандаи судӣ, идомаи парвандаҳои оғозшуда ё таъқиби судӣ барои иҷрои маҷбурӣ ё ба иҷро кардани ҳуқуқи гарав нисбат ба молу мулки ташкилоти қарзӣ роҳ дода намешавад. Дар ин давра бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзӣ ҳамчун гарав, соҳиб шудани қарздеҳ ба ҳуқуқи қонеъгардонии афзалиятнок аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои мавҷуд будани санадҳои судӣ, ки қабл аз таъини маъмурияти муваққатӣ қабул шудаанд, манъ аст.
Моддаи 55. Амалӣ намудани нақшаи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ
1. Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудани қарор дар бораи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ бо истифода аз ваколатҳои махсус, мудири муваққатӣ метавонад таҷдиди сохтори ташкилоти қарзиро тибқи моддаҳои 56-59 тариқи зайл анҷом диҳад:
- пурра кардани сармояи ташкилоти қарзӣ;
- ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавии ташкилоти қарзӣ бо дигар ташкилоти қарзӣ ё додани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилоти қарзӣ ба ташкилоти қарзии дигар;
- интиқол ё фурӯши ҳар гуна дороӣ ё ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ба ташкилоти қарзии дигар.
2. Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ваколатҳои назорат ё имтиёзҳои саҳмдорон (ҳуқуқи афзалиятнок) харид нисбат ба барориши саҳмияҳо, талаботи аз ҷониби саҳмдорон тасдиқ шудани амалиёте, ки ба сармоя ё молу мулки ташкилоти қарзӣ таъсир мерасонад ва ғайра) ба таҷдиди сохтор, ки мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад, монеъ намегарданд.
3. Ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ, ки аз рӯи созишномаҳояш сари вақт иҷро нашудаанд ва ё бекор карда шудаанд, ҳангоми татбиқи чораҳо оид ба таҷдиди сохтор ба инобат гирифта намешаванд.
Моддаи 56. Пурра кардани сармоя
Бо мақсади пурра кардани сармояи ташкилоти қарзие, ки дар он маъмурияти муваққатӣ таъин шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои андешидани чораҳои зарурӣ ё қобили қабули зерин ваколатдор намояд:
- аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои беқурбшуда ва мутаносибан кам кардани сармояи ташкилоти қарзӣ;
- барориши саҳмияҳои иловагии навъҳои мавҷуда ё саҳмияҳои нав ё ҳар ду;
- ба саҳмияҳои оддӣ табдил додани қарзи субординарии ташкилоти қарзӣ;
- кам кардани сармояи ташкилоти қарзӣ тавассути бозхариди саҳмияҳои мувофиқи обуна баровардашуда ё беэътибор донистани саҳмияҳо бидуни қонеъгардонии талаботи мутақобил;
- дигар ваколатҳое, ки барои пурра кардани сармояи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода мешаванд.
Моддаи 57. Харидан, ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавӣ
Харидани ташкилоти қарзии аз тарафи маъмурияти муваққатӣ идорашаванда аз ҷониби дигар ташкилоти қарзӣ (ё ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавии он бо дигар ташкилоти қарзӣ) имкон дорад бо роҳи интиқол додани қисми зиёди саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ ба дигар ташкилоти қарзӣ ба ивази саҳмияҳо ё маблағҳои пулии он ё ба ивази ҳар ду анҷом дода шавад.
Моддаи 58. Интиқоли дороӣ ва ӯҳдадориҳо
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои интиқол додани ҳамаи дороӣ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзие, ки аз тарафи маъмурияти  муваққатӣ идора мешавад ё интиқол додани як қисми онҳо ба дигар ташкилоти қарзӣ ваколатдор намояд.
Моддаи 59. Ҳимояи қарздеҳ ва тартиби пардохти ҷуброн
1. Интиқоли дороиҳо ҳангоми таҷдиди сохтор дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- интиқоли молу мулки таҳти гарав қарордошта (дар доираи ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдории ҳар гуна дороӣ ё молу мулк, гарави молу мулки ғайриманқул ё ҳар гуна намуди дигари ҳуқуқи гарав), агар дар баробари он ӯҳдадории ташкилоти қарзӣ ва манфиати ба ҳуқуқи гарав вобастаи он  низ интиқол дода нашавад;
- додани танҳо як қисми ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки дар қарордод ҷиҳати ҳисоббаробаркунии талаботи мутақобила зикр шудаанд.
2. Агар мутобиқи арзёбии мустақил қарздеҳи ташкилоти қарзие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, бинобар таҷдиди сохтор дар ҳолати бадтар аз ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ қарор дошта бошад, он гоҳ қарздеҳи мазкур барои гирифтани ҷубронпулӣ ва маблағе, ки қарздеҳро дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ баробар мекунад, ҳуқуқ дорад.
Моддаи 60. Ваколатҳои мудири муваққатӣ
1. Мудири муваққатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) давом додани иҷрои амалиёти бонкӣ аз номи ташкилоти қарзӣ ё қатъ намудани онҳо;
2) ҷалби қарзҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон;
3) иҷрои ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё маҳдуд кардани онҳо;
4) тағйир додани меъёрҳои фоизӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ то меъёрҳои дахлдори дар бозор  амалкунанда;
5) ба кор ҷалб кардани шахсони  мансабдор, кормандон ва мушовирони зарурӣ;
6) қатъ намудани шартномаи кироя барои хизматрасонӣ ё шартномаи иҷора, ки ташкилоти қарзӣ иштирокчии он мебошад;
7) ифшои иттилоот дар бораи ташкилотҳои қарзӣ ва амалиёти онҳо, аз ҷумла иттилооти дорои хусусияти махфӣ бо мақсади солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ;
8) хариду фурӯши мол, хизматрасонӣ ё молу мулки дигар аз номи ташкилоти қарзӣ;
9) барориши ҳама гуна воситаҳои пардохтӣ аз номи ташкилоти қарзӣ;
10) ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намудан аз номи ташкилоти қарзӣ дар суд;
11) анҷом додани амалҳои зерин дар бораи баргардонидани маблағҳои мӯҳлати пардохташон гузашта:
а) фурӯши молу мулки ба гарав гирифташуда;
б) аз қарздорон талаб намудани пардохти қарзҳои мӯҳлаташон гузашта, пешниҳоди таъминот ва  кафолатҳои иловагӣ;
12) ба имзо расондани қарордод бо қарздорон дар бораи пеш аз мӯҳлат пардохт намудани қарз;
13)  пешниҳод намудани харидории қарзҳои пардохтанашуда ба шахсони дигар;
14) андешидани чораҳо дар бораи баргардонидани дигар қарзҳои қарздорони ташкилоти қарзӣ;
15) анҷом додани чораҳои зарурии дигар на танҳо тавассути азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ бо роҳи тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқии он ва табдилдиҳии он ба ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ.
2. Мудири муваққатӣ ҳуқуқи боздоштан ё бекор кардани ҳар гуна  қарори мақомоти идоракунии ташкилоти қарзиро, ки мухолифи манфиати муштариён ва пасандоздорон аст, дорад.
Моддаи 61. Анҷоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ
1. Фаъолияти маъмурияти муваққатӣ баъди ба охир расидани мӯҳлати ваколатҳо (ё мӯҳлати тамдиди он) ё қабл аз ба охир расидани ин мӯҳлат (ё мӯҳлати тамдиди он) бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки асосҳои таъин шудани он бартараф шудаанд ё мутобиқи моддаи 53 Қонуни мазкур барқарор кардани ташкилоти қарзӣ имконнопазир аст.
2. Баъди ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ бинобар беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ:
- тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбат ба ташкилоти қарзӣ, мақомоти идоракунӣ, кормандони роҳбарикунандаи он муқаррар шуда буданд, бекор мегарданд;
- ҳамаи тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, мақомоти идоракунӣ ва ҳайати кормандони ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун ҳангоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ворид шудаанд, амал мекунанд.
Моддаи 62. Барҳам додани ташкилоти қарзӣ
Агар фаъолияти маъмурияти муваққатӣ боиси беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкии онро бозхонда, ба суд бо ариза дар бораи барҳам додани ташкилоти қарзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат менамояд.

БОБИ 8. НИЗОМИ ПУЛӢ ВА ТАШКИЛИ
МУОМИЛОТИ   ПУЛӢ
Моддаи 63. Низоми пулӣ
Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 64. Воситаи қонунии пардохт ва эмиссияи пули миллӣ
1. Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва дар гардиш қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна ӯҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 65. Тавсифи пули миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар хусусиятҳои пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад.
Моддаи 66. Чопи пули миллӣ ва тадбирҳои таъмини амнияти он
1. Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигоҳдории нишонаҳои пулӣ, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда тадбирҳо меандешад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани онҳо дар матбуот чоп карда мешавад.
3. Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва ба ивази онҳо ба муомилот пулҳои коғазӣ ва танга мебарорад.
5. Агар ороиши пулҳои ивазшаванда ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошад, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад.
Моддаи 67. Таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бояд ҳангоми пайдо шудани талаботи иқтисодиёт ба пул онро бо нишонаҳои пулӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи худ таъмин намояд.
Моддаи 68. Аз муомилот баровардани нишонаҳои пулӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат метавонад ҳар гуна пули коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, ба ивазашон пулҳои ҳамарзиши дигари коғазӣ ва тангаҳо барорад.
2. Баъди ба охир расидани давраи ивазкунӣ, ки ба гирифтани пулҳои коғазӣ ва танга аз муомилот ва ба дигар пулҳои коғазӣ ва тангаҳо иваз намудани онҳо вобаста аст, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои ҳамин тавр аз муомилот баровардашуда дигар воситаҳои пардохтӣ буда наметавонанд.

БОБИ 9. ҲИСОБОТДИҲӢ ВА НАЗОРАТИ МУҲОСИБӢ
 Моддаи 69. Соли молиявӣ
Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 январ оғоз ёфта,  31 декабр ба охир мерасад.        
Моддаи 70. Ҳисоботи солона
Баъди ба охир расидани соли молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот тартиб медиҳад, ки он ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад:
- ҳисоботи тавозунӣ, ҳисобот оид ба фоида ва зиён, ҳисобот оид ба тағйирёбии сармоя ва ҳисоботи зарурии дигар;
- усулҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани ҳисоботи молиявӣ аз он истифода намудааст;
- шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, арзёбии вазъият ва рушди ояндаи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 71. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
1. Пешбурд ва тартиб додани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ анҷом дода мешаванд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъди анҷом ёфтани ҳар моҳи ҳисоботӣ, ҳисоботи тавозунии мухтасаршударо, ки вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро дар рӯзи кории охирини моҳи анҷомёфта инъикос мекунад, дар сомонаи худ нашр намояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ маълумот нашр менамояд.
Моддаи 72. Ӯҳдадориҳои шартӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ӯҳдадориҳои муайян мебошад, ки қисме аз онҳоро ӯҳдадориҳои шартӣ (кафолатномаҳо, маблағҳои муштариён дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳое, ки дар асоси баҳсҳои судӣ пайдо шудаанд) ташкил медиҳанд.
2. Охири ҳар сол Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои шартиаш иттилоъ медиҳад, агар:
- маблағи ӯҳдадориҳои шартӣ аз панҷ фоизи дороиҳои софи он зиёд бошад;
- маблағи дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуда дар давоми 3 соли охир аз ҷониби муштарӣ талаб карда нашуда бошад.
3. Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз зарурати баррасии мукаммали ӯҳдадориҳои шартӣ бармеояд, Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниҳод менамояд.
Моддаи 73. Пешниҳод ва нашри ҳисобот
Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 30 июн ҳисоботи солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад.

БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ БОНКИ МИЛЛИИ
ТОҶИКИСТОН
Моддаи 74. Сохтор ва мақомоти идоракунӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз Дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои минтақавӣ иборат аст.
2. Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии коллегиалӣ буда, самтҳои асосии фаъолият, роҳбарӣ ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян ва амалӣ шудани онҳоро назорат мекунад.
3. Раёсат аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон, се нафар муовинони ӯ ва се нафар аъзои мустақил, ки бо пешниҳоди раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, иборат мебошад.
4. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ бо Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, фармонҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешавад.
5. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои Раёсат бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ бошанд, доғи судӣ надошта,  ба ташкилотҳои муфлисшуда роҳбарӣ накарда бошанд.
6. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
7. Аъзои Раёсат ба мӯҳлатҳои зерин таъин карда мешаванд:
- раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба мӯҳлати ҳафт сол;
- муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба мӯҳлати панҷ сол;
- аъзои мустақили Раёсат - ба мӯҳлати чор сол.
8. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифаҳои худ таъин карда шаванд.
9. Аъзои мустақили Раёсат аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, муассисаҳои илмии иқтисодӣ ва собиқадороне, ки аз соҳаҳои иқтисод, молия ва бонкдорӣ ба нафақа баромадаанд, таъин карда мешаванд. Ба шахсони мазкур аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон подошпулӣ муқаррар карда мешавад.
10. Дар сурати аз вазифа озод шудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовинони ӯ, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд.
Моддаи 75. Асосҳои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат
1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:
- бинобар гузаштани мӯҳлати ваколат;
- иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ, ки бо хулосаи комиссияи тиббӣ тасдиқ шудааст;
- додани аризаи шахсӣ дар бораи истеъфо;
- нисбат ба онҳо баровардани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он;
- риоя накардани маҳдудиятҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд;
- суиистифода аз вазифа;
- иштирок накардан дар маҷлисҳои Раёсат дар муддати тӯлонӣ (зиёда аз се моҳ) бе огоҳ кардани Раёсат.
2. Ҷойи холӣ дар Раёсат бояд бо таъин намудани узви нав дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пур карда шавад.
3. Аъзои Раёсат ҳуқуқ доранд дар бораи истеъфои худ дар муддати на дертар аз се моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намоянд.
Моддаи 76. Ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон
1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:
- аз  номи Бонки миллии Тоҷикистон бе ваколатнома амал мекунад ва манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои дигар, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, шартномаҳо ба имзо мерасонад, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд,  қарорҳо  қабул  мекунад;
- барои таъмини иҷрои қарорҳои Раёсат масъул аст;
- ваколатҳоеро, ки Раёсат ба зиммаи ӯ вогузор намудааст, амалӣ менамояд;
- амалиёти ҳаррӯзаи Бонки миллии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- дар ҷаласаҳои Раёсат раисӣ мекунад;
- ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мегузорад;
- вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;
- хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
- фармонҳо мебарорад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он ҳатмӣ мебошад;
- барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул буда, амалӣ намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.
2. Дар вақти набудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро муовини якум, дар набудани муовини якум, яке аз муовинон иҷро менамояд.
Моддаи 77. Ваколатҳои Раёсат
1. Раёсат ваколатҳои зеринро дорост:
- сиёсати пулии давлатро таҳия менамояд, аз ҷумла маҳдудкунии амалиётро дар бозори озод, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, меъёри фоизӣ аз рӯи амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, шартҳои додани қарзҳо, намудҳо ва маблағи захираҳо, ки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ бояд онҳоро дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд, муқаррар мекунад;
- сиёсати асъории давлатро татбиқ менамояд, аз ҷумла қурби расмии асъорро муайян мекунад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро барои истифодаи умум қабул ва тасдиқ менамояд;
- гузориш ва ҳисоботро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, баррасӣ менамояд;
- дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ қарорҳо қабул менамояд;
- арзиши номиналӣ, ороиши пулҳои коғазӣ ва тангаҳо, тартиби ба муомилот баровардани онҳо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;
- сиёсати идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзӣ қарор қабул мекунад;
- бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;
- ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- дар бораи мушаххасоти баровардани ӯҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;
- сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, маоши вазифавии хизматчиён, талаботи тахассусиро ба онҳо ва дигар пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва шароити ба кор қабул намудани хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- шӯъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;
- сметаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- ҳар гуна айбдоркуниро оид ба суиистифода аз ваколатҳои  мансабӣ ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои аъзои Раёсатро баррасӣ намуда, дар сурати асоснок донистани онҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристад;
- шартҳо ва ҳолати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун бонкдор, мушовир ва намояндаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни мазкур муайян мекунад;
- аудитори берунии Бонки миллии Тоҷикистонро бо тавсияи кумитаи аудит таъин мекунад;
- низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- тартиби суғуртаи тиббии хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;
- масъалаҳои дигари ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон алоқамандро, ки мувофиқи Қонуни мазкур дар ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Раёсат барои иҷрои вазифаҳои худ бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати пулию қарзӣ, таъмини рушди низоми бонкӣ ва устувории молиявӣ, инчунин барои назорати дохилӣ метавонад кумитаҳо таъсис дода, тартиби фаъолияти онҳоро муқаррар намояд.
Моддаи 78. Маҷлиси Раёсат
1. Маҷлиси Раёсат аз тарафи раиси Раёсат ё муовини ӯ  на камтар аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст.
2. Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатҳои шахсӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ё дигар манфиатҳои аъзои Раёсат, аз ҷумла ба раис ё муовинони ӯ дахл дошта бошад, шахсони мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд хабар диҳанд ва онҳо ҳақ надоранд дар овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала иштирок намоянд.
3. Дар бораи даъват намудани маҷлис на дертар аз се рӯзи корӣ хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ин сурат маҷлисҳои Раёсат фаврӣ даъват шуда метавонанд. Ба аъзои Раёсат рӯз, ҷойи гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи он хабар дода мешавад.
4. Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, агар дар он аз нисф зиёди аъзои Раёсат, аз ҷумла раиси Раёсат ҳузур дошта бошанд.
5. Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад ба таври пӯшида гузаронида шаванд.
6. Ҳар як узви Раёсат, ки дар маҷлис ҳузур дорад, дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошад, аз ҷумла раиси Раёсат ва муовини ӯ ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои тақсими баробари овозҳо, ки дар он ҳолат раиси маҷлис дорои овози ҳалкунанда мебошад.
7. Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба таври пурсиш, бе даъват намудани маҷлис қабул карда мешавад.
8. Дар ҳама ҳолатҳо қарори Раёсат бо аксарияти овозҳои аъзои Раёсат, ки аз рӯи масъала ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, қабул карда мешавад.
9. Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.
10. Қарори Раёсат бо сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.
11. Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мегузоранд.
12. Тартиби омодасозии мавод ба баррасии маҷлиси Раёсат ва барасмиятдарории қарорҳои он бо Дастури Раёсат, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.

БОБИ 11. КОРМАНДОНИ БОНКИ
МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 79. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон
1. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро роҳбарият (раис ва муовинони ӯ) ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
2. Шартҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, ҳуқуқ ва вазифаҳои хизматӣ, муҷозоти интизомии хизматчиён ва пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Раёсат муқаррар менамояд.
3. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар давоми як моҳи баъди ба вазифа таъин шуданашон ва аввали ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Раёсат бо тартиби муқаррарнамудаи он дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзӣ), ки молики онҳо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд ва бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
4. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки   вазифаҳои рӯйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд танҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахсӣ қарз гиранд. Шахсони мазкур ӯҳдадоранд дар бораи қарзе, ки қаблан то ба вазифаҳои ишғолкардаи худ таъин шуданашон аз ташкилотҳои қарзӣ гирифтаанд, Раёсатро огоҳ намоянд.
5. Хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадоранд оид ба ҳар қарзи аз ташкилотҳои қарзӣ гирифтаашон ба Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
6. Раёсат тартиби додани қарзро ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тиббӣ, таҳсил ва дигар мақсадҳои оилавӣ муқаррар менамояд.
7. Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии қарзеро, ки кормандон аз ташкилотҳои қарзӣ мегиранд, муқаррар намояд.
8. Хизматчиёни алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки кори онҳо бо хавфи таҳдид ба ҳаёташон алоқаманд аст, мутобиқи номгӯи тасдиқнамудаи Раёсат бо суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта  мешаванд.
Моддаи 80. Бархӯрди манфиатҳо
1. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд ягон хел манфиатҳои кориро, ки дорои хусусияти тиҷоратӣ, қарзӣ ё хусусияти дигаранд, намояндагӣ кунанд ва дар қабули қарор оид ба ин масъалаҳо иштирок намоянд, агар онҳо хилофи вазифаҳои хизматиашон бошанд.
2. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон бояд аз ҳар гуна ҳолате, ки сабаби ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо мегардад, канораҷӯӣ намоянд.
3. Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд:
- кори дигари музднокро, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ иҷро намоянд;
- узви мақоми идоракунии (назоратии) ташкилотҳои қарзӣ бошанд;
- молик ё идоракунандаи бовариноки зиёда аз панҷ фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои қарзӣ бошанд.
4. Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Тоҷикистон аз ягон шахс гирифтани тӯҳфа ё қарз барои худ, ки ин рафтор барои беғаразона иҷро намудани вазифаҳои ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон вайронкунии ҷиддии интизоми меҳнат ҳисоб мешавад. Чунин қоидавайронкунӣ аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод намудан бе пардохтани ҷубронпулӣ асос шавад.
5. Вақте ки масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онро ифшо карда, дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ӯ сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба ҳисоб гирифта намешавад.
Моддаи 81. Махфият
1. Аъзои Раёсат, аз ҷумла аъзои собиқи он, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони собиқи он ҳуқуқ надоранд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифаашон дар Бонки миллии Тоҷикистон ба онҳо маълум шудааст, фош намоянд ва маълумоти мазкурро ба мақсадҳои шахсӣ истифода баранд.
2. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур қайдгардида метавонанд маълумотеро, ки сирри Бонки  миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ҳолатҳои зерин фош намоянд:
- дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллуқ дорад;
- агар манфиатҳои Бонки миллии Тоҷикистон фош намудани чунин маълумотро дар мурофиаи судӣ талаб кунанд;
- ҳангоми аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон, бо талаби аудиторон;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ".

БОБИ 12. АУДИТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 82. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Ба ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон бояд хулосаи аудиторӣ дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит гузаронида мешавад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати эътирофшудаи аудиторӣ, ки ғолиби озмун гардидааст, қарордод мебандад ва ҳисоботу иттилооти барои гузаронидани аудит заруриро пешниҳод мекунад.
3. Қарордод дар бораи гузаронидани аудит бояд ҳаҷми иттилооти ба ширкати аудиторӣ пешниҳодшаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани иттилооти гирифташуда пешбинӣ кунад.
4. Як ширкати аудиторӣ наметавонад пайваста бештар аз панҷ сол аудити Бонки миллии Тоҷикистонро гузаронад.
5. Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ширкатҳои аудитории хориҷие, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистонро мегузаронанд, татбиқ намегардад.
Моддаи 83. Аудити дохилӣ
1. Аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Департаменти аудити дохилӣ амалӣ гардонда мешавад.
2. Ба Департаменти аудити дохилӣ сараудитори Бонки миллии Тоҷикистон, ки ӯро раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо розигии Раёсат ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, роҳбарӣ мекунад. Сараудитор ба мӯҳлати панҷ сол таъин гардида, метавонад ба ин вазифа боз аз нав таъин шавад. Сараудитор бояд шахси дорои таҷрибаи кофии касбӣ дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ бошад.
3. Сараудитор аз вазифа тибқи асосҳое, ки барои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат пешбинӣ шудаанд, озод карда мешавад.
Моддаи 84. Кумитаи аудити Бонки миллии Тоҷикистон
1. Раёсат бо мақсади огоҳии саривақтӣ аз вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, баҳодиҳии низоми назорати дохилӣ ва идорасозии хавфҳо, таҳлили кори аудити дохилӣ ва берунӣ, инчунин пешниҳоди тавсияҳо доир ба масъалаҳои баррасишаванда кумитаи аудитро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд.
2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат иборат буда, аксари онҳо, аз ҷумла раиси он аз ҳисоби аъзои мустақили Раёсат интихоб мегардад.

БОБИ 13. ОМОР  ВА  ИТТИЛООТ
Моддаи 85. Таҳияи тавозуни пардохт
1. Бо мақсади таҳияи тавозуни пардохти мамлакат Бонки миллии Тоҷикистон аз субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳоди маълумотро оид ба амалиёти иқтисодии хориҷии онҳо, аз ҷумла қарзҳои берунаи давлат, ки бо кафолат таъмин нестанд, талаб мекунад.
2. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 86. Ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон:
- маълумоти оморӣ ва иттилоотро, ки бо иҷрои вазифаҳояш алоқаманданд, ҷамъоварӣ, таҳия, таҳлил ва нашр менамояд;
- номгӯй ва шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва дигар маълумоти зарурии омории ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ва мӯҳлати пешниҳоди онро муайян мекунад;
- тартиби махфият ва масъулиятро мутобиқи қонун дар ҳолати риоя накардани тартиботи пешниҳоди маълумоти оморӣ муайян мекунад;
- дар ҷамъоварӣ, таҳия ва нашри маълумоти оморӣ ва иттилоот, қабули меъёрҳои байналмилалии паҳнкунии маълумот бо мақомоти  давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 87. Интишори маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон инҳоро ба нашр мерасонад:
- маълумоти оморӣ ва иттилоот;
- методологияе, ки барои ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилооти дахлдор истифода бурда мешавад.
    
                      БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 88. Ҷавобгарӣ барои риоя  накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани  Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 89. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №24, мод. 410; с.2001, №4, мод. 173; с.2002, №11, мод. 672; с.2004, №12, қ.1, мод. 690; с.2007, №7, мод. 680; с.2009, №7-8, мод. 502) аз эътибор соқит  дониста шавад.
Моддаи 90. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 722

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"  аз 14 декабри соли 1996, № 384 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 411; с. 2001, № 4, мод. 174; с. 2002, № 11, мод. 674;  с. 2004, № 11, мод. 570; с. 2007, № 7, мод. 521а; с. 2009, № 5, мод. 381) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 марти соли 2011, № 376


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"   ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 174


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 989

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед