logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190; №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552; №12, қ. 1, мод. 810)  тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Ба қисми 3 моддаи 16 пас аз калимаҳои "мақомоти прокуратура," калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.
2. Матни моддаи 27 қисми 1 ҳисобида шуда, ба модда қисми  2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти кормандони муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ, ки андешидани чораҳои қонунӣ оид ба ин масъалаҳо ба ваколати онҳо дохил намешавад,  маводи санҷиши хизматӣ барои баррасӣ ва қабули қарори дахлдор ба прокурор пешниҳод карда мешавад.".
3. Ба Кодекс моддаи 271 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 271. Санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ҳангоми баррасии шикоят ё бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши шикоят бо ташаббуси худ ё ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани амалҳо  оид ба вайрон кардани ҳуқуқи инсон метавонад мустақилона ё якҷоя бо шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон  гузаронад.
2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо маҳкумшудагон дар танҳоӣ  мулоқот карданро дорад.
3. Мукотиба байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳкумшудагон таҳти назорат (сензура) қарор дода намешавад.".
4. Дар қисми 2 моддаи 76 пас аз калимаҳои "фармони сардори изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас" калимаҳои "ва розигии прокурор" илова карда шаванд.
5. Ба қисми 2 моддаи 83 пас аз калимаҳои "эълон карда" калимаҳои ", дастхати онҳо дар ин хусус гирифта" илова карда шаванд.
6. Ба қисми 4 моддаи 88 пас аз калимаҳои "аз болои қарори комиссия" калимаҳои "ба прокурор ва ё суд" илова карда шаванд.
7. Аз қисми 2 моддаи 91 калимаҳои "ва дар ҳолати мустасно, бо иҷозати сардори муассисаи ислоҳӣ, бо дигар ашхос" хориҷ карда шаванд.
8. Ба ҷумлаи якуми қисми 1 моддаи 92 пас аз калимаҳои "гуфтугӯи телефонӣ" калимаҳои "аз нуқтаи телефонии дар ҳуҷраи алоҳида муайянкардаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ" илова карда шаванд.
9. Дар қисми 10 моддаи 98 калимаҳои "бо санксияи прокурор" ба калимаҳои "бо розигии прокурор ва қарори суд" иваз карда шаванд.
10. Қисми 3 моддаи 106  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Рӯёнидани товони зарари моддӣ, ки маҳкумшуда ҳангоми адои ҷазо дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ расонидааст ва аз пардохти ихтиёрии он саркашӣ менамояд, бо аризаи даъвогии сардори муассисаи ислоҳӣ ё прокурор аз ҷониби суд баррасӣ карда  мешавад.".
11. Ба қисми 3 моддаи 108 пас аз калимаҳои "дар рӯзҳои дигар"  калимаҳои "бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ" илова карда шаванд.
12. Дар моддаи 134:
- дар номи модда пас аз калимаҳои "низоми махсус" калимаҳои "барои мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст" илова карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои "Дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус маҳкумшудагон" ба калимаҳои "Дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст" иваз карда шаванд.
13. Ба Кодекс моддаи 1341  бо мазмуни  зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1341. Шароитҳои адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус барои маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст
1. Маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст, дар камераҳо, аз рӯи қоида, на зиёда аз дунафарӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи хоҳиши маҳкумшудагон ва дар ҳолатҳои истисноӣ  бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ  ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти шахсии маҳкумшудагон нигоҳ доштани онҳо дар камераҳои якнафара мумкин аст. Меҳнати маҳкумшудагони мазкур бо назардошти талаботи нигоҳдории онҳо дар камераҳо ба роҳ монда мешавад.
2. Маҳкумшудагон ба сайру гашти ҳаррӯзаи давомнокиаш то якуним соат ҳуқуқ доранд. Ҳангоми нишон додани рафтори хуб бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ мумкин аст давомнокии сайру гашти маҳкумшуда то ду соат дароз карда шавад.
3. Ҳамаи маҳкумшудагон ҳангоми дохил шудан ба муассисаи  ислоҳии низомаш махсус ба шароити муқаррарии адои ҷазо фаро гирифта  мешаванд. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз даҳ соли мӯҳлати адои ҷазо маҳкумшударо аз шароити муқаррарии адои ҷазо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигаҳдошт гузаронидан мумкин аст.
4. Агар маҳкумшудаи ба шароити беҳбудигардонидашудаи адои ҷазо гузаронидашуда тартиботи муқарраршудаи дохили колонияи ислоҳиро ашаддӣ вайрон кунад, ба шароити муқаррарии адои ҷазо гузаронида мешавад. Такроран аз шароити муқаррарии адои ҷазо ба шароити беҳбудигардонидашуда маҳкумшуда танҳо баъди панҷ соли адои  ҷазо дар шароити муқаррарӣ гузаронида мешавад.
5. Тартиби иҷрои ҷазо барои маҳкумшудагоне, ки онро дар шароити муқаррарӣ ва беҳбудигардонидашуда адо менамоянд, дар қисмати хароҷоти маблағ барои хариди  озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, шумора ва намуди мулоқотҳо, инчунин гирифтани фириста, дастовез ва баста ба таври зайл муқаррар карда мешавад:
1) Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити муқаррарӣ адо менамоянд, метавонанд:
- барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;
- дар давоми сол ду  баста ё дастовез ва ду фириста гиранд, инчунин як мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд.
2) Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити беҳбудигардонидашуда адо менамоянд, метавонанд:
- барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;
- дар давоми сол се баста ё дастовез ва се фириста гиранд, инчунин ду мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 732

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 апрели соли 2011, № 384


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 160


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1386

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед