logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи фарҳанг" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод.352; с. 2001, №4, мод. 143; с.2003, №12, мод.691; с.2008, №10, мод.819; с.2009, №7-8, мод.499)  тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба  Қонун моддаи 11  бо  мазмуни  зайл илова  карда  шавад:
"Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои  асосии зерин истифода мешаванд:
- фарҳанг - маҷмӯи арзишҳои моддию маънавие, ки инсоният онҳоро офарида, бо мақсади рушди маънавии шахс истифода мебарад;
- фаъолияти эҷодӣ - фаъолияте, ки ба офаридани арзишҳои фарҳангӣ алоқаманд аст;
- мероси фарҳангӣ  -  маҷмӯи арзишҳои фарҳангӣ, ки дорои аҳамияти миллию давлатӣ буда, моликияти истисноии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- мероси ғайримоддии фарҳангӣ - анъана ва воситаҳои шифоҳии ифода, аз ҷумла забон, урфу одат, маросиму ҷашнҳо, донишу малакаҳои ба табиату сайёра ва ҳунарҳои анъанавӣ вобаста, инчунин ашёву воситаҳои иҷрои онҳо;  
- муассисаи фарҳангӣ - шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, самти асосии фаъолияти он ба соҳаи фарҳанг алоқаманд аст;
- корманди соҳаи фарҳанг - шахси воқеие, ки фаъолияти он  ба ҳифз, рушд, интишору истифодаи арзишҳои фарҳангӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ин арзишҳо алоқаманд аст;
- фаъолияти фарҳангӣ - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба эҷод, истеҳсол, эҳё, ҳифз, рушд, интишор ва истифодабарии  арзишҳои фарҳангӣ марбут аст;
- мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг - мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд;
- сарватҳои фарҳангӣ - воситаҳои моддию маънавии дорои хусусиятҳои дунявию динӣ ва дигар арзишҳо, ки аҳамияти таърихӣ, илмию бадеӣ ва фарҳангӣ доранд;
- мероси фарҳанги миллӣ - арзишҳои фарҳангие, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ буда, ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда шудаанд;
- иттифоқи эҷодӣ - иттиҳодияи ҷамъиятии кормандони эҷодии касбии як ё якчанд равияҳои фарҳангие, ки дар асоси узвияти инфиродӣ таъсис ёфтааст.".
2. Сархати шашуми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"-табъу нашри китоб, фаъолияти китобдорӣ ва фаъолияти дигари фарҳангие, ки бо эҷоду ташвиқи китоб ва истифодаи он вобаста аст, инчунин фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ;".
3. Дар сархати охирини моддаи 4, сархати нӯҳуми моддаи 5 ва қисми дуюми моддаи 13 калимаҳои "иттиҳоди", "иттиҳодҳои", "иттиҳодҳо" мутаносибан ба калимаҳои "иттиҳодияи", "иттиҳодияҳои", "иттиҳодияҳо"  иваз карда шаванд.
4. Дар сархати ҳаштуми моддаи 5 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "амволи", "Амволи" мутаносибан ба калимаҳои "молу мулки", "Молу мулки" иваз карда шаванд.
5. Ба Қонун моддаи 81  бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 81. Мероси ғайримоддии фарҳангӣ
Мероси ғайримоддии фарҳангӣ маҷмӯи шаклҳои фаъолияти фарҳангӣ ва тасаввуроти ба анъанаҳо асосёфта аст, ки эҳсоси  хусусияти хос ва робитаи наслҳоро ташаккул медиҳад. Ба таркиби мероси ғайримоддии фарҳангӣ урфу одат, шаклҳои тасаввуроту ифода, донишу малака, забон, достонҳои шифоҳӣ, мусиқӣ, рақс, бозиҳо, устурашиносӣ, маросимҳо, ҳунарҳо, шаклҳои анъанавии робита, тасаввуроти экологӣ, рамзу аломатҳо дохил мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  чораҳои зарурӣ меандешад, аз он ҷумла:
- сиёсати давлатиро барои баланд бардоштани нақши мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар ҷомеа амалӣ менамояд;
- унсурҳои гуногуни мероси ғайримоддии фарҳангиро бо иштироки ҷамъиятҳо, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои дахлдори ғайриҳукуматӣ муайян менамояд;
- барои тарбияи мутахассисон дар соҳаи идораи мероси ғайримоддии фарҳангӣ чораҳои дахлдор меандешад;
 - ба таҳқиқоти ҳамаҷонибаи мероси ғайримоддии фарҳангӣ  мусоидат мекунад;
- ҳамкории байналмилалиро оид ба ҳифзи мероси  ғайримоддии фарҳангӣ ба роҳ мемонад.
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангиро, ки ба ҳифзи бетаъхир эҳтиёҷ дорад, тартиб дода, ҷиҳати амалӣ намудани он чораҳо меандешад.".
6. Дар сархати чоруми моддаи 14 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 16:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 "Ваколати мақомоти ваколатдори давлатии дар соҳаи фарҳанг";
- дар қисми якум калимаҳои "мақоми асосии идоракунии бевоситаи давлатии фарҳанг" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг" ва калимаи "ҷумҳурӣ" ба калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- ба қисми дуюм сархатҳои нав бо мазмуни  зайл илова карда шаванд:
"- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фарҳанг;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми муассисаҳои фарҳанг, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияти онҳо;
- муайян намудани қоидаҳои баҳисобгирии муассисаҳо, гурӯҳҳо ва дастаҳои ҳунарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар  кардани қоидаҳо ва тартиби сафарҳои ҳунарӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо барои ҳифз, рушд ва истифодаи мероси ғайримоддии фарҳангӣ.".
8. Сархати сеюми моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фарҳангро таъмин намоянд;".
9. Моддаи 171    бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 171.  Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ваколатҳои зерин доранд:
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои рушди фарҳанг  дар ҳудуди  марзию маъмурии дахлдор;
- танзими  фаъолияти муассисаҳои фарҳангии   ҳудуди марзию маъмурии дахлдор;
- ташкили озмунҳо, фестивалҳо ва намоишҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;
- эҳё, ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- пешниҳод намудани таклиф ба мақомоти  ваколатдор барои ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид намудани номи ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ;
- мусоидат намудан  ба рушди забон, адабиёт, санъати касбӣ, танзими анъана  ва расму оинҳо;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. ".
10.  Моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:      
"Моддаи 20. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои фарҳангӣ
Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии  муассисаҳои фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
11.  Моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 21. Ҳуқуқи моликият дар соҳаи фарҳанг 
Ҳуқуқи моликият дар соҳаи фарҳанг тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
12. Дар моддаи 22:
- дар номи  модда  баъд аз калимаи "Маблағгузории" ва  дар қисми дуюм баъд аз  калимаи "рушди" калимаи "соҳаи" илова карда шавад;
-  дар қисмҳои якум, чорум ва панҷум калимаҳои "тараққиёти фарҳанг" ба калимаҳои "рушди соҳаи фарҳанг" иваз карда шаванд;
- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Маблағгузории соҳаи фарҳанг ҳангоми таҳияи буҷет дар тамоми сатҳҳо дар сатри алоҳида нишон дода мешавад. Маблағҳои эҳсонкоронаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, даромадҳо аз лотореяҳо, музоядаҳо, намоишҳо, фурӯши коғазҳои қиматнок ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, метавонанд барои рушди соҳаи фарҳанг истифода бурда шаванд.".
13. Қисми сеюми моддаи 24  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани  муассисаҳои фарҳангӣ тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
14. Қисми сеюми моддаи 25 хориҷ карда шавад.
15. Қисми сеюми моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Андоза ва шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони эҷодӣ, мутахассисон ва роҳбарони соҳаи фарҳанг тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешаванд.".
16. Қисми ҳаштуми моддаи 30 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд аз ҳисоби захираҳои дохилии худ барои  кормандони соҳаи фарҳанг имтиёзҳои иловагиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, муайян намоянд.".
17. Дар қисми якуми моддаи 31 ва қисми якуми моддаи 32 калимаҳои "тараққиёти фарҳанг" ба калимаҳои "рушди соҳаи фарҳанг" иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 34 калимаҳои "ашхоси ҳуқуқӣ ва алоҳида" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ"  иваз карда шаванд.
19. Қисми якуми моддаи 35 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Таъсиси шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи фарҳанг ва филиалу намояндагиҳои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 734


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 майи соли 2011, № 402


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 185


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1311

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед