logo

маориф

Чаро баъзе ноболиғон аз таҳсил дур монданд?

Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат буда, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ ва тармиму таҷдиди таълимгоҳҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд. Бо вуҷуди он ки дар ин давра 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар ҳолатҳои дур мондани  ноболиғон аз таҳсилоти ҳатмӣ ба назар мерасад.

Хабарнигорамон бо Сунавбар Давлатов, сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, мушовири адлияи дараҷаи якум, доир ба омилҳои ба таҳсил фаро гирифта нашудани хонандагони синни мактабӣ, ғайриқонунӣ ба таълимоти динӣ ва корҳои хоҷагӣ ҷалб намудани ноболиғон, ҳамчунин вазъи гунҷоиши биноҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ сӯҳбат кард.
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, -гуфт Сунавбар Давлатов, -ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бобати ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғони синни мактабӣ, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумиро мавриди санҷиш қарор дод.
Мувофиқи ҳисоботи омории Вазорати маориф дар ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2010-2011-ум 3747 муассисаи таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ) амал мекунад, ки дар онҳо 1675507 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Айни замон, тибқи ҳисоботи  вазорат  дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат 1656 нафар, аз ҷумла дар вилояти Суғд 44 нафар, Хатлон 1346 нафар, шаҳри Душанбе 9 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 257 нафар бо сабабҳои гуногун аз таълими ҳатмӣ дур мондааст.
Санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  дар баъзе маҳаллаҳои аҳолинишин мавҷуд набудани мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва умумии асосӣ барои пурра ба таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғон мусоидат намояд, дар дигар мавридҳо аз тарафи масъулони раёсат ва шӯъбаҳои маориф, сарварони муассисаҳои таълимӣ ба таври дахлдор иҷро нагаштани вазифаҳои хидматӣ, инчунин ба ҳар тарзу восита монеъ шудани бархе  аз падару модарон ба гирифтани таҳсилоти фарзандон сабаб гардидааст.
Новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хонандагон баъди хатми мактаби ибтидоӣ, ки аксари онҳо дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойгиранд, бинобар набудани мактаби асосӣ ва ё ҷойгир будани онҳо дар масофаи дур аз гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ маҳрум мемонанд.
Чунончи, дар ноҳияи Тоҷикобод дар соли таҳсили 2010-2011-ум 218 хонанда баъди хатми мактаби ибтидоӣ бинобар дар масофаи дур воқеъ будани мактабҳои асосӣ ва миёнаи умумӣ ба таҳсил фаро гирифта нашуд. Масалан,  мактабҳои ибтидоии рақами 29 ва 30-и деҳаҳои Себистон ва Кӯҳдоман аз мактаби миёнаи наздиктарин (рақами 3) дар масофаи 8 километр,  мактабҳои ибтидоии рақами 32 ва 33-и деҳаҳои Сафедобод ва Миразиён аз мактаби миёнаи рақами 34-и деҳаи Ганишоб дар масофаи 15 километр ҷойгир мебошанд.
Дар натиҷаи аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдори ноҳия андешидани тадбирҳои зарурӣ 135 хонанда дар интернатҳои наздимактабӣ ба таҳсил ҷалб шуд. Боқӣ 83 нафар то ҳанӯз аз идомаи таҳсил дур мондааст.
Ҳамин тавр, 32 нафар ноболиғ аз Ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат ва Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт, 22 нафар (14 духтар) дар шаҳри Роғун ва 22 нафар (20 духтар) дар ноҳияи Ҷиргатол баъди хатми мактаби ибтидоӣ маҳз бо ҳамин сабаб имконияти идома додани таҳсилро надоштааст.
Мувофиқи талаботи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, мақомоти маҳаллии идораи маориф ва  муассисаҳои таълимӣ бояд кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, барои фарогирии онҳо ба таълими ҳатмии асосӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд.
Натиҷаи санҷишҳо собит сохт, ки ин талаботи қонунгузории ҷорӣ на дар ҳамаи  шаҳру ноҳияҳо аз тарафи масъулони раёсат ва шӯъбаҳои маориф, сарварони мактабҳо пурра иҷро мегарданд.
Маълумотҳо дар хусуси шумораи хонандагони ба таҳсил ҷалбнашуда дар шӯъбаҳои маориф ва мактабҳои таҳсилоти умумии аксар шаҳру навоҳӣ ба ҳам мухолиф буда, на ҳама вақт инъикоскунандаи ҳақиқати воқеӣ мебошанд.
Масалан, мувофиқи маълумоти расмии Вазорати маориф дар соли хониши равон дар вилояти Суғд 44 нафар ба таҳсил фаро гирифта нашудааст. Тибқи маълумоти Раёсати маорифи вилоят бошад, ин рақам 117 нафарро ташкил медиҳад.
Дар рафти санҷиш муқаррар гардид, ки маълумотҳои соҳаи маориф дар ин хусус пурра ва воқеӣ набуда, масъулони ин соҳа на ҳама вақт барои ошкор ва аниқ намудани шумораи ин қабил хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд. Чунончи, мувофиқи маълумоти расмии ба Раёсати маорифи вилояти Суғд пешниҳодшудаи шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Айнӣ ҳолатҳои аз таҳсилоти ҳатмӣ дур мондани мактаббачагон ҷой надорад. Санҷишҳои интихобии прокуратура дар ин самт муайян намуд, ки дар давоми соли таҳсили 2010-2011 дар Исфара 25 нафар, Истаравшан 22 нафар, Зафаробод 25 нафар, Бобоҷон Ғафуров 1 нафар ва дар ноҳияи Айнӣ 8 нафар бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур мондааст.
Ё худ мувофиқи маълумоти шӯъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод дар соли хониши 2010-2011 дар ноҳия 83 нафар кӯдаки синни мактабӣ таҳсил  накардааст. Ҳол он ки тибқи ҳисоботи Вазорати маориф ин нишондод ба 20 нафар мерасад.
Чунин ҳолат, яъне адами шумораи аниқи кӯдакони ба таҳсил фаро гирифтанашуда, ҷой доштани ихтилофоти ҷиддӣ дар маълумотҳои идораю шӯъбаҳои маориф ва мактабҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  низ ҷой дорад.
Мувофиқи талаботи моддаи 34-и  Конститутсия, моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 63-и  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар барои таълиму тарбия ва рушду камоли фарзандони худ масъул буда, вазифадоранд, ки барои саломатӣ, такомули ҷисмонию рӯҳӣ ва маънавию ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва ба гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба онҳо имконият фароҳам оваранд.
Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз падару модарон ин вазифаи муқаддас ва ӯҳдадориҳои худро ба иҷро нарасонида, бо ҳар тарзу восита ва баҳонаҳои ночиз барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба фарзандонашон монеъ мешаванд. Масалан, шаҳрванд М. Сайфиддинов, сокини ноҳияи Ёвон, барои таҳсили писараш Қосими Маҳмадсафар, ки дар синфи 5-уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 3 мехонд, монеъ шуда, аз моҳи майи соли 2010 ӯро ба хонаи М.Одинабеков, сокини деҳаи Корвони ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба таълими ғайриқонунии динӣ машғул буд, гузошт. Аз тарафи прокурори  ноҳияи  Рӯдакӣ нисбати М. Сайфиддинов, бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Ба ҳамин монанд аз тарафи прокурори ҳамин ноҳия нисбати 5 нафар падару модаре, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба фарзандонашон монеъ шудаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Ё ин ки шаҳрванд В.Воҳидов, сокини деҳаи Дараи ноҳияи Нуробод писараш Муҳаммади Воҳидро, ки бояд моҳи сентябри соли 2008 ба синфи 1-ум мерафт, бо баҳонаи бемор буданаш ба деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаи мулло Абдуқаҳҳор бурда,  ба гирифтани таълимоти динӣ ҷалб намудааст. Нисбати В.Воҳидов  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Умуман, дар давраи сипаришудаи соли хониши равон аз тарафи мақомоти прокуратура бинобар дидаю дониста монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола) 56 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, нисбати 82 нафар падару модар тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзандон, қарорҳо оид ба оғоз намудани истеҳсолоти маъмурӣ бароварда шуда, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Таҳлили сабаб ва ҳолатҳои монеъ шудани падару модарон  ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ба таҳсили фарзандонашон нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо танқисии иқтисодӣ ба он боис гардида бошад, дар дигар ҳолат бемасъулиятии волидайн, надонистан ва ё дидаю дониста риоя накардани қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ аз тарафи онҳост.
Дар аксар мавридҳо падару модарон дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва маънавии фарзандони худ фикр накарда, онҳоро бармаҳал ба корҳои хоҷагӣ, савдогарӣ ва дигар корҳо ҷалб менамоянд. Масалан, шаҳрванд У.Ҳоҷиев, сокини шаҳри Истаравшан, писарашро, ки дар синфи 9-ум мехондааст, ба мактаб рафтан намонда, фармудааст ба иҷрои корҳои саҳроӣ машғул шавад.
Ё ин ки шаҳрванд М.Иброҳимов, сокини ноҳияи Тоҷикобод, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии 3 духтари аз 9 то 16-солааш монеъ шуда, онҳоро барои иҷрои корҳои хоҷагӣ ҷалб намудааст. Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар ҷумҳурӣ аз тарафи падару модарон ва дигар шахсон, бештар ҳуқуқи духтарони ноболиғ барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ поймол  мешавад.
Дар аксар шаҳру ноҳияҳо бинобар нарасидани синфхонаҳо, кам будани ҷойи нишаст ва нарасидани мизу курсӣ таҳсил дар мактабҳо дар се баст ба роҳ монда шуда, шумораи хонандагон аз иқтидори лоиҳавии гунҷоиши биноҳои таълимӣ хеле зиёд мебошанд. Масалан, дар ноҳияи Рӯдакӣ бинобар нарасидани синфхонаҳо, мизу курсӣ дар 15 мактаб машғулиятҳо  дар се баст гузаронда мешаванд. Чунин вазъият дар аксар мактабҳои шаҳрҳои Душанбе, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Турсунзода ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҳисор низ ҷой доранд.
Бо ин сабаб, дар қисми зиёди мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар  шумораи хонандагон аз иқтидори лоиҳавии гунҷоиши биноҳои таълимӣ хеле зиёданд. Чунончи, иқтидори гунҷоиши умумии биноҳои таълимии мактабҳои шаҳри Душанбе барои 102277 ҷойи нишаст буда, аммо дар соли таҳсили 2010-2011-ум дар ин мактабҳо 168019 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 65742 нафар зиёд аст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи санҷишҳои мақомоти прокуратура баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳо, сабаб ва шароитҳои мусоидаткунанда ба нишонии мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор 82 пешниҳод, 311 амр ва оид ба бекор намудани қарору фармонҳои ғайриқонунӣ 77 эътироз оварда, 124 нафар шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуд. Санҷишҳои прокурорӣ дар ин самт идома хоҳанд ёфт.

Мунаввари САФАР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1053

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед