logo

мулоқотҳо

Афғонистон - мавзӯи марказии мулоқоти Э. Раҳмон ва М. Гроссман

7 октябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  Марк Гроссман, намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва  Покистонро  ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ ёфтанд.

Бо таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҳар ду ҷониб бори дигар амалҳои пурдаҳшати террористии дар ин кишвар вақтҳои охир рухдода, аз ҷумла қатли Бурҳониддин Раббонӣ, генерал Довуд, волии Қундуз Муҳаммад Умар, пешвои Қандаҳор Валӣ Карзай ва дигар шахсиятҳои маъруфу соҳибнуфузро  қатъиян маҳкум намуданд.
Марк Гроссман ба Эмомалӣ Раҳмон доир ба тасмими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои эҳёи Роҳи нави Абрешим ва ду конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон, ки моҳҳои ноябр ва декабр дар Истанбул ва Бонн баргузор мегарданд,  иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз ин конфронсҳо ва ҳам эҳёи Роҳи нави Абрешим мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон бо ҷалби кишварҳои ҳамсояи он мебошад. Тибқи нақшаи эҳёи Роҳи нави Абрешим бояд шабакаҳои нақлиётию энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба ҳам пайваста шаванд, аз ҷумла тавассути хати баландшиддати барқии КАСА-1000, лӯлаҳои газ, роҳҳои оҳану мошингард ва дигар имконоти мавҷуда.
Эмомалӣ Раҳмон ин тасмимоти накӯро мавриди пуштибонӣ қарор дода, омодагии Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар татбиқи амалии онҳо, аз ҷумла ба хотири таҳкими оромию субот дар Афғонистон ва пешрафту шукуфоии кулли минтақа таъкид намуд.
Ҳар ду ҷониб таъкид бар он дошт, ки мусоидат ба бартарафсозии мушкилоти иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои оҳану мошингард, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳ намудани сатҳи зиндагии мардум роҳи асосии ҳаллу фасли қазияи тӯлонии ин кишвари азияткашида хоҳад буд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

www.president.tj

* * *
Дар мулоқоти Эмомалӣ      Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марк Гроссман, намояндаи вижаи маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон, масоили марбут ба вазъи амниятӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Афғонистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ гардидаанд.
Дар ин дидор сӯиқасд ба ҷони Бурҳониддин Раббонӣ, роҳбари Шӯрои сулҳи Афғонистон ва дигар шахсиятҳои саршиноси ин кишвар маҳкум шудааст. Зимнан ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки новобаста аз мушкилоти зиёд бояд ҷараёни барқарории сулҳ дар Афғонистон идома ёбад, ки дар ин раванд иштироки фаъолонаи ҳамаи гурӯҳҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
Марк Гроссман гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба омодагиҳо ҷиҳати баргузории ду конфронси муҳим оид ба Афғонистон, ки моҳи декабри соли равон дар шаҳри Истамбули Туркия ва Бонни Олмон баргузор мегарданд, дар ҷараён гузоштааст. Бино ба таъкиди ӯ, таъсиси  Роҳи нави Абрешим, ки дар барқарорсозии бахши иқтисоду иҷтимоиёти Афғонистон бо ҷалби кишварҳои минтақа нақши калидӣ дорад, яке аз мавзӯъҳои умдаи ҳамоиш дар шаҳри Бонн хоҳад буд.
Зимнан Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории ин ду конфронс ва тарҳи тозаи Роҳи нави Абрешим, ки аз сӯи ИМА пешниҳод шудааст, истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро дар иштирок ва татбиқи ҳарчи зудтари ин тарҳ эълон доштааст. Зеро ба эътиқоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он метавонад пайвандагири робитаҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ бошад. Ҳамзамон иҷрои ин амр ба рушди равобити ҳавоӣ, роҳи оҳану нақлиёт, интиқоли нерӯи барқ ва газу нафт дар минтақа муосидат хоҳад кард.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2011    №: № 145-146 (21 961-96    Мутолиа карданд: 811
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед