logo

президент

Натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи хоҷагии халқи мамлакат баррасӣ ёфт

Субҳи 17 октябри соли 2011  Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо масъулони Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар он натиҷаҳои фаъолияти 9 - моҳаи хоҷагии халқи кишвар, ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳангоми сафарҳои дохилӣ дода шудаанд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия,  гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра ба буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ ворид шуд ва ин баробар ба 103,1% нақшаи даромадҳо буда, 180,4 миллион сомонӣ аз нақша ва 1,8 миллиард сомонӣ аз ҳамин давраи соли 2010 зиёд мебошад.
Зимни баррасии нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки арзи сипос ва табрикоти ӯ ба пахтакорони кишвар расонда шавад. Тавре зикр гардид, имсол деҳқонони кишвар бо истифода аз таҷрибаи пешқадами агротехникӣ ва тухмиҳои серҳосили дохилию хориҷӣ, дар майдони 200 ҳазор гектар чигит кишт намуданд ва баъзе хоҷагиҳои пешқадам ҳосили фаровони рекордӣ - аз 35 то 50 - сентнерӣ аз ҳар гектар ҷамъоварӣ карданд. 
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид намуд, ки ҳосили боқимондаи пахта, ки ҳанӯз дар замин зиёд аст, пурра ва беталаф ҷамъоварӣ шавад. Тибқи дурнамо имсол бояд 390 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардад.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили шолӣ, картошка, меваю сабзавот, хӯроки чорво, барои зимистон фаровон захира кардани онҳо ва ҳамчунин доир ба вусъат бахшидани кишти тирамоҳӣ дода шуд.
Таъкид гашт, ки рафти иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки  ҳангоми сафарҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Табошар, Ҳисор, Кӯлоб, Мӯъминобод, Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг ва ғайра дода шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор гиранд.
Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар даҳҳо иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ғайра бунёд ёфта, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.11    №: 149-150    Мутолиа карданд: 1323
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед