logo

муҳоҷират

Сафиалло Девонаев: Муҳоҷирони тоҷик соҳиби патент мегарданд

Чанде қабл Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо масъулини Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ва роҳбарони мақомоти гуногуни ин кишвар мулоқот анҷом дод. Дар робита ба ин хабарнигори "Ҷумҳурият" бо ӯ мусоҳиб гардид.

- Сафиалло Азизуллоевич, баъзеҳо бар он ақидаанд, ки агар иқтисодиёти ин ё он мамлакат рушд ёфта бошад, муҳоҷирати корӣ коҳиш меёбад. Раванди муҳоҷиратро дар кишварҳои пешрафта чӣ сон арзёбӣ мекунед?
-Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, агар дар солҳои 60-уми асри гузашта дар ҷаҳон ҳамагӣ 65 миллион муҳоҷир фаъолият дошта бошад, пас ин рақам дар соли 2010 ба 214 миллион баробар аст. Ҳамчунин дар асоси пешбиниҳои СММ то соли 2050 шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҷаҳони имрӯзаро бе муҳоҷирати корӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин масъала  тамоми кишварҳои дунё, аз қабили Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, ИМА, Фаронса, Олмон, Русия ва дигар мамлакатҳои пешрафтаро фаро гирифтааст. Муҳоҷирати корӣ ба иқтисодиёти ин кишварҳо фоидаи калон меорад. Солҳои охир сармояи хориҷӣ аз ҳама бештар ба иқтисодиёти Чин ворид мешавад. Қисмати бештари ин сармояро маҳз худи соҳибкорону муҳоҷирони чинӣ интиқол медиҳанд. Ё худ яке аз сабабҳои рушди босуръати иқтисодиёти Туркия дар солҳои охир ин аст, ки ҳамасола соҳибкорону муҳоҷирони бурунмарзии турк ба ватанашон технологияи навтарини аврупоӣ ва даҳҳо миллиард евро ворид месозанд. Дар кишварашон мактабу донишкадаҳои замонавӣ дармонгоҳу беморхонаҳои муосир, корхонаҳои саноатию меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд менамоянд. Дар сохтмони иншооти бузурги кишварашон саҳм мегузоранд. Чунин корҳои муҳимро муҳоҷирони кории Мисру Филиппин, Ҳиндустону Индонезия ва даҳҳо кишвари дигар низ анҷом медиҳанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки раванди муҳоҷират дар садсолаҳои наздик мақоми худро гум намекунад ва ҳамчун як падидаи устувор дар асри 21 боқӣ мемонад.
- Бигӯед, ки зимни сафари корӣ ба Федератсияи Русия ва вохӯрӣ бо масъулини Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ва дигар мақомоти марбута ба чӣ дастовардҳо ноил гардидед?
-Раванди муҳоҷират яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 9 декабри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиши вазъи кунунии муҳоҷирони кории Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ ба Федератсияи Русия анҷом дода шуд. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳо, аз қабили Маскав, Ярослав, Воронеж, Санкт -Петербург, Нижний Навгород, Уфа, Қазон, Тюмен, Омск, Новосибирск, Новокузнетск ва дигар ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир гардид. Раисони созмонҳои тоҷикони Русия сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ карда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳоҷират баён доштанд. Яке аз масъалаҳое, ки зимни ин мулоқотҳо пешниҳод гардид, омӯзиши ҳатмии забони русӣ ва англисӣ барои муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дувумин пешниҳоди онҳо ин буд, ки муоинаи тиббии муҳоҷирони тоҷик на дар қаламрави Русия, балки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад. Пешниҳоди дигар аз тарафи раисони диаспораҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, расондани ёрии ҳуқуқӣ, сари вақт ҷамъ овардан ва додани маълумот оид ба боздошт ва ғайриқонунӣ дастгир шудани муҳоҷирони тоҷик аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия, ҳамчунин касбомӯзии муҳоҷирон буд.
Рӯзи 5 декабр бо Константин Ромодановский, директори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар оғози мулоқот мавсуф роҳҳои қонунигардонӣ ва ба танзим даровардани будубош ва раванди муҳоҷирати кории тоҷикон, ҳамкории мақомоти муҳоҷирати ҳар ду кишвар, ки дар маҷмӯъ ба коҳиш ёфтани муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат менамояд, инчунин механизмҳои пешгирии он дар қаламрави Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар ҷараёни вохӯрӣ матраҳ гардид, амалисозии додани патент, роҳу усулҳои гирифтани он тавассути тайёр кардани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин орзуи деринаи ҳамаи муҳоҷирони кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия мебошад. 6 декабр мо бо Михаил Суходолский, сардори Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт - Петербург ва вилояти Ленинград мулоқот анҷом додем, ки дар он масоили мушкилоти шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқ, баррасӣ гардиданд. Бахусус нисбат ба парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори Бахтиёр Расулов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки боиси нигаронист, диққати ҷиддӣ дода шуд. Мо хоҳиш намудем, ки ба пурра ва сари вақт кушодани ин ҷиноят ҷониби Русия ҳаматарафа мусоидат намояд. Ҳангоми вохӯрӣ бо Елена Дунаева, сардори раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати шаҳри Санкт -Петербург ва вилояти Ленинград, масоили умдатарини муҳоҷирони тоҷик дар минтақаҳо муҳокима гардиданд. Мазкур омодагии хешро барои расонидани ёрӣ ба муҳоҷирони тоҷик баён дошт. Дар вохурӣ бо Фёдор Карповетс, сардори раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар шаҳри Москва, масоили будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, махсусан дар шаҳри Маскав, омӯзиши забони русӣ, касбу ҳунар ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи Русия мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мавсуф пешниҳод кард, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ҳамкориҳо бо намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тақвият бахшида шавад. Зимни вохурӣ бо Олег Молодиевский, сардори раёсати Хадамоти Федеролии муҳоҷирати вилояти Маскав, мувофиқае ба даст омад, ки гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни раёсати хадамоти номбурда ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Сардори хадамот пешниҳод намуд, ки додани патент ба муҳоҷирони кории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони масъули ҳар ду хадамот дар постгоҳи фурӯдгоҳи Домодедово дар рӯзҳои наздик ба роҳ монда шавад.
 Рӯзи 8 декабр зимни мулоқот бо Сергей Куднеев, прокурори шаҳри Маскав, масоили ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мазкур омодагии хешро ҷиҳати ёрии ҳамаҷониба дар мавридҳои сар задани ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон аз тарафи соҳибкорон ва миёнравон иброз дошт.
- Ҳоло вазъи будубоши муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ хел тавзеҳ медиҳед?
- Айни замон вазъи муҳоҷирони тоҷик  дар Федератсияи Русия мӯътадил аст. Тибқи маълумоти омории Вазорати корҳои дохилии Русия, агар дар 9 моҳи соли 2010 нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон 230 ҳазор парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда бошад, пас ин рақам дар соли ҷорӣ ба 160 ҳазор мерасад, ки 54 фоиз коҳиш ёфтааст. Мутаносибан, агар 3157 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия хориҷ шуда бошад, ин рақам дар соли 2011 ба 2066 нафар мерасад. Агар дар 9 моҳи соли гузашта 17 ҳазор нафар шаҳрванди мо патент гирифта бошад, соли ҷорӣ 125 ҳазор нафар соҳиби патент шуд. Намояндагии хадамоти муҳоҷират якҷо бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия раванди муҳоҷиратро таҳти назорат қарор додаанд.

Мунаввари САФАР,
хабарнигори "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.11    №: 165    Мутолиа карданд: 11363

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед