logo

барқияҳо

Барқияи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Ху Сзинтао

4 январ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ху Сзинтао, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, барқияи таҳният ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
Мӯҳтарам ҷаноби Раис,

Имрӯз дар таърихи мову шумо рӯзи басо муҳим - бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Ҳукумати ҶМЧ аз ҷумлаи нахустинҳое буд, ки дар оғози барқароршавии Тоҷикистони навин соҳибихтиёрии давлати ҷавон, роҳи мустақилонаи рушди сиёсию иқтисодии кишвари маро эътироф намуд. Аз он вақт аллакай 20 сол аст, ки мо, чун ҳамсояҳои неку шарикони боэътимоди Созмони Ҳамкории Шанхай дӯстию ҳамфикриро таҳким бахшида, дар муборизаи зидди хавфу таҳдидҳои нав зич ҳамкорӣ менамоем, дар бунёди ояндаи бехатару суботи минтақа ва ҷаҳон фаъолона ширкат меварзем.
Солҳои гузашта солҳои дорои воқеаҳои басо муҳим буданд. Тайи ин солҳо заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ гузошта шуд. Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки соли 2007 дар Пекин имзо шуда буд, бо дарназардошти хоҳишу маром ва орзую умеди халқҳои Тоҷикистону Чин таҳкурсии дарозмуддати равобит, мушорикати васеъ ва ҳамкории ду кишвару халқҳоро гузошт.
Муносиботи имрӯзаи байни кишварҳоямон ибрати шоистаи амалу ҳамкории муваффақонаи давлати бузург бо ҳамсояҳояш мебошад. Ба ин муносибатҳо сатҳи баланди боварӣ ба якдигар, як будани муносиботи консептуалӣ ба доираи васеи проблемаҳои байналмилалӣ, эҳтироми гуногунии фарҳангҳо ва саъю кӯшиш баҳри рушди мутақобила хосанд. Бо дастгирии ҶМЧ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои ҳаҷман калони инфрасохторӣ дар амал татбиқ мешаванд, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ босуръат рушд мекунад, робитаҳои байни ходимони илму фарҳанг густариш меёбанд. Бо камоли қаноатмандӣ метавон гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи баланди рушду густариш қарор доранд.
Ҳамсояю дӯстони накӯ ва ҳамкорони боэътимод будан - ин на фақат зуҳуроти майлу хоҳиши неки ҳар ду халқ аст. Тоҷикистону Чинро аз қадимулайём кӯҳҳои осмонбӯсу дарёҳои шӯх ба ҳам пайвастаанд. Таъриху фарҳанги халқҳои Тоҷикистону Чин ҷозибаи бузурги фарҳангию маънавии ду тамаддунро дорост. Бист соли охир ба таври боварибахш нишон дод, ки мушорикати таърихии мо, ки ба дастгирии васеи аҳли ҷамъияти ҳар ду мамлакат истинод мекунад, ояндаи бузург дорад.
Мо аз дастоварди бузурги сиёсию маънавиямон, ки тайи ин солҳо якҷоя ба он ноил гаштаем, метавонем ифтихор намоем ва бояд ифтихор кунем. Муҳим аст, ки онро ҳифз намуда ва дастраси наслҳои минбаъда гардонем, то онҳо, тавре дар ҳикмати бостонии мардуми Чин омадааст, аз зиндагии хеш зери сояи васеи дарахти дӯстие лаззат баранд, ки мо онро 20 сол муқаддам шинонида будем. Аминам, ки кишварҳои мо фақат дар сурати мустаҳкам намудани ҳамсоягии неку дӯстӣ, рушду густариш бахшидани мушорикату ҳамкории стратегӣ қодиранд, ки вазифаҳои муштаракро ҳал намуда ва бо назардошти майлу хоҳишу мустақилонаи халқҳои тоҷику чиноӣ бо роҳи рушди дуҷониба пеш раванд.
Шуморо бо санаи муҳими таърихи муосири муносибатҳои дуҷониба - бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин - гарму ҷӯшон ва аз самими қалб муборакбод намуда, изҳори умедворӣ мекунам, ки мо бо такя ба дастовардҳоямон метавонем бо саъю кӯшишҳои якҷоя дар амри таҳким бахшидани пояҳои дӯстии вайроннашавандаи халқҳои Тоҷикистону Чин ба қуллаҳои нав расем.
Эҳтиромоти бепоёну самимонаи ба Шумо, Аълоҳазрат, доштаамро қабул фармоед.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 1841
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед