logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати даҳуми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- амалӣ намудани назорати муҳоҷират дар доираи салоҳияти худ, танзими масъалаҳои будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд.".
2. Бандҳои 20) ва 21) қисми якуми моддаи 10 хориҷ карда шаванд.
3. Дар банди 22) қисми якуми моддаи 11:
- аз ҷумлаи якум калимаҳои "амалӣ гардидани фаъолияти меҳнатии онҳо" хориҷ карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Барои муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд ва барои иқомати муваққатии шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, марказҳо таъсис диҳад;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011, № 770                                                    

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйирот
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи милитсия»

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 октябри соли 2011, № 531

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи милитсия"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 221


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 749

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед