logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , с. 2008, № 12, қ 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321; № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод 2, мод. 5; с. 2010, № 3, мод. 153; № 7  мод. 547;  № 12, қ. 1, мод. 812; соли 2011, № 6, мод. 430; мод. 431; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 августи соли 2011, № 756), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 486:
 - дар номи модда калимаҳои  "бақайдгирӣ, кушодан ва истифодаи" ба калимаҳои "пешбурди фаъолияти" иваз карда шаванд;
 - дар қисми 1 калимаҳои "бақайдгирӣ, кушодани" ба калимаҳои "пешбурди фаъолияти" иваз карда шаванд.".
2. Ба моддаи 504 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", ба истиснои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" илова карда шаванд.
3. Моддаи 601 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 601. Риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботи андоз
1. Барои риоя накардани  мӯҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳои андоз, ҳисоботи андоз ва (ё) дигар намудҳои ҳисоботи марбут  ба андоз, яъне ба таъхир гузоштан дар муддати то 10 рӯзи корӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт, ба шахсони ҳуқуқӣ аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати аз 10 то 30 рӯзи корӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи  аз се то панҷ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати зиёда аз 30 рӯзи корӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз даҳ то сӣ, ба шахсони  ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
4. Дар моддаи 603:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "то 30 рӯз" калимаҳои "ба истиснои шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қарор мегиранд" илова карда шаванд;
- аз санксияҳои қисмҳои 1, 2 ва 3 калимаҳои "ба соҳибкорони инфиродӣ - аз панҷ то даҳ ,", "ба соҳибкорони инфиродӣ  - аз ҳафт то понздаҳ,"   ва "ба соҳибкорони инфиродӣ аз понздаҳ то  бист," хориҷ карда шаванд.
5. Моддаи 6031,  бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 6031. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
1. Барои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ оид ба шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ вобаста ба қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ ва (ё) ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷудбуда, дар сурате, ки пешниҳоди чунин маълумот ҳатмист,-
 ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти бардурӯғ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, ки пас аз анҷоми марҳилаи бақайдгирии давлатӣ ошкор гардидааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт,  ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сӣ то сию панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
4. Барои фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ бе ҳуҷҷатҳои  таъсисии шакли муайяннамудаи қонунгузорӣ ва бидуни низомнома фаъолият намудани филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар мӯҳлати зиёда аз як моҳи баъди бақайдгирии давлатӣ,-
ба  шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ ва филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
6. Дар моддаи 604:
 - ба номи модда ва қисми 1 пас аз калимаҳои "ё нодуруст нишон додани" калимаҳои "рақами ягонаи мушаххас ва"  илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "зикр накардани" калимаҳои  "рақами ягонаи мушаххас ва"  илова карда шавад;
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"4.  Барои анҷом додани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бе талаб намудани рақами мушаххаси андозсупоранда,-
ба  шахсони мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
5. Барои дарҷ накардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар муросилот бо мақомоти андоз ва қарордодҳои (шартномаҳои) тиҷоратӣ,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
7. Дар моддаи 606:
- ба номи модда ва қисми 2 пас аз калимаҳои "андоз аз арзиши иловашуда"   калимаҳои "ва аксизҳо" илова карда шаванд;
- ба диспозитсияи қисми 3 пас аз калимаҳои "қарор надорад," калимаҳои "ҳангоми набудани аломати ҷиноят," илова карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои "бист фоизи" ба калимаҳои "сад фоизи" иваз карда шаванд.
8. Дар номи моддаи 610 калимаҳои "аз ҳисоби шахсони сеюм" ба калимаҳои "аз суратҳисоби андозсупоранда ва ё суратҳисоби шахсони сеюм" иваз карда шаванд.
9. Матни моддаи 611 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Барои сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷчатҳои зарурӣ, монеъ шудан ё рад кардани талаботи қонунии мақомоти андоз вобаста ба пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ё дигар иттилоот, ки барои  гузаронидани санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ марбут аст,-
ба  шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродӣ аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои хисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
10. Дар моддаи 615:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз ҳафт то даҳ" ба калимаҳои "аз даҳ то бист" ва калимаҳои "аз сад то дусад" ба калимаҳои "аз панҷоҳ то сад" иваз карда шаванд;
- дар санксияи  қисми 2  калимаҳои "аз понздаҳ то бист" ба калимаҳои "аз бист то чил" ва калимаҳои "аз дусад то сесад" ба калимаҳои "аз сад то дусад" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 617:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 617. Соҳибкории ғайриқонунӣ";
  - дар диспозитсияи модда калимаи  "бақайдгирӣ" ба калимаҳои "бақайдгирии давлатӣ" иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 697:
- аз қисмҳои 1 ва 2 рақами "138," хориҷ карда шавад;
- аз сархати чоруми қисми 2 калимаҳои "сардори хадамоти муҳоҷират ва муовинони ӯ, сардорони хадамоти муҳоҷирати ВМКБ, вилоятҳо, инчунин" хориҷ карда шаванд.
13. Ба Кодекс моддаи 6971 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 6971. Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 138 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи Хадамоти  муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти муҳоҷират, муовинони ӯ ва сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд.".
14. Дар қисми 2 моддаи 727 калимаҳои "раёсати андозсупорандагони азим" ба калимаҳои "раёсат, шӯъбаҳо ва бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, нозироти андозсупорандагони калон ва шӯъбаҳои минтақавии он" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал  қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011,  № 774
 

 
 
Қарори  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 16 ноябри соли 2011, № 567


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 225


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 1106

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед