logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар  бораи  вазъи  ҳуқуқии  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон"  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 517; с. 2003, №12, мод. 689; с. 2004, №12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, №7, мод. 397; с. 2006, №3, мод. 145; с. 2007, №7, мод. 654) тағйиру иловаҳои  зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз инҳо иборатанд:
1) иштирок дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраркардаи Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) иштирок дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
3) иштирок дар кори Шӯро, кумитаҳо, комиссияҳо, аз ҷумла комиссияҳои муваққатӣ ва дигар мақомоти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
4) иштирок дар робитаҳои байналмилалии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) иҷрои супоришҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо;
6) пешниҳоди дархости вакилӣ;
7) иштирок дар муҳокимаҳои парламентӣ;
8) таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон;
9) баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон.
Фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагон инҳоро низ дар бар мегирад:
1) кор бо интихобкунандагон;
2) иштирок дар кори фраксияву гурӯҳҳои вакилон.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар шаклҳои дигаре, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муайян кардаанд, фаъолият мекунанд.".
2. Дар моддаи 34:
- дар қисми якум калимаҳои "барои амнияти" ба калимаҳои "барои таъмини амнияти" иваз карда шаванд.
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бе розигии Маҷлиси дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидан мумкин нест. Дохил шудан ба манзили истиқоматӣ ё утоқи кории узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии ӯ, дар он ҷо гузаронидани кофтуков, ёфта гирифтан, гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар сӯҳбатҳои ӯ, кофтукови шахсии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ӯ танҳо бо дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати суди дахлдор фақат бо иртибот доштан ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбат ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон сурат гирифта метавонад.".
- дар қисмҳои сеюм ва чорум калимаи "ҷиноӣ" ба калимаҳои "ҷиноятӣ ё маъмурӣ" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 35:
- дар қисмҳои панҷум ва шашум калимаи "ҷиноӣ" ба калимаи "ҷиноятӣ" иваз карда шавад;
- қисми ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Агар узви Маҷлиси миллӣ дар як вақт вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, барои маҳрум намудани ӯ аз дахлнопазирӣ танҳо розигии Маҷлиси миллӣ лозим аст.".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011,  № 796

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ
ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2011, № 593


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011, № 250


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 651

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед