logo

муҳоҷират

Сайфулло ИСМАТУЛЛОЕВ: "Тоҷикони Томск дар ҳимояти қонун қарор доранд"

Сайфулло Исматуллоев соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Чанд муддат дар корхонаи "Фанон"-и пойтахт ифои вазифа намуда, соли 1984 бо тавсияи маъмурияти корхона барои гирифтани маълумоти олӣ ба Донишгоҳи системаи идорӣ ва радиоэлектронии шаҳри Томск роҳхат гирифт. Соли 1990 ин донишгоҳро хатм карда, барои идомаи кор ба корхонаи "Фанон" баргашт.
Баъдан Сайфулло Исматуллоевро роҳбарияти донишгоҳи Томск ба кор даъват кард. Дар ҳоли ҳозир ӯ вазифаи муовини декани факултаи иқтисоди донишгоҳро  бар дӯш дорад. Ҳамчунин раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Томски Федератсияи Русия аст.
Сайфулло Исматуллоев, раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Томски Федератсияи Русия, иттифоқан меҳмони кормандони рӯзномаи "Ҷумҳурият" шуд. Хабарнигорамон бо истифода аз ин фурсат бо ӯ дар мавриди буду бош ва кору фаъолияти тоҷикони ин шаҳр сӯҳбате анҷом дод, ки пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад.


- Мӯҳтарам Сайфулло Исматуллоев, нахуст мехоҳам, хонандагони сершумори "Ҷумҳурият"-ро  бо  фаъолияти Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Томск ошно созем. Ин ҷамъият кай таъсис шуд ва то кунун теъдоди аъзоаш ба чанд нафар расидааст?
- Соли 2005 як гурӯҳ тоҷикони муқими Томск ҷамъомаде доир намуда, масъалаи созмон додани ҷамъияти тоҷиконро ба миён гузоштанд, ки дар он ман низ иштирок доштам. Мо гурӯҳи корӣ созмон додем ва он чанд муддат фаъолият намуд. Вале бо сабабҳои гуногун масъалаи таъсиси ҷамъияти тоҷикон ҳалли худро наёфт. Аз байн ду сол гузашт. Моҳи августи соли 2007 тасмим гирифта шуд, ки ҷамъият бояд ташкил карда шавад. Зеро масъалаҳое буданд, ки муҳоҷирон ба танҳоӣ аз  ӯҳдаи ҳаллашон намебаромаданд. Иштирокдорони ҷамъомад пешниҳод карданд, ки ман сарварии созмони навтаъсисро ба зимма гирам. Ман ки дар Томск чандин сол фаъолият доштам, барои иҷрои ин вазифаи ниҳоят мушкил ва пурмасъулият  розӣ шудам. Гурӯҳи корӣ иборат аз 12 нафар ба таҳияи Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ шурӯъ кард. 18 марти соли 2008 мақомоти дахлдори вилояти Томск асноди пешниҳодшударо баррасӣ ва ҷамъияти тоҷиконро сабти ном намуд.
Баъди ба расмият даромадани ҷамъият мо бо иштироки беш аз 100 нафар ҳамватанамон маҳфиле доир намуда, ба онҳо аз оғози фаъолияти ҷамъият мужда расондем. Гуфтем, ки аз ин ба баъд ҳар як тоҷики муқими Томск метавонад дар ҳолати ба мушкилӣ рӯ ба рӯ омадан ба ҷамъият муроҷиат кунад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя кардан аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъияти тоҷикони Томск дониста шуд.
Дар посух ба пурсиши Шумо бояд таъкид созам, ки тоҷикон дар шаҳри Томск ба 3660 нафар мерасанд, ки аз ин 860 нафараш тоҷикони Тоҷикистон ва боқимонда тоҷикони Ӯзбекистонанд. Ҳамаи онҳо узви ҷамъияти мо мебошанд.
- Тоҷикон дар шаҳри Томск асосан ба чӣ шуғле даст доранд?
- Дар ин шаҳр тоҷикон асосан ба корҳои сохтмонӣ машғуланд. Мутаассифона, онҳо  ба иллати дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ ҳамарӯза ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ, надонистани қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия ҳисоби корашонро гум карда, ҳатто бо корфармо шартнома намебанданд. Музди кори худро бошад, моҳҳо гирифта наметавонанд. Вақте ки мо ба мақомоти дахлдор оид ба расондани ёрӣ ба муҳоҷирон муроҷиат мекунем, аввалин суоле, ки медиҳанд ин аст: "Оё муҳоҷирон бо корфармо шартнома бастаанд"? Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки ба ҳамватанонамон дар ин маврид ёрии ҳуқуқӣ расонем. Ба назари ман, сабаби дигари ба мушкилот мувоҷеҳ гаштани муҳоҷирон ин аст, ки онҳо дар аксари мавридҳо на дар иншоотҳои давлатӣ, балки дар муассисаҳои шахсӣ ва бе имзои шартнома ба кору фаъолият машғуланд.
- Шумо гуфтед, ки муҳоҷирони тоҷик мушкилоти забонӣ доранд ва инро яке аз омилҳои асосии сар задани ҳар гуна нобарориҳо дар корашон меҳисобед. Оё ҷамъият чунин имконе дорад, ки барои рафъи ин мушкилот тадбир намояд?
- Ин масъала ҳамеша дар мадди назари мо қарор дорад. Баҳори соли гузашта ман бо Виктор Кресс, губернатори вилояти Томск, оид ба омӯзиши забони русӣ мулоқот анҷом додам. Мавсуф ба ёвари худ дастур дод, ки масъалаи мазкурро бо идораҳои дахлдор омӯхта, аз натиҷааш ба ӯ гузориш пешниҳод намояд. Бори дувум ин мавзуъ дар ҳузури Виктор Кресс моҳи октябр матраҳ шуд. Ӯ ба намояндаи кумитаи маорифи вилоят гуфт, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд ва ӯ аз хазинаи губернатор барои омӯзиши забони русӣ 3 миллион рубл ҷудо хоҳад кард.
Масъалаи ба муҳоҷирон омӯзондани забони русӣ дар сӯҳбати хабарнигори радиои "Эхо Москва" бо ман низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди ин сӯҳбат намояндагони телевизиони Томск хоҳиш намуданд, ки дар ин боб бо онҳо мусоҳибае дошта бошам. Хоҳишашонро бо хушҳолӣ пазируфтам ва мо сӯҳбати хеле судманд анҷом додем. Гуфтугӯи дувуми мо бо хабарнигори "Эхо Москва" ба таври мустақим пахш шуд. Дар ин сӯҳбат аз шароити кору зиндагии муҳоҷирон, сатҳи забондонӣ, расму оини тоҷикон, таърихи давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон маълумоти муфассал пешкаш кардам. Ду нафар аз иштирокдори сӯҳбати пахши мустақим ғайричашмдошт ба ҷои савол тавассути телефон аз одоби муошират, рафтору кирдору гуфтор, меҳнатдӯстӣ ва меҳмоннавозии тоҷикони муқими Томск изҳори қаноатмандӣ кард, ки аз ин хеле шод шудам. Хуллас, масъалаи омӯзиши забони русӣ ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат дар соли равон бояд ҳалли худро ёбад.
- Ҳамкории ҷамъият бо мақомоти қонунгузор, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва хадамоти муҳоҷирати вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Соли сипаришуда бо ибтикори ҷамъиятҳои миллии шаҳри Томск, ки шумораашон ба 25 мерасад, дар назди Думаи шаҳрӣ комиссияи миллӣ таъсис ёфт. Дар палатаи ҷамъиятӣ бошад, Кумита оид ба масъалаҳои миллӣ созмон дода шуд, ки дар ҳамаи маҷлисҳои онҳо роҳбарияти ҳамаи ҷамъиятҳо даъват шуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро матраҳ месозанд. Гузашта аз ин, дар назди губернатори вилоят Шӯрои машваратӣ амал мекунад, ки ба он сарварони ҷамъиятҳои миллӣ низ шомиланд. Раиси Шӯрои машваратӣ Виктор Кресс, губернатори вилоят, аст. Маврид ба зикр аст, ки соли рафта Кумитаи миллии вилояти Томск созмон дода шуд, ки ба он Сергей Никифоров, муовини губернатор, сарварӣ мекунад. Мо ҳар семоҳа ҷамъ омада, мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлил ва ҳал қарор медиҳем.
Мо бо раёсати корҳои дохилии вилоят (сардораш В. Митрофанов) низ ҳамкории зич дорем. 
Дар мавриди ҳамкории ҷамъият бо Хадамоти муҳоҷирати вилоят (сардораш Александр Романов) гуфтаниам, ки дар назди ин хадамот Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки аъзои он моҳе ду  ва ё се маротиба бо ҳам вохӯрда, масъалаҳои мубрамро ҳаллу фасл менамоянд.
- Дар Федератсияи Русия, бахусус, пас аз қазияи халабонҳои марзшикан Владимир Садовничий - шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония, муносибат ба муҳоҷирони тоҷик навъе дигар шуд. Ниҳодҳои марбутаи Русия муҳоҷиронро бо ҳар баҳона боздошт ва озор медоданд… Ба дунболи ин қазия вазъият дар шаҳри Томск чӣ гуна буд?
- Дар мавриди муомилаи дағалонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Томск ба мо ягон шикоят нарасидааст. Қазияи халабонҳо низ ба кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон таъсиргузор набуд. Тоҷикон дар Томск озодона гашту гузор мекунанд. Аз ҳеҷ чиз ва аз ҳеҷ кас ҳарос надоранд. Кормандони полис низ бесабаб касеро боздошт намекунанд, зеро аз роҳбарияти вилоят ва шаҳрдорӣ, Думаи вилоятӣ супориш гирифтаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба низоъи миллӣ, таҳқири аққалиятҳои миллӣ роҳ надиҳанд. Тавре ки дар боло зикр кардам, мо бо роҳбарияти Раёсати корҳои дохилии вилоят ҳамкории зич дорем. Онҳо ба мо телфонҳои боварии худро додаанд, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот маълумот ироа дорем.
Мутаассифона, баъзан гуноҳ аз худи мо низ сар мезанад. Масалан, як нафар тоҷикро, ки дар яке аз клубҳои дилхушии шаҳр дар  ҳолати мастӣ суханҳои қабеҳ мегуфт, зада маҷрӯҳ карданд. Бо ин ҳама ман фавран ба тамоми идораҳои зидахл мактуб ирсол намуда, талаб кардам, ки қазияи мазкурро санҷида, гунаҳгоронро ёфта ба ҷавобгарӣ кашанд. Масъала ҳамон замон пайгирӣ карда шуд. Оид ба ин қазия 7 нафар дастгир гардид. Ба ҷуз аз як нафар, ки ноболиғ буд, дигарон аз 7 то 9-солӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд. Зарари ҷисмонии ба тоҷики ҷабрдида расида ба маблағи 300 ҳазор рубли русӣ рӯёнда шуд.
- Мӯҳтарам Сайфулло Исматуллоев, аз фаъолияти Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Томск се сол мегузарад. Тавре ки аз сӯҳбат маълум гашт, шумо дар ин муддат корҳои зиёдеро анҷом додед. Бигӯед, ки муҳоҷирон Шуморо асосан аз куҷо меёбанд: донишгоҳ, дафтари кор ё манзили истиқоматиатон?
- Муҳоҷирони корафтода маро асосан тавассути телефони мобилиам пайдо мекунанд. Зеро то имрӯз дафтари корӣ надорем. Ду сол пеш мо- сарварони ҷамъиятҳои миллии муқими Томск дархост пешниҳод карда будем, ки барои фаъолияти самаранокамон биное ҷудо кунанд. Ин масъала таҳти назорати губернатори вилоят қарор дорад. Ӯ ба мири шаҳр супориш додааст, ки ба маблағи 30 миллион рубл биноеро харида, ба ихтиёрамон гузорад. Бовар дорем, ки масъалаи мазкур дар соли равон ҳалли худро меёбад ва мо ба ин дафтари корӣ "Хонаи дӯстӣ" ном хоҳем гузошт.
- Дар хотимаи сӯҳбат боз чӣ гуфтанӣ доред?
- Зикри як нуктаро муҳим меҳисобам, ки ман дар баробари раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Томск буданам, устоди Донишгоҳи системаи идора ва радиоэлектронӣ низ мебошам. Аз ин рӯ, бисёр мехостам, ки толибилмони тоҷик дар мактабҳои олии Томск таҳсили илм намоянд ва шумораи онҳо сол ба сол афзояд. Бо ҳамин мақсад се сол пеш бо яке аз  муовинони вазири маорифи ҷумҳурӣ сӯҳбат доштам. Ба ӯ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Томск, ихтисосҳо, шароити таҳсил маълумот додам. Соли 2010 аз ҷумҳурӣ 8 нафар ба Томск фиристода шуд, ки аз ин 6 нафар дар Донишгоҳи системаи идора ва радиоэлектронӣ ва ду нафар дар Донишгоҳи давлатии Томск ба таҳсил фаро гирифта шуд. Имсол шумораи онҳо ба 24 нафар расид. Ман ҳамчун раиси ҷамъият ҳамаи онҳоро таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор додаам. Кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки онҳо мутахассисони баландпоя гашта, ба манфиати халқу Ватан хидмати шоиста намоянд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.12    №: 7    Мутолиа карданд: 12459

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед