logo

номаҳо

Агар ҷавонони мо маънои навиштаҳоро мефаҳмиданд...

Аз хориҷи кишвар ба бозорҳои мо либосҳои зиёд ворид мегардад. Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба онҳо, хоса либосҳои кишварҳои ғарбӣ, зиёд мебошад. Албатта, онҳо мехоҳанд ҷавонони ин мамоликро тақлид намоянд ва худро пешрафта нишон диҳанд. Дуруст аст, ки дар интихобу пӯшидани навъҳои гуногуни либос кас озод мебошад. Аммо агар тақлид кӯр-кӯрона сурат бигирад, на ба манфиати ҷавонон ва на ба манфиати ҷомеаи мо аст.
Муроди ман аз иншои ин нома гирифтани пеши роҳи воридоти ин навъ либосҳо нест. Аммо мехоҳам баён дорам, ки дар баъзе аз ин гуна либосҳо ба забони англисӣ навиштаҳои номатлуб вуҷуд доранд. Агар ҷавонони мо маънои ин навиштаҳоро мефаҳмиданд, ҳаргиз онҳоро харидорӣ наменамуданд. Масалан, ман дар шиме зери акси хурде дидам, ки ба забони англисӣ навишта шуда буд: "Базми муханнасҳо" (нармодаҳо). Дар як шими дигар хондам: "Ман муханнасам. Ба ҳеҷ кас "не" намегӯям".
Мутаассифона, имрӯз ҷавонони мо аз либосу пойафзолҳои ду хайёти муханнаси итолиёӣ Доменико Долче ва Стефано Габбана, ки ҳар ду мард буда, расман дар никоҳи якдигаранд, харидорӣ мекунанду истифода мебаранд. Бигузор онҳо ҳамчунон дар интихобу истифодаи ҳама гуна либосу пойафзол озод бошанд, аммо бояд ба матни онҳо низ диққат бидиҳанд, то оқиле ба ҳолашон нахандад.

Зокир ҲАСАН,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.12    №: 8    Мутолиа карданд: 558

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед