logo

муҳоҷират

Русия дар ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон фаъол нест

Муҳоҷирати корӣ масъалаи муҳими иҷтимоии ҷаҳони муосир аст ва табиист, ки мо низ ба он ниёз дорем. Назар ба маълумоти  Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 аз вилояти Суғд қариб 173 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтааст.
Дар робита ба зарурати муҳоҷират ва мушкилоти он бори савум дар вилояти Суғд симпозиуми байналмилалӣ доир гардид. Дар он масоили мубрам ва ҳалталаби муҳоҷирати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Суҳбати Муҳайё Воситзода, хабарнигори «Ҷумҳурият»,  бо Аброр Мирсаидов, яке аз масъулони симпозиум, олими иқтисодшинос, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар ин хусус аст.


- Устод, бигӯед, ки ташкили конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ то чӣ андоза ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон мусоидат мекунанд?
- Муҳоҷирати корӣ раванди табиист ва он ҳам барои кишвари интиқолдиҳанда ва ҳам барои қабулкунанда нафъи иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Бо баргузории симпозиум ва конфронсҳо ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирон осон мегардад. Ташхиси вазъи бозори меҳнат нишон медиҳад, ки масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор муҳимтарин вазифаи иҷтимоии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар охири садаи ХХ ҷумҳуриҳои  Иттиҳоди Шӯравии пешин истиқлолият ба даст оварданд ва инсоният шоҳиди вусъат гирифтани неруи тавоно ва бебозгашти ҷаҳонгароӣ гашт. Он тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт ва як низоми умумии алоқамандии мутақобилаи давлатҳо ва халқҳои ҷаҳонро ба вуҷуд овард. Густариши ин робитаи давлатҳо бо вусъату якҷошавии ҷараёнҳо ва вобастагии иқтисодиёти миллату халқиятҳо марбут аст.
Дар шароити кунунӣ ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ-молиявӣ дар тамоми манотиқи олам фаъолият доранд. Ба онҳо  ҳамаи мамлакатҳои собиқ шӯравӣ шомил мешаванд, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ, новобаста аз сатҳи тараққиёти гуногун ва сохти иҷтимоиву иқтисодӣ, чун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолият менамоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳаракати байналмилалии кулли захираҳои иқтисодӣ-молиявӣ суръат мегирад. Захираҳои меҳнатӣ низ ба ин раванд шомил ҳастанд. Азбаски ин масъала хусусияти умумибашарӣ дорад, зарурати ҳамкориҳои илмии давлатҳо ва ташкили симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ ба миён омад.
Минбаъд зимни ташкил ва баргузории симпозиумҳои байналмилалӣ бояд масъалаҳои зерин ба назар гирифта шаванд:
1. Васеъ гардидани ҷуғрофиёи муҳоҷирати кории байналмилалӣ,  муайян гардидани таркиби муҳоҷирон, ҷалби ҳамаи давлатҳо ба доираи муҳоҷирати ҷаҳонӣ.
2. Ҳалли масъалаи забономӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои нав.
3. Афзоиши доимии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва роҳҳои пешгирии он.
4. Ҷараёни муҳоҷирати байналмилалӣ дар рушди демографии ҷаҳон.
Ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, барои давлатҳое, ки хусусияти дутарафаи сиёсии муҳоҷират доранд, дар ҳалли муаммоҳои батанзимдарории ҷараёни байналмилалии муҳоҷират аҳамияти бузург касб мекунанд.
- Бо баргузор шудани симпозиумҳои байналмилалӣ кадом паҳлуи масъалаи муҳоҷират осон гардид? 
- Се симпозиуми байналмилалие, ки солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар Хуҷанд гузаронида шуд, метавон гуфт,  се марҳалаи омӯзиш, пешниҳод ва ҳалли масъалаи муҳоҷирати корӣ маҳсуб меёбад. Мақсад он буд, ки таҳқиқоти олимонеро, ки дар муътадилгардонии инкишофи иқтисодӣ, раванди демографӣ, муҳоҷират ва бозори меҳнат дар Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия бо матолибу пешниҳодоти мушаххас саҳм мегузоранд, муттаҳид созад. Дар симпозиумҳо роҳҳои истифодаи муҳоҷирати корӣ, интиқоли маблағҳои онҳо барои рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақа, ҳавасмандсозии тарзи нави хоҷагидорӣ ва рушди иқтисодиёт баррасӣ гардиданд.
Имрӯз ҷаҳони муосир дар раванди ду гузариш қарор дорад. Раванди  якум касби зинаҳои ҷомеаи индустриалӣ - иттилоотӣ аст ва раванди дувум гузариши давлатҳои узви ИДМ аз низоми фармондиҳӣ ба низоми иқтисоди бозорӣ мебошад. Мушкил он аст, ки ҷомеаи мо ин ду равандро бояд ҳал намояд.
Муҳоҷирони корӣ на танҳо содироти қувваи корӣ, балки пешоҳангони интиқоли ҷараёнҳои инноватсионӣ миёни давлатҳо маҳсуб меёбанд. Яъне ангезандагони раванди инноватсионӣ дар кишварҳои муҳоҷиргиранда ва интиқолдиҳанда  мебошанд.
Иштирокдорони симпозиум, олимони соҳаи муҳоҷирати кории Ҷопону Финландия, Италия, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Канада, Куриё, Британияи Кабир, Бразилия, Булғористон, Амрико, Шветсария, Олмон, Фаронса, Ветнам, Австралия, Беларус, Украина ва Тоҷикистону Федератсияи Русия доир ба паҳлуҳои масъалаи муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия назари таҳлилии хешро баён сохтанд. Маълум гашт, ки Русия аз заҳмати муҳоҷирон фоидаи ҳангуфте мегирад, вале дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо кори чашмрасеро сомон намедиҳад.
Хонум Дави Бавиа, олим аз  Британияи Кабир, зикр кард, ки бо сабаби шароити номуътадили иқтисодиву иҷтимоии муҳоҷирони корӣ дар Русия  Ҷумҳурии Қазоқистон дар бозори меҳнати мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил комёб мегардад. Зеро қонунҳои ин кишвар ба ҳуқуқи умумибашарии инсон бештар такя доранд ва дар ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирон бо коргарони худӣ қариб баробар аст. Русияро зарур аст, ки аз таҷрибаи Қазоқистон истифода кунад. Он гоҳ ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия бештар фоида хоҳанд дид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.12    №: 23    Мутолиа карданд: 10853
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед