logo

ҳукумат

Кумитаи тадорукоти таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ тасдиқ гардид

28 феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Суюнхон Рустамов муовини якуми вазири кишоварзӣ ва Ҳайдар Холов муовини вазири энергетика ва саноат  таъин гардиданд. Ҳамчунин аъзои нави ҳайати мушовараи чанде аз идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.
Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 20 – солагии иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гашт. Ба ҳайати он, ки таҳти роҳбарии Оқил Оқилов, Сарвазири кишвар, фаъолият хоҳад кард, масъулони Ҳукумату Порлумон, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо шомил гардиданд.
Ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005-2015 шунида шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти мамнуъгоҳҳои табиӣ, аз нав ба ҳисоб гирифтани шумораи ҳайвоноту парандагони нодир ва ҳамчунин зиёд намудани саршумори онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон доир ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақсими заминҳои ба аҳолӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудошуда ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, аз 467 га замини ҷудошуда 80 фоизаш ба 1933 оилаи ниёзманд тақсим шудааст. Ба гуфти раиси ноҳия, аз ҳисоби заминҳои ҷудошуда, ҳамчунин чанд шаҳраки нав барои муаллимон ва табибони ҷавон бунёд мегардад, ки аз супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бармеояд.
Ҳисоботи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз руи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то 1 – уми январи соли 2012 тасдиқ шуд. Тавре иттилоъ ёфтем, ҳаҷми заминҳои обии кишвар тавассути азхудкунии заминҳои бекорхобида дар зарфи як сол 4400 га афзудааст. Дастур шуд, ки дар солҳои наздик 35377 га заминҳои партов, аз ҷумла 29129 га замини обӣ дубора барои истифода ба кишоварзон баргардонда шавад.
Лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашт. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», «Дар  бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи стандартонӣ» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод шуданд.
Қарорҳои Ҳукумат дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии ЭКСПО «Ёсу-2012» дар шаҳри Ёсуи Ҷумҳурии Корея ва таҷлили 3000 – солагии Ҳисор дар соли 2015 тасдиқ гардиданд.
Чунонки таъкид ёфт, то моҳи сентябри соли 2015 тамоми ҳудуди ноҳияи Ҳисор бояд ободу зебо шуда, маркази он ба як шаҳри дилкаши замонавӣ табдил ёбад.
Ҳамчунин Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015, Барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва рушди варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 ва барномаҳо барои татбиқи консепсияҳои пешгӯии инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист, соҳибкорӣ, мудофиа, амният, ҳифзи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ тасдиқ шуданд.
Ба ноҳияҳои Исфара, Ишкошим ва Рӯшон барои ба аҳолӣ додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин ҷудо гардид. Аз ҷумла ба ноҳияи Исфара 855 га барои 5555 оила, ноҳияи Ишкошим 91 га барои 346 оила ва ба ноҳияи Рӯшон 25 га ба 417 оила ҷудо шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо ишора ба ҳаҷми зиёди замини барои сохтмони манзил ба аҳолӣ ҷудогашта, таъкид дошт, ки ин заминҳо бояд ба фонди манзили шаҳру ноҳияҳо дохил карда, на яку якбора, балки тадриҷан, бо назардошти зарурат тақсим шаванд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ, кумак ба ниёзмандон дар арафаи идҳои пуршукуҳ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти думоҳа дар соли равон, вусъат додани киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ, дастгирии кишоварзон ва омодагии ҷиддӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, хусусан обхезиҳои баъди обшавии барфи бешумори зимистони имсола дастуру ҳидоятҳо дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.12    №: 28    Мутолиа карданд: 1331
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед