logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон: "100 - солагии матбуоти тоҷик ҷашни умумимиллист"

10 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик бо намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма мулоқот намуд.
Ҷамъомади идонаи бахшида ба  100 - умин солгарди матбуоти тоҷик дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аҳли матбуоти ҷумҳуриро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва парвозҳои баланди эҷодӣ таманно намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, бо ёдоварӣ аз таърихи садсолаи матбуоти тоҷик, аз ҷумла солҳои аввали он ва фаъолияти тақдирсози устод Садриддин Айнӣ, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар бунёд ва рушди давлатдории навини тоҷикон бузург арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо ишора ба аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар таърихи миллат ва рушди ҷомеа изҳор дошт, ки "100 - солагии матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад".
Бо ёдоварӣ аз се марҳалаи рушди матбуоти тоҷик, яъне давраи  пеш аз инқилоб, даврони шӯравӣ ва замони истиқлолият, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, изҳор дошт, ки маҳз дар замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи воситаҳои ахбори омма, хусусан расонаҳои мустақил ба маротиб афзун шуд. Зикр гардид, ки "соли 1991 ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ вуҷуд дошт ва аз 139 адад рӯзномаву маҷалла фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Имрӯз бошад, 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки 270 - тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, 9-тоаш ва аз 44 шабакаи радиотелевизионӣ 28 - тоаш хусусӣ мебошад".
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, расонаҳои давлатӣ ва мустақилро "ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик" ва дар умури идораи давлатӣ "ёварони давлату ҳукумат" арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, доир ба мусоидат ба фаъолияти озоду ошкоро ва созандаи матбуоти тоҷик ба сохторҳои масъули давлатӣ як қатор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру тӯҳмати (135 ва 136) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омода кардани нуқтаҳои фурӯши матбуоти даврӣ дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо, навсозии воситаҳои чопи рӯзномаю маҷаллаҳо, саҳлсозии расондани нашрияҳо ба минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаи давлатии омодасозии кадрҳои соҳа, таъсиси Академияи телевизион ва радио ва ғайра дода шуд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шавад.
Дар охири ҷамъомад ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик як зумра рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ва собиқадорони ин соҳа бо мукофотҳои давлатӣ, аз қабили ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои арзишноки хотиравӣ, ба мисли телевизор ва компютер, сарфароз гардонда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.12    №: 34    Мутолиа карданд: 486

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед