logo

ҳукумат

Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон тасдиқ гардид

30 март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он нахуст ҳисоботи вазири энергетика ва саноат дар бораи рушди саноати хӯрокворӣ шунида шуд.  Тавре зикр гардид, ба шарофати истиқлолияти давлатии мамлакат  ва афзалият додан ба соҳибкории хусусӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 94 адади соли 1991 то соли 2010 ба зиёда аз 600 адад расид. Танҳо дар солҳои 2006-2011 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 394 корхонаи нав бунёд ёфт, ки дар онҳо 7300 ҷойи корӣ муҳайё гардид. Соли 2011 дар ҳаҷми 2 миллиарду 74 миллион сомонӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 1996 43 баробар зиёд аст. Навсозии корхонаҳои мавҷуда ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз кардани онҳо низ аз соли 2006 ба ин сӯ авҷ гирифтааст.  Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки барои дастгирии соҳибкорони хусусӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, навсозии технологии корхонаҳои мавҷуда, васеъ ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ аз тамоми имкону захираҳо истифода шаванд.             
Сипас  раиси ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда барои солҳои 2010-2014 ҳисобот дод.    
Тавре зикр гашт, тайи солҳои 2010-2011 дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳолати мелиоративии 1370 га замини обӣ тавассути тоза кардани каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо беҳтар шуд. "Бо вуҷуди ин, мушкилоти зиёд барои беҳсозии ҳолати иншооти дигари мелиоративӣ ва паст кардани сатҳи оби зеризаминӣ дар як қатор хоҷагию ҷамоатҳо боқӣ мемонад", - таъкид гардид дар ҳисобот.  
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи мелиоратсияи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ, аз ҷумла барқарор намудани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, супоришҳои мушаххас дод.
Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016 ва Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд барои солҳои 2012-2017 тасдиқ гардиданд.
Тавре иттилоъ дода  шуд, ҳадафи асосии Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ тавассути зиёд намудани майдони кишт ва ҳосилнокии картошка ба зиёда аз 1 миллион тонна расондани истеҳсоли он то соли 2016 мебошад. Бо татбиқи босамари барнома Тоҷикистон дар ин муддат бояд на танҳо талаботи афзояндаи бозори дохилиро бо ин маҳсулот пурра таъмин созад, балки ба хориҷа ҳам содир намояд.
Дар робита ба пешгирии бемории қанд Сарвари давлат изҳор дошт, ки роҳи асосии он кам кардани истеъмоли хӯрокҳои серғизо, бештар машғул шудан ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим аст. Аз ин хотир таъкид гардид, ки бурдани тарзи ҳаёти солим ва дуруст ба роҳ мондани истеъмоли ғизо дар миёни аҳолӣ тарғибу ташвиқ шаванд.
Лоиҳаи як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашт. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ", "Дар бораи судҳои ҳакамӣ" ва ба Кодекси замин пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ҷиргатол тасдиқ шуданд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи аввали соли равон ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои модии давлатӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.04.12    №: 41-42    Мутолиа карданд: 1111
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед