logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 404; с. 2007, №3, мод. 160) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4, банди 2) моддаи 10, бандҳои 3), 5) ва 9) қисми 1 моддаи 18, бандҳои 4), 5), 6) ва 7) моддаи 19, банди 1) қисми 2 моддаи 20 ва қисми 2 моддаи 40 калимаи "хоҷагӣ" ба калимаи "иқтисодӣ" иваз карда шавад.
2. Ба моддаи 8 қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"6. Таъмини нигоҳдории объектҳои экспертизаи давлатии судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад.".
3. Ба банди 2) моддаи 10 баъд аз калимаи "гражданӣ," калимаи "оилавӣ," илова карда шавад.
4. Дар моддаи 40:
- ба қисми 2 баъд аз калимаи "гражданӣ"  калимаи ", оилавӣ" илова карда шавад;
- ба қисми 3 баъд аз калимаҳои "парвандаҳои ҷиноятӣ" калимаҳои "ва маъмурӣ" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2012, № 804


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 феврали соли 2012, № 670


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" баррасӣ намуда,  қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 277


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.12    №: 49-52    Мутолиа карданд: 1674
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед