logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149;    мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468;        с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод.3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2,   мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 117:
- дар қисми 2:
- банди ж) хориҷ карда шавад;
- банди з) банди ж) ҳисобида шавад;
- эзоҳи модда хориҷ карда шавад.
2. Ба Кодекс моддаи 1431 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1431. Шиканҷа
1) Қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки  содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст, -
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) нисбати зане, ки ҳомиладории ӯ барои гунаҳгор аён аст ё  шахси баръало ноболиғ ё нисбати маъюб;
г) бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати  то панҷ сол  ҷазо дода  мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи  қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо  расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошанд;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин  гардида бошанд, бо маҳрум сохтан  аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати  то панҷ сол  ҷазо дода мешаванд.".
3. Дар моддаи 1792:
- ба санксияи қисми 1 пас аз калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол" калимаҳои "бо мусодираи молу мулк" илова карда шаванд;
- дар қисми 2:
- дар банди в) калимаҳои "содир шуда бошанд" хориҷ карда, аломатҳои вергул ва дефис ",-" ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шаванд;
- банди г) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"г) бо истифодаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаи  қонунигардонидашуда (расмикунонидашуда) содир шуда бошанд, -";
- ба санксияи қисм пас аз калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол" калимаҳои "бо мусодираи молу мулк" илова карда шаванд;
- ба санксияи қисми 3 пас аз калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол" калимаҳои "бо мусодираи молу мулк" илова карда шаванд.
4.  Моддаи 262  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 262. Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда
1) Анҷом додани амалиёти молиявӣ ё дигар аҳдҳо бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар  молу мулке, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд ё мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, бо мақсади махфӣ нигоҳ доштан ё пинҳон намудани хусусияти аслӣ, манбаъ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, аз ҷо ба ҷо гузаронидан, тааллуқдорӣ ё ҳуқуқи моликият, инчунин намуди қонунӣ додан ба соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории ин маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк, -
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ   нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.
2)  Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) ба миқдори калон содир шуда бошад, -
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: 1) Шахсе, ки дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда иштирок кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҳамин кирдор озод карда мешавад, агар ӯ пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад ва (ё) ихтиёран даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаашро супорида бошад.
2) Таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаи мазкур андозаи маблағҳои пулӣ ё арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз  андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон андозаи маблағҳои пулӣ ё арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  панҷ ҳазор маротиба зиёдтар мебошад.
3) Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулке, ки   бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.".
5. Қисми 2 моддаи 354 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2012, № 808


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 феврали соли 2012, № 698


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 281


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.12    №: 49-52    Мутолиа карданд: 962

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед