logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба банди д) қисми 1 моддаи 11 баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ" илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 12:
- дар банди д) қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- ба қисми 1 банди е) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"е) бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки вобаста ба онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, инчунин бо парвандаҳои қатъгашта ё маводе, ки оид ба онҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, тафтишотӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, шинос шуда, аз онҳо маълумоти заруриро рӯйнавис ё нусхабардорӣ кунад.";
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намояд.";
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё бо супориши хаттии ӯ корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ доранд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои тамоми марҳилаҳои судӣ, аз ҷумла маҷлисҳои пӯшидаи судӣ иштирок намоянд.
5. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  метавонад оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок қобилияти мустақилона истифода бурдани воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои худро надоранд, ба суд  ва ё дигар мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намояд, аз ҷумла аризаи даъвогӣ пешниҳод кунад.".
3. Дар моддаи 22:
- дар банди б) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- банди в) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"в) ба мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ оид ба қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳод ирсол намояд.";
- матни модда қисми 1 ҳисобида, қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2012, № 811

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 феврали соли 2012, № 708

 

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 284


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.12    №: 49-52    Мутолиа карданд: 704

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед