logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи реклама» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,       с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №7, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Матни пеш аз моддаи 1 ҳамчун муқаддима пеш аз калимаҳои «БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ» навишта шуда, дар он калимаҳои «муҳити зист ё иззати нафс, шараф ё шӯҳрати меҳнатии» ба калимаҳои «тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории», калимаи «қатъ» ба калимаи «манъ» ва калимаи «амволи» ба калимаҳои «молу мулки»,  иваз карда шаванд.
2. Рақамгузории бобҳо ба рақамҳои арабӣ иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархати сеюм калимаи «аксулреклама» ба калимаҳои «рекламаи мутақобил» иваз карда шавад;
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«рекламадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ,  ки бо фармоиши он реклама таҳия ва  паҳн  карда мешавад;»;
- дар сархати шашум  калимаи «амвол» ба калимаҳои «молу мулк» иваз карда шавад;
- сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«рекламаи иҷтимоӣ – рекламаи ғайритиҷоратӣ, ки  дар он тарзи ҳаёти солим,  ҳифзи саломатӣ, ҳифзи табиат, амнияти аҳолӣ,  пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои  иҷтимоӣ ифода шудааст;»;
- дар сархати сездаҳум калимаи «саҳмгузорӣ» ба калимаи «сарпарастӣ»,  калимаи «саҳмгузор»  ба калимаи «сарпараст» ва калимаи «амвол» ба калимаҳои «молу мулк» иваз карда шаванд;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода  карда шавад:
«саҳми сарпарастӣ - пардохт барои реклама аз ҷониби сарпараст  (рекламадиҳанда) ба кӯмакгиранда (паҳнкунандаи реклама).».
4. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум калимаҳои «шинохташаванда бошад» ба калимаҳои «фаҳмида шавад» иваз карда шаванд;
- қисми чорум хориҷ карда шавад;
- аз қисми панҷум калимаҳои «мутаносибан бо ҳарфҳои хурд» хориҷ карда шаванд.
5. Ба сархати дуюми қисми якуми моддаи 6 баъд аз калимаи «эътибори» калимаи «кории» илова карда шавад.
6. Дар қисми дуюми моддаи 8 калимаҳои «иззати нафсу шараф ё эътибори» ба калимаҳои «шаъну шараф ё эътибори кории» иваз карда шаванд.
7. Дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 11 калимаи «гузоришҳои» ба калимаи «барномаҳои» иваз карда шавад.
8. Қисми якуми моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои  молумулкии муаллиф ба  чунин асарҳо  ҷойгир намудани реклама манъ аст.».
9. Дар қисми шашуми моддаи 14 калимаи «амвол» ба  калимаҳои  «молу мулк»  иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 15:
- дар қисми якум калимаи «амвол» ба  калимаҳои  «молу мулк»  иваз карда шавад;  
- дар қисми сеюм калимаҳои «Вазорати алоқаи» ба калимаҳои «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 16 калимаҳои «рекламаи махсус» ба калимаҳои «рекламаи иҷтимоӣ»  иваз карда шаванд.
12. Дар ном ва матни моддаи 20 калимаҳои «саҳмгузорӣ», «Саҳмгузор», «саҳмгузор» ва «Саҳмгузорӣ» мувофиқан ба калимаҳои «сарпарастӣ», «Сарпараст», «сарпараст» ва «Сарпарастӣ» иваз карда шаванд.
13. Дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми моддаи 21  калимаи «волидон»  ба калимаҳои «падару модар» иваз карда шавад. 
14. Ба Қонун моддаи 221 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 221. Ҳуқуқҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама
Рекламадиҳанда,  истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.».
15. Дар  моддаи 27:
- дар сархати дуюми қисми дуюм калимаи «аксулрекламаро» ба калимаҳои «рекламаи мутақобилро» иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои «созишнома бандад» ба калимаҳои «корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад» иваз карда шаванд.
16.  Дар  моддаи 28:
- дар қисми якум калимаи «Созмонҳои» ба калимаи «Ташкилотҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати якуми  қисми дуюм  калимаҳои «асноди меъёрию»  ба калимаҳои «санадҳои меъёрии» иваз карда шаванд. 
17. Дар номи боби V калимаи «АКСУЛРЕКЛАМА» ба калимаҳои «РЕКЛАМАИ МУТАҚОБИЛ» ва калимаи «МАСЪУЛИЯТ» ба калимаи «ҶАВОБГАРӢ» иваз карда шаванд. 
18. Дар моддаи 29:
- дар номи модда ва қисмҳои сеюм, панҷум, шашум, ва ҳафтум калимаи «Аксулреклама» ва «аксулреклама» мувофиқан ба калимаҳои «Рекламаи мутақобил» ва «рекламаи мутақобил» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаи «аксулрекламаро» ба калимаҳои  «рекламаи мутақобилро» иваз карда шавад;
- дар қисмҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум  калимаи «вайронкор» ба калимаи «ҳуқуқвайронкунанда»  иваз карда шавад;
- ба қисми  чорум  баъд аз калимаи «аст» калимаҳои «, ки аз ҳуқуқвайронкунанда  талаб намояд, то  ки  ӯ»  илова карда шаванд.
19. Дар  моддаи 30:
- дар номи  модда калимаи «Масъулияти» ба калимаи  «Ҷавобгарии»  иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои «масъулият дорад» ба калимаҳои «ҷавобгар мебошад» ва калимаи «қонуншикании» ба калимаи «ҳуқуқвайронкунии» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои «масъулият дорад» ба калимаҳои  «ҷавобгар  мебошад»  иваз карда шаванд;
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рӯёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд.».    
20. Моддаи 31 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2012, № 812

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2011, № 623

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи реклама»  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 286


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.12    №: 49-52    Мутолиа карданд: 955
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед