logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дидйе Рейндерс ва Питер де Крим

4 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дидйе Рейндерс муовини сарвазир - вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия ва Питер де Крим - вазири мудофиаи ин мамлакатро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба се ҷанбаи ҳамкорӣ - ҳамгироӣ барои барқарорсозии суботу эътидол дар Афғонистон, рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия равона гашт.
"Мо Белгияро яке аз шарикони муҳими худ дар Иттиҳоди Аврупо медонем", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дидйе Рейндерс густариши муносиботро бо Тоҷикистон бисёр муҳим номида, аз номи Ҳукумати кишвараш аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Брюссел бо сафари расмӣ ташриф орад.
Ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба неруҳои посдори сулҳ дар Афғонистон изҳори сипос карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳое, ки моҳи феврали соли 2009 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел ба имзо расида буданд, зоҳир гардид.
Ташкил ва густариши ҳамкории васеи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо назардошти бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дорои дурнамои судбахш барои ҳар ду ҷониб номида шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамгироӣ дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

www.president.tj

* * *
Дидйе Рейндерс, муовини сарвазир-вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия, таҳкими марз, ҳамгироӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ва ҷараёни равобити кишварҳои минтақа аз мавзӯъҳои умдаи мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, будааст.
Ёдовар мешавем, ки аз истиқрори муносиботи дипломатии ду кишвар 20 сол сипарӣ шуд. Дар ин робита Дидйе Рейндерс ба тавсеаи робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуда, афзуд, ки аз ин пас муносиботи ҳар ду ҷониб дар сатҳи сифатан нав қарор хоҳанд гирифт.
Муовини сарвазири Шоҳигарии Белгия итминон дод, ки кишвараш дар марҳалаи хуруҷи неруҳои низомии НАТО аз Афғонистон ба тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Номбурда аз тасмими Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти нозирони байналмилалӣ дар интихоботи президентии соли 2013 дар Тоҷикистон истиқбол намуд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.12    №: 58    Мутолиа карданд: 780
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед