logo

ҳукумат

Касбомӯзӣ шеваҳои тоза талаб дорад

30 май таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи рафти иҷрои барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 ва 2012-2013 шунида шуд.

Қайд гашт, ки дар самти касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили курсҳои касбомӯзии худкифо соли 2011-ум барномаи махсус таҳия шуд ва тавассути муассисаҳои таълими касби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълими касб маҷмуан 44158 нафар шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва бо шаҳодатнома арҷ гузоштани малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд.
Аз ҷумла тавассути роҳхатҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълими касби системаи агентӣ 10603 нафар ва ба роҳи худмаблағгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ 20554 нафар ба омӯзиши касб фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии 10842 нафар шаҳрванд ва муҳоҷирони меҳнатӣ, бо шаҳодатнома тасдиқ карда шуданд.
Давоми соли 2011 дар 28 муассисаи таълими касби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тибқи барнома 10603 нафар бекор аз рӯи 40 номгӯи ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, ки дар муқоиса ба соли 2010-ум 1462 нафар зиёд буда, 120,1 фоизро аз иҷрои нақша ташкил медиҳад. Аз теъдоди ба касбомӯзӣ фаро гирифташудагон дар муассисаҳои таълими касбии системаи агентӣ занону духтарон 7244 нафар ва ҷавонон 7464 нафарро ташкил медиҳанд
Қайд намудан ҷоиз аст, ки наздик ба 34 фоизи касбомӯзон ба ихтисоси дӯзандагӣ, 17,2 фоиз ба ихтисоси асосҳои омӯзиши компютер, 8,6 фоиз кафшергари газию барқӣ, 2,5 фоиз барқчӣ, 7,9 фоиз хизматрасонӣ ба аҳолӣ, 3,7 фоиз сохтмончӣ ва 3,9 фоиз ба омӯзиши касби қаннодӣ ҷалб шудаанд.
Ҳамин тавр, давоми соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои дар барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинишуда маҷмуан 2 миллиону 978 ҳазору 715 сомонӣ барои ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ сарф шуд, ки аз ин маблағ 1 миллиону 267 ҳазору 360 сомониашро стипендияи касбомӯзон ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки новобаста ба ин, дурнамои талабот ба таълими касб нишон медиҳад, ки заминаи мавҷудаи муассисаҳои таълими касби системаи вазорат барои ҳарчи бештар ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ кофӣ нест.
Қарор шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ташкили муассисаҳои таълими  кӯтоҳмуҳлати касб бо назардошти талабот ба кадрҳои коргарӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мусоидат намоянд.
Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ дар муассисаҳои таълими касби калонсолони Тоҷикистон зарур дониста шуд, ки омӯзиши касбу ихтисосҳои нав, аз қабили кандакорӣ, заргарӣ, мураббия-парастор ва дигар касбҳо ба роҳ монда шавад.
Сипас ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Шӯрообод дар бораи рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳисобот дод.
Як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Тартиби ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншооти мудофиаи гражданӣ, Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020 ва Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо тасдиқ карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштанд.
Бо қарорҳои Ҳукумат Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», Муассисаи таълимии давлатии мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи таълимии давлатии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.
Дар  охири маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъмини бозори истеъмолӣ, ҷамъоварии ҳосили мева, сабзавот, ғалла, суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, махсусан идома додани бунёди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, ҷамъбасти соли таҳсил ва омодагии муассисаҳои олии таълимӣ ба қабули довталабон ҷалб намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.12    №: 69-70    Мутолиа карданд: 932

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед