logo

мақолаҳо

Қонуни миллӣ - кафолати зиндагии шоиста

Эмомалӣ РАҲМОН, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Панҷ сол пеш мо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ яке аз қонунҳои бунёдӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул кардем. Ва имрӯз вақт ҳамчун довари бузург собит сохт, ки қабули чунин як қонун иқдоми хирадмандонае буд, ки на танҳо ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд, балки дар шароити тезу тунди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ манфиатҳои мардуми кишварро дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва башарӣ  ба таври назаррас ҳифз кард  ва ба дарди онҳо даво бахшид.

Таърих гувоҳ аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар миллат ва халқият дар раванди шаклгирӣ ва рушд ба омезишҳои беҷойи фарҳанги  дигар халқу миллатҳо  рӯ ба рӯ мешавад. Омезиши фарҳангҳо бошад, хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана  ва маросимҳои мардумӣ инъикоси худро меёбанд. Маҳз бо ҳамин далел тӯли садсолаҳои таърих ҷашну маросимҳои миллии мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми одӣ бор намуданд. Ин раванд то солҳои наздик, аниқтараш то қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо миллати муосири соҳибдавлатро  зери бори гарони одатҳои мухталиф монда,  шаҳрвандонро ба баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхарҷ талқин менамуд.
Бо назардошти вазъи бамиёномада ва бо мақсади ҷилавгирӣ аз омезишҳои гуногун, ки  барои қишрҳои гуногуни ҷомеа вазниниҳои муайянро ба бор оварда буданд, зарурати  таҳия ва қабули қонуни мазкур пеш омад, ки ҳадафи он пеш аз ҳама ба низом даровардани маъракаю маросимҳои мардумӣ ба шумор мерафт.
Албатта, ин иқдом дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст, балки тақозои замон буд. Зеро   вазнин шудани баргузории маросимҳои азодорӣ, маъракаҳои серхарҷи хурсандӣ, ки ба қарздоршавӣ, паст гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо ва ҳатто ба вайроншавии онҳо оварда мерасониданд, Ҳукумати кишварро водор сохт, ки доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ чораҳои бетаъхир андешад. Мушкилӣ сари он буд, ки ҳазорҳо ҷавон аз сабаби зиёд будани хароҷоти расмиёти анъанавӣ издивоҷ карда наметавонист. Падару модарон ба хотири раҳоӣ аз таънаю маломат ва хиҷолат дар назди ҳамсояҳо бо баҳонаҳои гуногун издивоҷи фарзандонро ба таъхир меандохтанд.
Дар маҷмуъ вазъи маросимҳои азодорӣ боз ҳам вазнинтар гардида, дар ниҳоят ба саломатии насли наврас, ахлоқи ҷомеа ва вазъи иқтисодии ҳар як оила латма ворид мекард. Зеро ба ғайр аз маросимҳои "саритахта", "себегоҳина", "ҳафт", "бист", "чил", "шашмоҳагӣ" ва "сол" соҳиби майит давоми як сол ҳар ҳафта "ҷумъагӣ" медод. Ин ҳама вазнинӣ ба болои марг ва фоҷиа ҳолати соҳибони майитро сангинтар мекард. Як нафари фавтида ба ҳолати моддии чанд оила таъсир расонида, онҳоро рӯҳан афгор менамуд. Аксар шаҳрвандони мо аз тарси таънаи мардум ба ҳамаи ин вазниниҳо тоқат мекарданд, ҳарчанд медонистанд, ки бисёре аз ин маросимҳо аз доираи талаботи дини мубини ислом берун буда, ба ахлоқ ва одоби миллии мо низ мувофиқат намекарданд.
Бинобар ин, ниҳоят зарур буд, ки моҳияти аслии ин масъала бо усулҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳи шарҳу тавзеҳ ба мардум фаҳмонида шаванд. Тавре ки ишора кардам, қонун дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст. Мо ҳанӯз соли 1999 доир ба зарурати танзими маъракаҳо Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис додем, вале мавҷудияти чанд омил мушкилиҳо пеш оварда, имкон надод, ки дар амалӣ намудани ин нияти нек муваффақ шавем. Пеш аз ҳама хурофот ниҳоят чуқур реша давонда, манфиатдорони чунин сурат гирифтани маъракаю маросимҳо ниҳоят зиёд шуда буданд. Аз тарафи дигар, зоҳирпарастию худнамоӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳолати оилаҳои нисбатан дасткӯтоҳро боз ҳам вазнинтар менамуд. Бо дарки муҳимияти масъала моро зарур буд, ки ҳамчун давлати иҷтимоӣ чунин зуҳуроти номатлубро пешгирӣ намоем.
Бо назардошти ин, новобаста аз он ки дар ин самт таҷрибаи кофӣ надоштем, анъанаҳои аҷдодии танзим ва талаботи дини мубини ислом ба мо имкон дод, ки барои ҳимояи манфиатҳои мардуми кишвар лоиҳаи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро таҳия намоем. 
Яке аз масъалаҳое, ки дар ибтидо дарк ва ҳалли илмии худро тақозо дошт, ин мувофиқати қонуни нав ба принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ҳуқуқи инсон буд. Дар назари аввал масъалаи мазкур одӣ менамояд, вале дарк ва ҳазми он дар чаҳорчӯбаи Конститутсияи кишвар ва созишномаҳои байналмилалӣ аҳамияти ниҳоят ҷиддӣ дошт. Аз ин хотир, дар қонун бо роҳи муайян намудани ҳадаф ва мақсадҳо моҳияти масъаларо равшан намудем ва ба шаҳрвандон фаҳмондем, ки мақсади аслии ин қонун ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Ин буд ки иқдоми моро мардуми кишвар ба хубӣ истиқбол ва ҷонибдорӣ намуд. 
Ҳадафи дигар ва марказии қонун таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад. Аз ин хотир қонунҳои кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалӣ ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва тартиботи ҷамъиятӣ танзим намудани муносибатҳо ва маҳдудсозии қонунии амалҳоро ҷойиз медонад. Яъне маҳдудсозӣ ба хотири ҳифзи манфиати дигарон ва нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеаи демократӣ тавассути қонун қобили қабул аст. Дар асл бошад, маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки нисбат ба ашхоси ҷудогона татбиқ мешавад, дар қонун вуҷуд надорад, қонуни танзим на ба маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳо, балки ба танзими доираи амали онҳо равона шудааст.
Ҳамин тавр мазмун ва муҳтавои лоиҳаи қонун дар ибтидо дар мизони талаботи Конститутсия, созишномаҳои байналмилалӣ роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мутобиқ карда шуд. Гузашта аз он, мувофиқати лоиҳаи қонун ба арзишҳои исломӣ ва фарҳанги миллии ниёгонамон аз ҷониби мутахассисон мавриди таҳлил қарор гирифт. Танҳо пас аз таҳлилҳои ҳамаҷонибаи илмӣ мо лоиҳаи қонунро ба баррасии ҷомеа гузошта, доираи васеи шаҳрвандонро дар такмили мазмуну муҳтавои он ҷалб намудем.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо назардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳоде, ки ба гурӯҳҳои кории Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва сайти Президенти Тоҷикистон ворид шуда буд, таҳия гардид. Дар баррасии он мардум тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои телевизионӣ фаъолона ширкат варзиданд. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа, бо такя ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои динӣ ва мардумӣ пешниҳод гардида, қишрҳои мухталифи ҷомеаро дар раванди қабули қонунгузории давлати демократии мо ҷиддан фаъол намуд. Дар фазои озод шаҳрвандон бо таклифу пешниҳод ва андешаҳои мустақили худ барои такмили лоиҳаи қонун ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии хеш саҳм гузоштанд.
Чунин фаъол будани мардум дар раванди қабули қонун намунаи равшани дастоварди давлати демократии Тоҷикистон буд, ки иртиботи бевоситаи воридшавии иродаи мардумро ба мазмуни қонунгузории кишвар собит мекард ва умеди роҳбарияти давлат ва Ҳукуматро ба татбиқи қонун аз рӯзҳои аввал қавӣ мегардонд. На танҳо мазмуни қонун, балки раванди қабули он аз лаҳзаҳои аввали муҳокимарониҳо ва амалишавии баъдии он дар доираи манфиати мардум боварии моро ба он, ки қонун ба принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад, амалан собит сохт.
Ҳамин тавр, мо дар ҷустуҷӯи ҳалли мушкилии мардум ҳамчун давлати иҷтимоӣ саъй намуда, аз фазои озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода кардем ва ҳаққи қонунгузории халқро дар давлати демократӣ тақвият бахшида, ба қабули қонуне муяссар шудем, ки табиатан миллӣ ва мардумӣ аст.
Қонуни мазкур дар раванди қонунэҷодкунии на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои хориҷи наздику дур таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад. Мо аз оғоз эҳсос мекардем, ки ба воситаи қонун танзим намудани чунин як нуктаи ҳассос ва нозуки ҳаёти иҷтимоӣ - анъана ва ҷашну маросимҳои дар тӯли солҳо шаклгирифта заҳмати зиёди шабонарӯзиро тақозо дорад. 
Дарк намудани моҳияти қонуни нав ва паҳнои амали он аз муҳимтарин вазифаҳои қонунгузории кишвар буд.  Халқи мо дар шароити соҳибистиқлолӣ ба ҷаҳони нав бо симои нав  ва бо урфу одатҳои мутобиқ ба манфиати мардум ворид мешуд.
Албатта, ҳар навоварӣ ва ҳар ислоҳот мушкилиҳои худро дорад ва мо хуб эҳсос мекардем, ки  зарурати танзими ҷашну маърака ва маросимҳоро на ҳама қишри ҷомеа ба зудӣ дарк мекунад ва на ҳама гурӯҳҳое, ки аз чунин шакл гирифтани маъракаҳо манфиатдоранд, ба осонӣ ба ин раванд мусоидат хоҳанд кард. Вале мақсади асосии Ҳукумат, ки танҳо ҳимояи манфиатҳои мардум буд, мо на танҳо дар таҳия ва қабул, балки дар як муддати кӯтоҳ ба татбиқи ин қонун муваффақ шудем.
Барои бисёриҳо равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо басо таърихи тӯлонӣ доранд ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хеле бузург мебошад.
Худшиносӣ, эътироф ва қадрдонии урфу одат, арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба ҷаҳонбинии динӣ ва афзалият ба ғояи шаҳрвандии ташкили давлат аз ҷумлаи усулҳоест, ки давлатҳои хурду тозаистиқлолро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, мо якҷо бояд бар он мусоидат намоем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстиву рафоқату якдигарфаҳмӣ, меҳмонпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шафқат ба ҳамдигар доир шуда, дорои аҳамияти маънавию тарбиявӣ бошанд.
Худ қазоват кунед, тибқи иттилои расмӣ, то қабули қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба сари ҳар оила тахминан 30 маъракаю маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва 20 маъракаи хурсандӣ рост меомад. Ҳол он ки таҳлили амиқи ин маъракаҳо собит менамояд, ки на ҳамаи онҳо ҷавҳари таълимоти динӣ ва фарҳанги миллии моро доштанд, балки аксаран хурофоте беш набудаанд.
Аз ҷониби дигар дар баргузории ҷашну маъракаҳои мардумӣ омилҳои субъективӣ ва инфиродӣ низ таъсири манфии худро гузошта буданд. Ғолиб омадани ҳирси манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буд. Таъиноти муҳими маъракаҳо на адои вазифаи волидайн дар назди фарзандон, балки зоҳирпарастию худнамоӣ ва мусобиқаи беҷои соҳибони маъракаҳо маҳсуб мешуд.
Асосан пайдоиши ин омилҳои номатлуб аз охирҳои солҳои 90-ум ва ибтидои солҳои 2000-ум, вақте ки дар кишварамон сулҳу субот пойдор гашт, сарчашма мегирад. Мардум озодона ба кору тиҷорат машғул шуда, дараҷаи некӯаҳволии худро беҳтар мекард. Он маблағҳое, ки аз сарчашмаҳои гуногун ва, албатта, бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ба даст меомаданд, мутаассифона, аксаран ғайри мақсад сарф мешуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ дар ҷашнҳои арӯсӣ истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо, бо маблағи калон даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди анвои нӯшокиву хӯрок, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада, ба ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкории бемаънӣ моҳияти дигар надоштанд.
То қабули қонун маросимҳои мотаму азодорӣ тадриҷан махсусияти худро гум карда, дар бисёр маврид аз маъракаҳои хурсандӣ фарқ намекардагӣ шуданд. Дастурхонҳо тӯёна оро дода шуда, одамон гӯиё ба тамошо меомаданд. Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид.
Бисёриҳо фикр мекарданд, ки чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ ва шахсӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе надоранд. Не, ин андеша куллан нодуруст аст. Зеро саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаи муҳим бетаваҷҷуҳ бошад.
Ҷойи шубҳа нест, ки анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба таҳлил ва танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки ҳисси худхоҳии инсонҳои алоҳида на як бору ду бор мушкилиҳои вазнинро ба дӯши тамаддунҳо ва давлатҳо вогузор намудааст. Аз ин хотир, сарчашмаҳои динӣ, адабӣ ва  маънавии тамаддунҳо ба хотири тарбияи инсон дар роҳи дурусти зиндагӣ сарфаю сариштакориро тарғиб намуда, манъи исрофкорию худнамоиро таъкид доштаанд. Китобҳои осмонии Қуръону Забур ва Тавроту Инҷил сарфакориро дар қутбҳои мухталифи олам дар давраҳои муайяни таърихӣ таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ҳидоят кардаанд. Дар сарзамини таърихии тоҷикон тамоми таълимотҳои динию фалсафӣ пайваста исрофкориро маҳкум карда, хайру саховат ва дастгирии байниҳамдигариро тарбият намудаанд. Ҳатто салтанатҳои бузурги Рим, Сосониён ва Сомониён ба хотири ҳимояи мардум  аз исрофкорӣ ва анъанаҳои беҷо амру дастурҳои махсус ба тасвиб расонидаанд.
Фарҳанги исломии мо низ оғоз аз Қуръони Карим то ҳадису фатвоҳои бузургон ҷилавгирӣ аз сарфи беҷои молро таълим дода, исроф ва карру фарри зиёдатиро инкор кардааст. Худованди мутаъол исрофкориро манъ карда, исрофкунандагонро ба шайтонҳое шабоҳат медиҳад, ки мардумро ба гумроҳӣ мебаранд: "Ба ҳеҷ ваҷҳ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд...".
Олими бузурги олмонӣ Гегел  зикр намудааст:  "Дар он ҷое ки карру фар ва серхарҷӣ ба авҷи аъло мерасад, дар нуқтаи дигари ҳаёти ҷамъиятӣ дар он рӯзгор талабот ва вайроншавӣ ба ҳамин сатҳ боло меравад, исрофкорӣ ва карру фарри зиёдатӣ дар ҷомеа бунёди ахлоқ ва маърифатро хароб мекунанд".
Бузургони мо Рӯдакию Фирдавсӣ, Ғаззолию Аттор, Саъдию Ҳофиз, Носири Хисраву Мавлонои Балхӣ исрофкорӣ, серхарҷӣ ва нозидану болидан аз моли дунёро амали нохуб ҳисобида, хоксорию накӯкорӣ ва ёрӣ ба ниёзмандонро аз амалҳои муҳими инсонӣ ва мусулмонӣ шумурдаанд. Фиқҳи ҳанафӣ ҳатто пӯшидани либосҳои зарҳалию фохирро амали номатлуб донистааст.
Бо  назардошти  омилҳои  ёдрасгардида  ва  бо  мақсади  ҳимояи  манфиатҳои  конститутсионии  шаҳрвандон  бори нахуст  дар  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  барои   ба  низом  даровардани  расму оин ва маъракаҳои  мардумӣ  тавассути  қонун иқдом  карда  шуд.  Ва  ниҳоят  8 июни соли  2007  қонун  "Дар бораи танзими анъана  ва  ҷашну  маросимҳо  дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон"  қабул гардид. 
Бояд зикр кард, ки дар як муддати кӯтоҳ санади мазкур зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохта, барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофкорию хароҷотҳои беҳуда дар тӯю маърака ва маросимҳои азодорӣ ва дар ҳамин асос ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа мусоидат кард.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол ҳар як меъёри қонун ба зиндагии мо роҳ ёфта, баҳри ба низом даромадани маъракаҳоямон нақши муҳим бозида истодааст. Мо медонем, ки ба танзим даровардани расму анъанаҳо, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл гузашта, дар тафаккури мардум ҷой гирифтаанд,  кори яксола нест. Масалан, то қабули қонун як тӯйи домодию арӯсӣ маъмулан 9 маъракаи алоҳида дошт. Имрӯз чунин тӯйҳо дар доираи қонун бо ду маъракаи асосӣ гузаронида мешаванд, ки манфиаташ ба маротиб зиёд аст. Чунин сабукӣ дар як муддати кӯтоҳ вазъи иқтисодии оилаҳоро беҳтар карда, ба шаҳрвандон имкон дод, ки маъракаҳои хурсандии худро камхарҷ барпо намоянд. Дар ин замина тӯйҳои домодию арӯсӣ якбора афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавон оила барпо намуд.
Ҳанӯз аз ибтидои қабули қонун дар моҳҳои июн-сентябр ҳолати аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштан дар муқоиса ба семоҳаи то қабули қонун 8 ҳазору 900 адад, дар шаш моҳ бошад, ба 23 ҳазор адад афзоиш ёфтааст. Дар баробари афзоиш ёфтани тӯйҳо гузаштан аз қайди никоҳи давлатӣ низ зиёд шуда, ба амалияи ҳуқуқӣ таъсири мусбат расонд. Агар дар соли 2006 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 52 ҳазор адад ақди никоҳ баста шуда бошад, дар соли 2007 ин нишондиҳанда ба 97 ҳазор ва дар соли 2008 ба 100 ҳазор расид. Яъне тӯйҳои домодию арӯсӣ ду маротиба афзоиш ёфтанд. Агар ба динамикаи ҳолати ақди никоҳ дар солҳои 2006-2011 назар андозем, тибқи маълумотҳои мавҷуда он ба тадриҷ афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ қабл аз қабули қонун хароҷоти баргузории тӯйи домодию арӯсӣ аз ду ҷониб аз 15 то ба 30 ҳазор сомонӣ расида, ба ҳисоби миёна барои баргузории як маърака дар Тоҷикистон тахминан 8750 сомонӣ рост меомад. Дар ҳафт моҳи амали қонун, мутобиқи маълумоти комиссияиҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо хароҷоти тӯйи доимодию арӯсӣ барои ду ҷониб ба  9 - 10 ҳазор сомонӣ ва ҳисоби миёнаи хароҷоти як маърака ба 3000 сомонӣ фаромад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки аксари кулли соҳибони маъракаҳо аз амалӣ шудани қонун ҷонибдорӣ мекарданд. Зеро ба хубӣ дарк менамуданд, ки бо ин роҳ метавонанд маблағҳои худро барои ниёзмандиҳои дигари рӯзгор сарф намоянд.
Маъракаи хатнасур бошад, то давраи ба тасвиб расидани қонун бо 5 маъракаи иловагии  дигар, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ барпо мешуданд ва дар онҳо садҳо нафар иштирок мекард, ба ҳукми анъана даромада буд. Баъзе маъракаҳо то як ҳафта идома меёфтанд, ки ба соҳибмаърака ғайр аз вазнинӣ чизи дигареро намеовард. Қонун маросими хатнасурро ба табиати аслии вай мутобиқ намуда, ба шаҳрвандон имкон дод, ки ин маросимро ба таври ихтиёрӣ бидуни маърака ва ё бо даъвати то 60 нафар баргузор намоянд. Дар панҷ соли амали қонун беш аз 40 ҳазор тӯйи хатнасур барпо гардида, боқимонда бидуни барпо намудани маърака онро анҷом додаанд.  
Таҳлили панҷ соли амали қонун гувоҳӣ он аст, ки комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дар татбиқи моддаҳои дахлдори он ба натиҷаҳои муайян расиданд. Мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи Кумитаи оид ба корҳои дин,  аз моҳи июни соли 2007 то якуми апрели соли 2012, яъне дар муддати 5 сол дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 688 ҳазор маърака ба қайд гирифта шуда, барои баргузории онҳо 1 миллиарду 918 миллион сомонӣ хароҷот шудааст, ки ба ҳисоби миёна барои як маърака тахминан 2800 сомонӣ рост меояд. Агар хароҷоти миёнаи як маъракаро, ки то қабули қонун ба ҳисоби миёна 8750 сомонӣ муқаррар шудааст, бо 2800 сомонии баъди қабули қонун қиёс намоем, маълум мешавад, ки танҳо аз ҳисоби чор маъракаи асосии бақайдгирифташуда дар ин муддат шаҳрвандони ҷумҳурӣ беш аз 4 миллиард сомонӣ сарфа кардаанд.
Агар сарфаи иловагиро аз ҳисоби 19 маъракаи манъ ва 8 маъракаи маҳдудгардида ба инобат гирем, он гоҳ сарфаи умумӣ беш аз 8 миллиард сомонӣ  хоҳад буд.
Қабули қонун ба кам гардидани забҳи чорво мусоидат намуд. Аз таҳлилҳои комиссияҳои доимӣ бармеояд, ки дар баргузории 688 ҳазор маъракаи бақайдгирифташуда, дар муддати амали қонун 68 ҳазору 224 сар чорвои калон ва 343 ҳазор чорвои хурд забҳ шудааст. Агар ин миқдорро ба давраи то қабули қонун, ки дар ҳар маърака ками андар кам як чорвои калон забҳ мешуд, қиёс намоем, он гоҳ  беш аз 619 ҳазор сар чорвои калон камтар забҳ гардида, 276 ҳазор маъракаи мардумӣ бе забҳи чорво баргузор шудааст. Яъне ҷамъ 895 ҳазор сар чорвои хурду калон ба фоидаи шаҳрвандон сарфа шудааст.
Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо  ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст.
Боиси зикри хос аст, ки барпо намудани оила вазифаи муқаддас буда, ҳифзи он кори пуршарафи ҷомеа ва сохторҳои ҷамъиятию давлатӣ ба шумор меравад. Аз оилаи устувор ва пур аз меҳру муҳаббати инсонӣ фарзандони соҳибмаърифат ба воя мерасанд. Ва баръакс, фарзанде, ки дар фазои муноқишаи оилавӣ, берун аз назорати волидайн мемонад, ба замми азияти ҷисмонию моддӣ зиёни рӯҳию маънавӣ низ мебинад. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи озод ва адолатпарвар ғамхорӣ дар ҳаққи фарзанд аз вазифаҳои муҳими иҷтимоии давлат аст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар бештари мавридҳо омили асосии бекор шудани ақди никоҳи ҷавонон камтаҷрибагӣ дар ҳалли мушкилиҳои ҷузъии зиндагӣ мебошад. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки ҷиҳати пешгирии вайроншавиии оилаҳои ҷавон қонунгузории оила бо роҳи такмил бахшидани таъсиррасонии ҳуқуқӣ такмил дода шавад.
Набояд фаромӯш кард, ки миллӣ будани қонун танҳо ба махсусияти урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, ки ҳамчун объекти марказии танзими он баромад мекунанд, ифода намегардад. Ин ҷо боз зарурат ва аломатҳои дигари он, ба мисли воқеияти танзими ҳуқуқии падидаи мавҷуда, муҳимияти масъала аз назари ояндаи давлатдории миллат ва вобастагии танзими ҳуқуқии масъала ба дигар муаммоҳои қонунгузорӣ нақши муҳим дорад. Ин буд, ки қабули қонуни мазкур илова ба ҳадафҳои аслиаш  ба ҳалли масъалаҳои мубрами зерин низ таъсири мусбат расонд: 
1. Яке аз дастовардҳои нахустин ва назарраси қонуни миллӣ дар он ифода меёбад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои 2008 - 2009 тавонист манфиати мардуми кишварро ҳимоя намояд.
2. Қабули қонуни миллӣ ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳо мусоидат намуд. Дар муддати 5 соли амали қонун захираҳои пулии мардум дар бонкҳо беш аз 20 баробар афзоиш ёфт ва дар ин замина анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тӯю маросимҳо аз байн рафт.
3. Сарфаю сариштакорӣ дар баргузории маъракаҳо ба шаҳрвандон имкон дод, ки ба беҳтар кардани шароити зист, манзилҳои истиқоматӣ ва тарбияи фарзандон диққати бештар диҳанд.  
4. Амали қонун ба афзоиши баргузории маъракаҳо, аз ҷумла тӯйҳои хайриявӣ мусоидат намуда, ба эҳёи маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдодӣ барои камбизоатон замина гузошт.
Баъди қабули қонуни мазкур бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мардуми бофарҳанги тоҷик амали хайр - яъне дастгирии оилаҳои камбизоат ва ятимону муҳтоҷон аз ҷониби шахсони саховатманд, соҳибкорони ватанӣ ба ҳукми анъана даромад. Бо ин мақсад аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои миллӣ тӯйҳои дастаҷамъонаи хатнасур ва домодию арӯсӣ барои оилаҳои камбизоат ташкил карда мешаванд.
Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2012 дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз хатнасури 7344 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии 412 ҷуфт навхонадор аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ҳамагӣ 8168 нафар ба тариқи дастаҷамъона сурат гирифт. Танҳо дар се соли охир хатнатӯйи даҳҳо ҳазор писар ва тӯйи домодию арӯсии беш аз ду ҳазор ҷавонро аз оилаҳои камбизоат соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ тариқи дастаҷамъӣ барпо карданд. 
5. Қонун дар баланд бардоштани маданияти маъракаороии мардуми кишвар нақши муассир бозида, ба шаҳрвандон имкон дод, ки бидуни шарм ва таънаи дигарон поси хотираи гузаштагонро бо маросимҳои танзимшудаи сӯгворӣ мутобиқ ба талаботи дини мубини ислом ва замона иҷро намоянд.
Дар фарҳанги муосири ҳар миллат нақши зан - модар дар ҳалли мушкилиҳои ҳаётӣ нотакрор ва бузург мебошад. Дар ин самт фарҳанги қадимаи миллати тоҷик низ намуна ва ибратомӯз аст. Донишманди бузурги форсу тоҷик Низомулмулки Тӯсӣ ба ин маънӣ таъкид кардааст: "Ҳама дастовардҳо ва ҳама нуқсҳои ин олам бастагӣ ба дасти зан аст".
Бо назардошти ин, занону модарон, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии мо нақши хеле намоён доранд, дар мубориза бар зидди он зуҳуроти номатлубе, ки садди роҳи амалишавии қонуни мазкур мегардад, бояд пеш аз ҳама ширкати фаъолона варзанд. Шӯроҳои занон, созмонҳои гуногуни бонувон, ташкилотҳои кор бо занону оила дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бояд ҳиссагузор бошанд, вале, мутаассифона, дар ин самт баъзан бетарафии занҳо ба мушоҳида мерасад. Зани муосири тоҷик бояд аз гузаштагони худ ибрат гирифта, дар иффат, сарфаю сариштакорӣ ва созандагию эҷодкорӣ намунаи ҷомеа бошад. Аз ин рӯ, ин қишри бонуфузи ҷомеаи моро зарур аст, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, дар сафи пеши танзимгарони маъракаҳои мардумӣ бояд қарор гиранд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки шаҳрвандони зиёд дар муҳоҷират қарор доранд ва бо мушкилиҳои зиёд кору фаъолият мебаранд. Баъзе аз онҳо танҳо ба хотири оиладор ё хатнасур кардани фарзанд ба дигар кишвар сафар мекунанд ва пас аз баргаштан маблағҳои бо заҳмати гарон бадастомадаашонро барои ҷашни якрӯза сарф менамоянд. Ҳарчанд ин падидаҳо дар панҷ соли амали қонун то андозае кам гардида бошанд ҳам, то имрӯз  эҳсосоту ғурури бебунёд дар тафаккури баъзеи онҳо ҷой доранд. Албатта, шахсони бофарҳанг ва дурандеш зарару оқибатҳои ин гуна амалҳои ношоистаро хуб дарк кардаанд ва маъракаю маросимҳои худро дар чаҳорчӯбаи талаботи қонун камхарҷ мегузаронанд.
Мо медонем, ки нуфузи ходимони дин дар ҷомеа зиёд аст ва мардум ба онҳо бо эҳтирому боварӣ муносибат менамоянд. Дар ин раванд Маркази исломӣ, ходимони дин, уламо ва дигар шахсони обрӯманд дар маҳалҳоро зарур аст, ки рисолати хешро дарёбанд ва бо истифода аз ояту ҳадисҳои муборак, ки дар боби  амалҳои савоб, садақоту хайрот ва зиёни исрофкорӣ гуфта шудаанд, мардумро барои анҷом додани амалҳои хайр ва савоб дар чаҳорчӯбаи талаботи қонун талқин намоянд. 
Мактаб ва кормандони соҳаи маориф низ дар раванди амалӣ намудани талаботи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо нақши хешро бояд гузоранд.   Доир ба масоили тарбия дар роҳи сарфакорӣ бузургони илму адаб панду андарзҳо ва андешаҳои зиёде доранд. Масалан, Унсурулмаолии Кайковус дар асараш "Қобуснома" зимни муроҷиат ба фарзандаш чунин меорад: "Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад".
Вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва олии касбӣ омӯзиши сарфаю сариштакориро тавассути корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ, соатҳои тарбиявӣ ва факултативӣ ба роҳ монанд. Бо назардошти он ки ҷавонони имрӯза дар вазъияти пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир камол меёбанд, моро зарур аст, ки онҳоро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ва ҳифзи анъанаву арзишҳои волои миллӣ тарбия намоем. 
Мутаассифона, теъдоди нафароне, ки имрӯз дидаю дониста талаботи қонунро вайрон мекунанд, кам нестанд. Ҳатто худи кормандони бахши дин ва танзим дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо дар назорат ва таъмини иҷрои қонуни мазкур саҳлангорӣ намуда, ба вайрон намудани талаботи он мусоидат мекунанд, ки ин боиси нигаронист.
Аз аввали  амали қонун то 1 апрели соли 2012 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 906 ҳолати қонуншиканӣ сабт гардида, аз ин ҳисоб  2,5 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Бояд таъкид кард, ки мақсади қонун ҷарима бастан ё ҷазо додан нест, балки ҳимояи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти баргузории маъракаҳо ва дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳимоя аз арзишҳои миллист.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои пешгирии қонуншиканӣ тамоми чораҳоро андешида, нисбат ба вайронкунандагони он дар доираи талаботи қонун чора андешем. На танҳо сохторҳои давлатӣ, балки ҳар фарди ҷомеа, қишрҳои мухталифи он ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд барои рафъи мушкилӣ паҳлуи ҳам бошем. Ҳамагон бояд дарк намоем, ки яке аз воситаҳои асосии ноил шудан ба шароити арзанда ва муназзами зиндагӣ маҳз амалӣ шудани ҳамин қонуни миллист.
Пайваста дар амал будани меъёрҳои қонуни миллӣ бошад, таъсири мутақобила ба воқеият ва раванди қонунгузорӣ дошта, ҳамчун василаи танзимкунанда ва танзимшаванда дар доираи манфиати дутарафа якдигарро такмил медиҳанд. Яке аз сифатҳои муҳими ин қонуни миллӣ вобаста ба манфиатҳои миллӣ тағйирпазир будани он аст. Таҷрибаи панҷ соли амали қонуни мазкур собит менамояд, ки зарурати такмили баъзе аз талаботи он вобаста ба манфиатҳои шаҳрвандон ба миён омадааст. Дар ин асно ва дар асоси хоҳишу дархостҳои сершумори аҳолии кишвар ба қонуни мазкур солҳои 2008-2010 ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, вале ҳоло низ дар ин самт чораҳои заруриро андешидан аз манфиат холӣ нест.
То имрӯз аз ҷониби комиссияҳои доимӣ, ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ бештар аз 100 пешниҳод барои такмили бандҳои ҷудогонаи қонуни мазкур ирсол гаштааст. Дар онҳо таваҷҷуҳи шаҳрвандон бештар ба вақти баргузории маъракаҳо нигаронида шудааст. Хоса мардуми   деҳот хоҳиш доранд, ки дар рӯзи истироҳат аз соати 7-и пагоҳӣ маъракаҳо иҷозат дода шаванд, чунки даъватшудагон аввал  ба хонаи соҳиби маърака рафта, сипас аз пайи кори хеш мешаванд.
Вақтҳои охир дар ҳамбастагии маросими хурсандӣ баргузор намудани маъракаҳои иловагии  бузкашӣ ва гуштигирӣ низ анъана шудааст. Аз ин хотир, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост намудааст, ки дар моддаи 10 дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ манъ будани маъракаҳои мазкур зикр карда шавад. Воқеан, дар қонун дар маъракаи хатнсур манъ будани маъракаи бузкашӣ дарҷ гардидааст, аммо дар тӯйи домодию арӯсӣ дар моддаи 10 доир ба ин масъала чизе гуфта нашудааст.
Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои духтарон ва занон, ки ҳангоми вайрон шудани оилаҳои ҷавон, бинобар надоштани қайди никоҳи давлатӣ, аксар вақт бидуни ҳимоя ва дастгирӣ мемонанд, пешниҳод шудааст, ки қабл аз баргузории тӯйи домодию арӯсӣ   тарафҳо ҳатман аз қайди никоҳи давлатӣ гузаранд. Фикр мекунам, мо бояд ба хотири ҳифзи зан - модар аз ҳама имконоти ҳуқуқӣ истифода барем. Ҳарчанд талаботи мазкур дар дигар моддаҳои қонунгузорӣ  мавҷуд аст, вале дар ин қонун низ пешбинӣ шуданаш метавонад воситаи иловагии таъмин ва кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии бонувон гардад.  
Албатта, қонун барои ҳамаи мову шумост ва  ҳар кадоми мо ҳаққи баёни назар ва такмили онро дорем, вале тибқи таҷрибаи қонунгузорӣ ҳамон пешниҳоде қабул мешавад, ки аз ҷониби аксарият дастгирӣ ёбад ва аз назари мутахассисон ҷавобгӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ бошад.
Бовар дорам, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ дар ҳаёти иқтисодии шаҳрвандон ва ҳимояи манфиатҳои онҳо натиҷаҳои мусбатро ба бор овард, минбаъд низ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши муассир хоҳад дошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.12    №: 75-78    Мутолиа карданд: 11628
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед