logo

номаҳо

Ташхиси нодуруст маъюбам кард

Ду сол пеш аз ин, моҳи март бо дарди камар ба дармонгоҳи минтақавии шаҳри Чкалов муроҷиат намудам ва духтур М.Исмоилова маро муоина карда, пас аз ташхиси рентгенӣ дарди шумо "остеохандрози қисми миёни сутунмуҳра" аст, гуфт ва мутобиқ ба он доруву дармон таъин кард. Даҳ рӯз табобат гирифтам. Моҳи апрел боз дарди камар азобам дод ва бо тавсияи ӯ ба духтури асаб Ш. Маҳмудова муроҷиат намудам. Ӯ низ тавсия дод, ки ташхиси рентгениро гузарам, то ки сабаби дардро ёбад. Рентгенолог Л. Файн дардро "осебёбии асабҳо" номид. Баъд аз хуруҷи дигарбораи дард ба духтури минтақавии шаҳри Чкалов М. Тоҷиева муроҷиат намудам. Ӯ низ табобат фармуд, аммо натиҷа ҳеҷ.
Бо тавсияи дӯстон ба Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявии № 1-и шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардам. Ваҳҳоб Толибов ба ман табобатҳои физиотерапевтӣ, монанди электрофарел, маҳс, мӯмиёи кӯҳӣ ва амсоли онро фармуд. Ҳеҷ беҳбудие ҳис накардам.
Моҳи августи ҳамон сол  ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд барои ҷароҳати қафаси сина бистарӣ  гаштам ва дар ҳамин ҷо дарди камар боз бештар гашт ва духтур М. Исмоилов, ки маро табобат мекард, тавсия дод, ки ба духтури асаби ҳамин бемористон Н. Шарифов муроҷиат намоям. Ӯ ба ман боз табобати физиотерапевтӣ фармуд барои бист рӯз, аммо натиҷа боз манфӣ. Сипас, духтури минтақавӣ Тоҷиева маро ба беморхонаи вилоятии асаб фиристод. Дар ин ҷо табибон М.Муъминова ва А. Шукуров муолиҷаи физиотерапевтӣ таъин карданд ва ин таъинот бар зарари саломатии ман анҷом ёфт.
Дард зӯрӣ карду моҳи октябр ман боз ба духтурон М.Тоҷиева ва Ш. Маҳмудова муроҷиат намудам. Фитизатор Б. Пӯлодова маро ба беморхонаи касалиҳои сили вилоят ба назди духтур А. Хоҷаев фиристод. Муайян гашт, ки бемории ман "сили сутунмуҳра" будааст.
Ҳамин тавр, бо ташхиси нодуруст ман қариб як сол дар ба дари табобатгоҳҳо гаштам, зарари моддӣ ва равонӣ бардоштам.    Ман аз бемасъулиятии табибон  ба прокуратураи вилояти Суғд, суди шаҳри Хуҷанд, прокуратураи генералӣ ва вазири тандурустии ҷумҳурӣ шикоят бурдам. Масъулон ба ман ҷавобҳои мушаххас доданд, вале дилам хост, ки тавассути гӯшаи "Розу ниёз"-и  "Ҷумҳурият" сухан гӯям, то барои дигар духтурон дарси ибрат бошад.

Ҳаким ҶӮРАЕВ,
шаҳри Чкалов,
маҳаллаи Наврӯз, бинои 10, ҳуҷраи 9


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.12    №: 79-80    Мутолиа карданд: 746

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед