logo

маориф

ДДЗТ: 10 ихтисоси нав таъсис ёфт

Хуршед Зиёев, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон изҳор дошт, ки дар соли таҳсили сипаришуда 712 нафар донишҷӯ ин муассисаи таълимиро хатм намуд. Аз он 484 нафар хатмкунанда соҳиби ихтисоси омӯзгор ва 212 нафар соҳиби ихтисоси тарҷумон гардиданд.
Сарвари таълимгоҳ ҳамчунон гуфт, ки дар донишкада 10 нафар устоди пуртаҷриба аз мамолики хориҷӣ, чун Амрико, Миср, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ фаъолияти пурсамар дорад. Истифодаи чунин таҷриба ба боло рафтани сатҳи омӯзиши забонҳо мусоидат намуд.
Ҳамчунин тибқи ҳамкориҳо бо мактаби таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ 30 нафар имкони таҳсил дар хориҷаро  пайдо мекунанд. Ба ҷуз ин дар донишкада сар карда аз соли нави таҳсил вобаста ба талаботи давр  боз даҳ ихтисоси нав, аз қабили забонҳои арабӣ-англисӣ, форсӣ-англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, информатика, минтақашиносӣ, ҳуҷҷатшиносӣ ҷорӣ мегардад. 
Солҳои наздик омӯзиши забонҳои испанӣ ва португалӣ ҳамчун забони дуюми хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.
Мақсад аз ин ҳама дар сатҳи байналмилалӣ тайёр кардани мутахассисони маҳалӣ мебошад.  Донишҷӯён ва омӯзгорон вобаста ба ин  аз 2  моҳвораи таълимӣ, 173 компютер, 2 кабинети лингофонӣ, 3 тахтаи электронӣ ва шабакаи интернет самаранок истифода мебаранд.

Нигинаи РАҲМОН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 694

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед