logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ"

Моддаи 1.  Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод. 151; с. 2007, № 7, мод. 696;  с. 2009, № 3, мод. 84) тағйиру иловаҳои зерин  ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 1:
- сархатҳои якум ва дуюм бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- дар сархати дуюм  калимаҳои "ҷараёни таълим" ба калимаҳои   "дар раванди таълим", калимаи "нигоҳдошт" ба калимаи "таълим" ва аломати нуқта "." ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шаванд;
- сархатҳои  сеюм ва чорум  бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- кормандони муҳандисию педагогӣ - шахсони дорои таҳсилоти дахлдоре, ки дар асоси касбӣ ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғуланд;
- тахассус - дараҷаи касбие, ки дар раванди таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонанда аз худ намуда, он бо ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад.".
3. Дар сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми қисми дуюми моддаи 3 калимаи "системаи" ба калимаи "низоми" иваз карда шавад.
4. Дар қисми дуюми моддаи 5  калимаи "ҷараёни" ба калимаи "раванди" иваз карда шавад.
5. Моддаи 51 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 51. Забони таҳсил
Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
6. Номи боби 2  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ"
7. Моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборат аст:
- стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста  аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият;
- мақомоти идораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои (хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии) тобеи онҳо;
- хонандагон, падару модари онҳо, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ.".
8. Моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии зерин таъсис дода мешаванд:
- литсейҳои касбӣ-техникӣ;
- литсейҳои касбӣ;
- литсейҳои махсуси касбӣ;
- комбинатҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;
- марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;
- марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ;
- марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо.".
9. Дар моддаи 9:
- аз ном ва қисми якум калимаи "касбии" хориҷ карда шавад;
- қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд;
- қисми ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шахсони соҳиби ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро азхуднамуда ҳуқуқ доранд дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар асоси барномаҳои кӯтоҳмуддат мувофиқ ба самти тайёрии касбӣ ба таълим фаро гирифта шаванд.";
- қисмҳои чорум, панҷум,  шашум ва ҳафтум мувофиқан қисмҳои дуюм, сеюм, чорум  ва панҷум ҳисобида шаванд.
10. Ба моддаи 10 қисмҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ба таври ройгон сурат мегирад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ илова ба фармоиши давлатӣ метавонанд хонандагонро бо тариқи шартнома  қабул намоянд.";
- қисмҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум мувофиқан қисмҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум ҳисобида шаванд.
11. Моддаи 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол
Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол дар литсейҳои касбӣ, марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ бо тариқи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба талаботи бозори меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.".
12. Дар моддаи 12:
- дар қисми дуюм:
- дар сархати якум калимаҳои "омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ" ва "Омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ" мутаносибан  ба  калимаҳои  "литсейҳои касбӣ"  ва "Литсейҳои касбӣ" иваз карда шаванд;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои "маркази таълимии шуғли аҳолӣ" ба калимаҳои "марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум баъд аз калимаи "маркази" калимаи "таълимии" илова ва калимаи "тамоюли" ба калимаи "раҳнамоии" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои "омӯзишгоҳҳои махсуси касбӣ" ба калимаҳои "литсейҳои махсуси касбӣ" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 13:
- дар қисми якум калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар ном ва қисми дуюм  калимаи "таъсисдиҳӣ" ба калимаи "таъсис" иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 15:
- дар қисми якум калимаи "коллегиалӣ" ба калимаи "дастаҷамъӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи "ҷараёни" ба калимаи "раванди" иваз карда шавад.
15. Дар моддаи 17:
- дар қисми якум калимаи "ҷараёни" ба калимаи "раванди" иваз карда шавад;
 - қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 "Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои ғайридавлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.";
- дар қисми ҳаштум калимаи "системаи" ба калимаи "низоми" иваз карда шавад.
16.  Сархати чоруми қисми чоруми моддаи 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
" ҳифзи хонандагон аз шаклҳои гуногуни зӯроварии ҷисмонию равонӣ, амалӣ намудани корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии истеъмоли  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машрубот.".
17. Дар моддаи  19:
- дар сархати якум  калимаи "волидайн" ба калимаҳои "падару модар"  иваз карда шавад;
- дар сархати дуюм калимаҳои "муассисаҳои махсуси таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ" ба калимаҳои "литсейҳои махсуси касбӣ" иваз карда шаванд.
18.  Дар ном ва қисми якуми моддаи  21  калимаи "волидайн" ба калимаҳои "падару модар"  иваз карда шавад;
19. Дар ном, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 22 ва қисми якуми моддаи 23 калимаҳои "муассисаҳои таълимии махсуси таҳсилоти ибтидоии касбӣ" ба калимаҳои "литсейҳои махсуси касбӣ" иваз карда шаванд.
20. Дар номи боби 5 калимаи "СИСТЕМАИ" ба калимаи "НИЗОМИ" иваз карда шавад.
21. Моддаи 24 дар таҳрири зайл  ифода карда шавад:
"Моддаи 24. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:
- муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- маблағгузории рушди соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
- муқаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки татбиқи низоми таҳсилоти ибтидоии касбиро таъмин мекунанд;
- тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- тасдиқи феҳристи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муайян ва тасдиқ намудани тавсифномаҳои тахассусии талабот ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муқаррар намудани номгӯи касбҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад.".
22. Моддаи 241 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 "Моддаи 241. Ваколатҳои мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ мегардонанд;
- роҳбарии соҳаро таъмин мекунанд;
- раванди таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорат мекунанд;
- нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ менамоянд;
- қоидаҳои қабули хонандагонро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва тасдиқ менамоянд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро дар доираи ваколатҳояшон қабул менамоянд.".
23. Аз қисми якуми моддаи 25 калимаи "системаҳои" хориҷ карда шавад.
24. Дар моддаи 26:
- ба номи модда баъд аз калимаи "Маблағгузории" калимаҳои "муассисаҳои таълимии" илова карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "муассисаҳои таълимӣ" ба калимаҳои "муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ" ва калимаҳои "корхонаҳо, ташкилотҳо ва" ба калимаҳои "корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин"  иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм:
- дар сархати дуюм калимаи "таълими" ба калимаи "таълимии" иваз карда шавад;
- аз сархати сеюм калимаҳои ", корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаи "хадамоти" ба калимаи "давлатии" иваз карда шавад;
- аз сархати панҷум калимаҳои "ва дигар маблағҳое, ки ба қонунгузории ҷорӣ мухолифат намекунанд" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаи "волидайни" ба калимаҳои "падару модари" иваз карда шавад;
- сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум  бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- маблағҳои эҳсонкорӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.";
- дар қисми панҷум калимаи "хадамоти"  ба калимаҳои "мақомоти давлатии" ва калимаи "мешаванд" ба калимаи "мешавад" иваз карда шаванд.
25. Дар моддаи 27:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ";
- дар қисми якум калимаҳои "корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо" ба калимаҳои "корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо" иваз карда шаванд;
-  дар қисми дуюм калимаи "ҷараёни" ба калимаи "раванди" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои "волидайни он (намояндагони қонунӣ)" ба калимаҳои "падару модари он  (шахсони онҳоро ивазкунанда)" иваз карда шаванд.
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ   РАҲМОН,
ш. Душанбе, 3 июли соли 2012, № 868


Қарори Маҷлиси намояндагони
 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии                                      Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо                                            ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 майи соли 2012, № 768


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ"-ро  баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 352 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 865

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед