logo

фармонҳои президент

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2012, № 1313

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро дар сиёсати иқтисодии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудааст.
Бинобар ин, дар моҳи апрели соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани марҳалаи дуюми ислоҳоти музди меҳнат, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа ва стипендия дастуру супоришҳои мушаххас баён намудаанд.

Ин аст, ки Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2012, № 1313 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия" ба имзо расонда шуд.
Мутобиқи Фармони мазкур марҳалаи нави зиёдшавии андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа ва стипендия аз 1 сентябри соли 2012 амалӣ карда мешавад.
Тибқи банди 1-уми Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2012 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он 200 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Яъне, дар ҳамаи корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи кормандон набояд аз 200 сомонӣ кам бошад. Ҳоло ин нишондиҳанда 80 сомониро ташкил мекунад.
Инчунин, тибқи Фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумии аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб - интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона, инчунин кормандони хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ба андозаи 60 фоиз зиёд карда мешаванд.
Яъне, имрӯз агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ба ҳисоби миёна 312 сомониро ташкил диҳад, пас аз 1 сентябри соли ҷорӣ он ба 500 сомонӣ баробар мегардад. Маоши вазифавии корманди маъмурии хона - интернатҳо барои маъюбону пиронсолон бошад, аз 520 сомонӣ ба 830 сомонӣ расонида мешавад.
Дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбари синфиро ба ӯҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 20 ва 15 фоиз иловапулиҳо пардохт карда мешавад .
Маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, маоши вазифавии сарходими илмии пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ба ҳисоби миёна аз 700 сомонӣ ба 920 сомонӣ баробар мегарданд. Инчунин дар ҳолати доштани унвони илмӣ ба онҳо иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз аз маоши вазифавӣ пардохт карда мешавад.
Маоши вазифавии дигар муассисаҳои соҳаи маориф - мактабҳои варзишӣ, омӯзишгоҳҳои касби техникӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар марказҳо, инчунин дигар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ - осоишгоҳҳо ва шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешаванд.
Маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо ба андозаи 50 фоиз зиёд карда мешавад. Масалан, агар имрӯз маоши вазифавии мудири китобхона ба 290 сомонӣ баробар бошад, пас аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна он 440 сомониро ташкил медиҳад.
Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуда, он аз рӯи Дастурамал оиди пардохти музди меҳнати соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур 157 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда ба 112 сомонӣ баробар аст.
Агар маоши вазифавии сартабибон бо назардошти иловапулиҳо ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо 640 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо 780 сомониро ташкил диҳад, аз 1 сентябри соли ҷорӣ он мутаносибан ба 890 сомонӣ ва 1090 сомонӣ баробар мегардад. Илова ба ин, ба табибон ва дигар кормандони тиб аз рӯи имконияти хизматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ, маоши иловагӣ пардохт карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки тадбирҳои Фармони мазкур ба музди меҳнати кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илме, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст ва аз он зиёд мебошад, тадбиқ намегардад ва музди меҳнати ин категорияи кормандон, ҳангоми зиёд гардидани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ дида баромада мешавад.
Ҳамаи намудҳои стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантон ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шуда, стипендияи Президентии донишҷуён аз 350 сомонӣ ба 525 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 420 сомонӣ ба 630 сомонӣ расонида мешавад.
Стипендияҳои умумии донишҷуёни муассисаҳои олӣ ва миёна касбӣ бошад, аз 55 сомонӣ ба 83 сомонӣ расонида мешавад.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол 30 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он мутаносибан ба 104 сомонӣ ва 520 сомонӣ дар як моҳ расонида мешавад. Дар айни ҳол, андозаи онҳо мутаносибан ба 80 сомонӣ ва 400 сомонӣ баробар аст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки мутобиқ ба зиёдшавии андозаи ҳадди ақали нафақа, кӯмакпулиҳо ва нафақаҳои иҷтимоӣ, ки аз рӯи ҳадди ақали нафақа ҳисоб карда мешаванд, низ зиёд мегарданд.
Дар баробари ин, ҳамаи нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи он аз 150 сомонӣ кам мебошад ба 150 сомонӣ расонида мешавад.
Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони мазкур дар чор моҳи соли ҷорӣ, яъне аз 1 сентябри соли 2012 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ 233 миллион сомонӣ, барои пардохти стипендияҳои давлатӣ 4,4 миллион сомонӣ ва барои пардохти ҳамаи намуди нафақа ва кӯмакпулиҳо зиёда аз 70 миллион сомонӣ маблағи илова зарур мебошад, ки он аз ҳисоби маблағҳои барои ислоҳоти музди меҳнат, таъминоти нафақа дар буҷети соли 2012 пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ таъмин карда мешавад.
Бо дарназардошти он, ки аз 1 январи соли 2013 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" мавриди амал қарор дода мешавад, дар қонуни мазкур меъёр барои ҳисоб намудани ҳама намуди нафақа - нафақаи заминавӣ муайян карда шудааст ва андозаи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, дар банди 2 лоиҳаи Фармони мазкур омадааст, ки нафақаи заминавӣ аз 1 январи соли 2013 дар ҳаҷми 105 сомонӣ муқаррар карда мешавад. Яъне, минбаъд аз 1 январи соли 2013 сар карда, ба ҷои ҳадди ақали нафақа, нафақаи заминавӣ ҳамчун меъёр барои ҳисоб намудани ҳамаи намудҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо истифода бурда мешавад.
Барои саривақт дар амал тадбиқ намудани Фармони мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки пурра маблағгузорӣ намудани зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендияро таъмин намуда, қарорҳои дахлдори худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

www.president.tj


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.12    №: 108    Мутолиа карданд: 1068

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед