КИНОИ ТОҶИК. АЗ ОИНАИ ТАЪРИХ ТО МУАРРИФИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
![]()
Тули таърихи мавҷудияти худ кинои тоҷик дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ симои ҷомеа, орзуву омол, мушкилот ва арзишҳои мардумро инъикос намуда, дар муаррифии фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар нақши муҳим бозидааст.
Тули даҳсолаҳо кинои тоҷик бо офаридани филмҳои гуногунжанр ҳаёти мардум, суннатҳои миллӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавиро инъикос намуд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иқтисодии баъдӣ ба фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонданд. Камбуди маблағ, таҷҳизоти фарсуда ва норасоии кадрҳои соҳибихтисос рушди кинои миллиро маҳдуд мекарданд.

Киношинос, Аълочии кинематографияи тоҷик Тиллои Некқадам зимни арзёбии вазъи соҳа дар солҳои аввали истиқлолият ба масъалаи дастгирии давлатии кино ва таъсири мушкилоти иқтисодӣ ба рушди он таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ, аз ҷумла чунин иброз медорад:
– То солҳои 2000-ум азбаски иқтисодиёти мамлакат баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз пурра барқарор нашуда буд, Ҳукумати мамлакат пешрафти соҳаҳои гуногунро дар мадди аввал гузошта буд. Баъди барқарор шудани фаъолияти корхонаҳо, рушди соҳаҳои нақлиёту роҳсозӣ, энергетика ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ ба фарҳанг, аз ҷумла санъати кино, бештар гардид. Аз ҷумла, Пешвои миллат соли 2001 зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат таъкид сохтанд, ки санъати кино рӯзҳои мушкилтаринро аз сар гузаронда истодааст. Нарасидани кадрҳои болаёқат, куҳна будани таҷҳизот садди роҳи пешрафти соҳа гардидаанд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки соҳибкорон ҳам кинои тоҷикро дастгирӣ кунанд.
Ба гуфтаи Тиллои Некқадам, баъди ин мулоқот барои дастгирии соҳаи кино тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, маблағгузории давлатӣ ба эҳёи тадриҷии он мусоидат намуд. Дар ин замина, ӯ таъкид мекунад:
– Пас аз ин мулоқот, Ҳукумати мамлакат барои дастгирии кино ҳар сол маблағ ҷудо мекард. Санъати кино, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз рушд монда буд, тадриҷан рӯ ба инкишоф овард. Имрӯз агар шумо ба саҳни киностудияи «Тоҷикфилм» дароед, биноҳо таъмир шуда, майдонҳо гулзор, павилйонҳое, ки солҳо ҳамчун анбор хобида буданд, тармим шуда, декоратсияҳои зебо сохтаанд.
Тавре киношинос иброз медорад, дар баробари беҳтар гардидани шароити корӣ, киностудияи «Тоҷикфилм» бо таҷҳизоти муосир низ таъмин шуд. Ҳамзамон, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ барои фароҳам овардани заминаи рушди минбаъдаи кинои миллӣ мусоидат намуданд.
Тиллои Некқадам ба натиҷаҳои ин тадбирҳо баҳои мусбат дода, чунин мегӯяд:
– Имрӯз бо бовар гуфта метавонем, ки кинои тоҷик аз баракати чунин ғамхориҳо босуръат рушд дорад, филмҳои беҳтарини бадеӣ, мустанад, филмҳои кӯтоҳметраж, тасвирӣ ба навор гирифта мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки таҳиягарони мо дар кинофестивалҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо мешаванд. Коргардонҳо Носир Саидов, Далер Раҳматов, Абдулҳай Зокиров, Шарофат Арабова, Муҳаммадрабӣ Исмоилов, Файзулло Файз ва Манзаралӣ Шералӣ филмҳои бадеие ба навор мегиранд, ки мақбули бинандагони сершумор ҳастанд. Аз ҷумла, филмҳои Далер Раҳматов ва Муҳиддин Музаффаров соҳиби якчанд ҷоизаҳои байналмилалӣ гаштаанд.
Ҳамзамон, филмҳои «Дов», «Дар талоши ҳақиқат», «Додараки фариштаҳо», «Бачаи обӣ», «Охирин сайди сайёд» ва дигар асарҳои синамоӣ низ дар муаррифии кинои миллӣ саҳм гузоштаанд. Ба даст овардани ҷоизаҳои байналмилалӣ барои филмҳои тоҷикӣ шаҳодат медиҳад, ки эҷодкорони ватанӣ дар ҷустуҷӯйи мавзуъҳои ҷолиб ва роҳҳои нави баёни бадеӣ қарор доранд. Бо вуҷуди ин, муваффақияти соҳа танҳо бо шумораи ҷоизаҳо муайян намешавад. Сифати сенария, сатҳи ҳунарпешагӣ, касбияти коргардонӣ, имкониятҳои техникӣ ва дастрасии филмҳо ба тамошобин низ аз омилҳои муҳими рушди кино мебошанд.

Яке аз масъалаҳои калидӣ дар ин раванд ҳифзу инъикоси арзишҳои миллӣ аст. Кино метавонад тавассути забон, либос, мусиқӣ, урфу одат, суннатҳои мардумӣ ва тарзи зиндагии қаҳрамонҳо симои фарҳангии миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дар баробари ин, он бояд ба масъалаҳои мубрами ҷомеа низ рӯ оварад: муносибатҳои оилавӣ, тарбияи фарзанд, мушкилоти ҷавонон, муҳоҷират, масъулияти иҷтимоӣ ва муносибати инсон ба муҳити атроф. Маҳз пайванди арзишҳои миллӣ бо масъалаҳои умумиинсонӣ метавонад асарҳои синамоиро барои доираи васеи тамошобинон ҷолиб гардонад.
Дар ин замина, Тиллои Некқадам ҳамкории киностудияҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои хориҷиро яке аз омилҳои муҳими пешрафти соҳа арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд:
– Айни ҳол ҳамкории “Тоҷикфилм” бо киносозони Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Мосфилм”, “Ленфилм”, “Қазоқфилм” ва “Қирғизфилм” хуб ба роҳ монда шудааст. Чанд сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба киносозони ду кишвари дӯсту ҳамсоя пешниҳод карда буданд, ки дар бораи мутафаккирони бузурги тоҷику ӯзбек Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филми бадеӣ ба навор гиранд. Хушбахтона, ин филм ба навор гирифта шуд ва рӯзҳои наздик шоҳиди нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон” хоҳем гашт.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ на танҳо барои истифодаи таҷрибаи кишварҳои дигар, балки барои ҷалби сармоя, такмили маҳорати эҷодӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва тавсеаи бозори намоиши филмҳо аҳамият доранд. Истеҳсоли муштараки филмҳо имкон медиҳад, ки таъриху фарҳанги минтақа, шахсиятҳои барҷаста ва робитаҳои дӯстонаи халқҳо аз нигоҳи бадеӣ инъикос шаванд. Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» намунаи чунин ҳамкорӣ буда, ба зиндагӣ ва дӯстии ду чеҳраи барҷастаи фарҳанги тоҷику ӯзбек бахшида шудааст.
Дар баробари дастовардҳо, соҳаи кинои тоҷик ҳанӯз ба ҳалли як қатор масъалаҳо ниёз дорад. Аз ҷумла, омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои коргардонӣ, сенариянависӣ, муҳаррирӣ ва аниматсия, беҳтар кардани имкониятҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои паҳнкунии филмҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошанд. Дар ин раванд дастгирии ҷавонони эҷодкор аҳамияти махсус дорад. Ҷалби онҳо ба лоиҳаҳои касбӣ, таҷрибаомӯзӣ, омӯзиш дар муассисаҳои бонуфуз ва фароҳам овардани имконияти татбиқи идеяҳои нав метавонад ба пайдоиши насли нави филмофарон мусоидат кунад.
Дар мамлакат Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027 амалӣ мешавад. Ҳадафҳои он рушди инфрасохтори соҳа, таъмини кино бо таҷҳизоти муосир, истеҳсоли филмҳои баландмазмун, омода намудани кадрҳои соҳибихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кино ва ҷалби тамошобинонро дар бар мегиранд. Татбиқи пайгиронаи ин барнома метавонад барои беҳтар шудани сифати маҳсулоти синамоӣ ва тақвияти мавқеи кинои миллӣ дар дохилу хориҷи кишвар замина фароҳам оварад.
Кинои тоҷик тули таърихи худ марҳалаҳои гуногунро паси сар карда, имрӯз низ дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави рушд қарор дорад. Ҳифзи ҳувияти миллӣ, инъикоси воқеияти ҷомеа, ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии эҷодиёти ҷавон метавонанд барои таҳкими ҷойгоҳи он заминаи устувор гузоранд. Муҳим он аст, ки ҳар як филми нав на танҳо маҳсули ҳунарӣ, балки саҳме дар муаррифии таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои маънавии миллати тоҷик бошад.
Рӯзи кинои тоҷик арҷгузорӣ ба заҳмати чандин насли синамогарон, ёдоварӣ аз роҳи тайкардаи соҳа ва андеша дар бораи масъулияти он дар назди ҷомеа мебошад. Кино дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифату завқи эстетикӣ, тарбияи насли ҷавон ва ҳифзи хотираи таърихӣ имкониятҳои бузург дорад. Аз ин рӯ, дастгирии эҷодкорон, омода намудани кадрҳои нав, истифодаи технологияҳои муосир ва таваҷҷуҳ ба мазмуну сифати асарҳо бояд аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи кино боқӣ монанд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
